الحمد لله الذي جعلنا شعوبا وقبائل لنتعارف، ثم جعل التقوى ميزانا للكرامة عنده لنتنافس والصلاة والسلام على أفضل المتقين وأكرمهم عند الله تعالي وعلي آله الأطهار وصحبه الأبرار ومن تبعهم بإحسان من الأخيار جمعنا الله وإياهم في الفردوس الاعلي دار الكرامة والقرار. وبعد:
مَّن يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّهَ ۖ وَمَن تَوَلَّىٰ فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا
Ҳар ки пайғамбарро фармонбардорӣ кунад, пас, ҳамоно Худоро фармонбардорӣ кардааст. Ва ҳар ки эъроз кард, пас, туро бар онҳо нигоҳбон нафиристодаем. Сур 4 Аят 80
Пайравӣ аз суннат ва шеваи зиндагии Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам .
Оё воқеан ба дастуроти он ҷаноб гуш медиҳӣ?!
Ва оё аз он чӣ шуморо барҳазар дошта, дӯрӣ меҷӯӣ?
Вё дар сахтӣ ва роҳатии худ , Паёмбар ва шеваи зиндагии эшонро мади назар дорӣ?
Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам динро дар як калима «Насиҳат» хулоса фармуданд:
«الدين النصيحة», (дин, яъне насиҳат кардан), ёрон ҷӯё шуданд: - Насиҳат ва супориш ба чӣ касе? Эшон фармуданд: - Насиҳат ба Худованд ва Китоб ва Расулаш ва ба сарварони мусалмонон ва омаи мардум!.
Бале! дини Худо иборат аз имон ба Худо ва китобу расулаш ва итоату фармонбардорӣ аз онҳост ва ҳамеша дар канори Паёмбар ва дар роҳи ӯ будан ва бо суннат ва шеваи ӯ зиндагӣ ба сар бурдан, ҳамроҳ бо супоришу насиҳати масъулин ва тамоми афроди ҷомеа.
Мӯъмин тавони сукут бар ҳеҷ лағжишеро надорад , чаро , ки паёмбараш ба ӯ гуфтааст:
«الساكت عن الحق شيطان اخرس», «Ҳар кас бар ҳаққе сукут ихтиёр кунад, шайтону лолу гунг аст».
2. Безорӣ аз душманони Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам.
Дар ғазваи Бадр ду навҷовони маданӣ (Муоз ва Муаввиз) - ро дидем, ки аз Абдурраҳмон бин Авф пурсиданд: «Амакҷон! Абӯҷаҳл кадом якест?!
- Шуморо ба саркардаи куфр , Абӯҷаҳл чӣ кор?
- Шунидем , Паёмбарро дар Макка бисёр озор ва азият додааст, мехоҳем ҳаққашро дар кафи дасташ бигзорем.
Ҳамин ду навҷавони доғдида аз андуҳи дашном ва носазое, ки ҳаққуди нокас солиёни пеш бар Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) раво дошта, чун мурғи хашмгин ба гурбае, ки ба чӯҷаҳояш чашм духта, бар Фиръавни замона тозиданд ва ӯро нақши бар хок карданд!.
Каъб бин Ашраф сармоядор ва шоири бадзабони яҳудӣ дар паи барафрухтани оташи ҷанге буд, ки метавонист дар Мадина хунрезии ваҳшатноке ба бор оварад. На ба номӯси Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) раҳм карда буд ва на ба ҳаққи шаҳрвандӣ. Тамоми мисоқҳо ва муоҳадотро низ зери пои худ қарор дода буд. Муҷрими ҷангӣ ба тамоми маънои калима, то ба он ҷо, ки уқёнуси сабри Паёмбар лабрез шуд ва ишора фармудан: «Кӣ шарри Каъб бин Ашрафро аз сари мо дӯр месозад?».
Абӯноила , бародари ширии Каъб ва Муҳаммад бин Маслама хоҳарзодаи ӯ, масъулияти ин амалиётро ба ҷону дил хариданд.
Муҳаббат ва ишқе, ки дар фазои он, диёнат ва имон бар отифа ва эҳсосот ғолиб бошад, аломати дӯстии Худо ва Паёмбар аст.
"قُلْ إِن كَانَ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُم مِّنَ اللَّـهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُوا حَتَّىٰ يَأْتِيَ اللَّـهُ بِأَمْرِهِ ۗ وَاللَّـهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ". ﴿التوبه/٢٤﴾
«Бигӯ: агар падарону фарзандон ва ҳамсарону хешовандон ва амволе, ки фароҳам овардаед ва тиҷорате, ки аз беравнақӣ ва касодии он метарсед ва хонаҳое, ки ба онҳо дил бастаед, назди шумо аз Худо ва Паёмбараш ва ҷиҳод дар роҳи ӯ маҳбубтар бошад, пас мунтазир бимонед, то Худо фармони азобашро биёварад ва Худо гуруҳи фосиқинро ҳидоят намекунад».
3. Эҳтиром ва баҳо додан ба суханони Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам).
Калом ва сухани Қуръону Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам тоҷи сари мӯмин аст.
Чӣ зоеъ ва бечора аст, касе, ки ба хотири сухани мансуб ба шайху устод ва валию имоме , гуфтори Худо ва Расулашро ба замин мезанад!.
4. Ба намоиш гузоштани шавқу алоқаи бемонанд дар пайравӣ ва ишқ варзидан ба Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам).
Ин дараҷа аз муҳаббат он чунон дар ёрони Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ) таҷаллӣ карда буд, ки таърих тафсире ҷуз фано шудани комил дар маънои тоат ва фармонбардориро барои он намеёбад. Абӯбакру Умаре , ки тамоми роҳи даъватро қадам ба қадам бо Паёмбар сипарӣ карданд , то ба рӯзи ҳашр дар канори эшон хуфтаанд.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) дар хонаи ҳамсари маҳбубаш Ойша (р), дар ҳоле, ки сараш ба синаи Ойша буд, ҷон ба ҷонофарин таслим кард. Абӯбакр (р) дар канори ӯ дафн гардид ва чун ханҷари Абӯлӯлӯи Маҷӯсӣ ҷоми шаҳодат дар колбати Умар (р) холӣ намуд, аз модари мӯминон; Ойша дархост намуд, иҷоза диҳанд дар канори маҳбубашон дафн гарданд. Қалби бузурги модар тавони чунин исор ва аз худгузаштагиро дошт. Ойшаи модар қабреро, ки барои худ орзӯ мекард, ба Умар бахшид ва чунин буд, ки ёрони ҳамешаи зиндагӣ, ҳамроҳони сафарнома қабр шуданд.
Ва чун Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) аз ҷаҳон реҳлат намуд, муҳаббати рисолат ба гулуи Билол чанг зад ва тавони азонро аз ӯ салб кард. Билол то ба «اشهد ان محمدا رسول الله» дар азон расид, буғз гулуяшро ба шиддат фишурд ва ашкҳои муҳаббат аз чашмонаш сарозер шуд. Гирён ва парешон даст ба домони халифаи мӯминон Абӯбакри Сиддиқ ёрӣ ғори Мустафо (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) шуд ва аз эшон маъзарат хоста гуфт: - Ман дар дунёе , ки ҳабибам дар он набошад, тавони азон гуфтан надорам ва ҳатто тавони зистан дар шаҳре, ки ҳар лаҳзааш бароям хотираи азизаст, дар ман нест!.
Ва чун мусалмонон Байтулмуқаддасро фатҳ карданд, тамоми Саҳобаро орзӯ бар ин буд, то бори дигар азони Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам)ро аз забони булбули он мақом Билол хушалҳон бишнаванд , даст ба домони халифаи рисолат Умар бин Хаттоб шуданд , то ба Билол дастӯр диҳад!.
Умарро чӣ тавони дастӯри Билол қалби ҷилододашудаи Паёмбар дар колбади кабуд!..
Умар аз Билол дархост кард.
Ва Билолро чӣ тавони дасти рад задан бар синаи Умар; ёр ва азизи Паёмбар, ки ӯро Форӯқ ва мизони ҳақу ботил ном ниҳод!.
Билол нидо баровард: «الله اكبر.. الله اكبر» ва чун шаҳодат ва гувоҳии тавҳиди Парвардигорро нидо зад ва ба шаҳодат бар нубувати Паёмбар ва азизу маҳбубаш расид садои Билол дарҳам шикаст, гиря ва ашки Билол ҳамон ва гиряву ашк ва навҳаи ёрони Расули Худо ҳамон!.. гӯё бӯи Паёмбар, рӯҳи Паёмбар, нафас ва гармои дами Паёмбар бори дигар дар тамоми ҷо эҳсос мешуд.
Ва гӯё лаҳзаи фироқи Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) бори дигар дар азҳони Саҳоба ва дар фазои атроф зинда шудааст.
Ҳамин Билол чун дар бистари марг афтода буд , ҳамсарашр гиря мекард ва дод мезад: «وا حزناه», чӣ ғаму андӯҳест моро!.
Ва Билол лабханд бар лабон мегӯфт: на! бигӯ чӣ саодату хушбахтист маро! фардо Муҳаммад ва ёронашро дар оғӯш мегирам..
Дар сулҳи Ҳудайбия чун Усмон ба унвони сафири Паёмбар ба Макка ворид шуд ва чашмони муштоқаш ба Хонаи Худо хира шуда буд, дили хешовандони мушрикаш ба ҳолаш сӯхта ба ӯ гуфтанд: - Иҷоза медиҳем биравӣ тавофи Хонаро ба ҷо оварӣ.
Ҷавоби Усмон ларза бар андоми онҳо андохта, мӯйҳоро бар танашон сих кард чӣ тавр имкон дорад бидуни Паёмбар ва маҳбубам тавоф кунам?!
Ва чун шоеъаи кушта шудани Усмон аз сӯи лашкари ширк дар байни мӯминон мунташир шуд, Паёмбар Саҳобаро барои байат ба зерри дарахти Ризвон фаро хонд.
Абӯсинони Асадӣ аввалин касе буд, ки қабл аз эълони бандҳои байат дасти Паёмбарро барои байат гирифт. Паёмбари Худо бо тааҷҷуб пурсид: Абӯсинон! бар чӣ байат мекунӣ? ошиқ ва маҳбуби Паёмбар билодаранг гуфт: бар он чӣ дар дили туст эй Расули поки Парвардигор!
Ва чун финтаафрӯзони сияҳдил халифаи Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) Усмони Зиннурайрро дар муҳосира доштанд, ишқу муҳаббати шоёни Усмон Паёмбари Худоро ба хоби ӯ овард, то ба ӯ бигӯяд: агар бо шӯришиён дарафтӣ, бар онҳо ғолиб хоҳӣ шуд. Аммо агар онҳоро ба ҳоли худ раҳо кунӣ, рӯзаатро бо мо ифтор хоҳӣ кард. Ошиқи маҳбуб аз ҷону хуни худ гузашт ва ифтор бо Паёмбарро ба тамоми чиз баргузид!..
Зиндагии Саҳоба ва дӯстию муҳаббати онҳо ба Паёмбар партавест аз омӯзаҳое, ки метовонад рӯҳи муҳаббат ва дӯстиро дар мо шуълавартар созад.
5. Итоат ва фармонбардорӣ аз Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам.
Итоат аз Паёмбар таҷлилгоҳи муҳаббат ва дӯстиии Худованди мутаол аст.
"قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ اللَّـهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللَّـهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ ۗ وَاللَّـهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ". ﴿ال عمران/٣١﴾
«Бигӯ: агар Худоро дӯст доред, маро пайравӣ кунед, то Худо ҳам шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмӯрзад ва Худо бисёр омурзанда ва меҳрубон аст».
Бисёре аз мушкилоти зиндагии иҷтимоии мо ношӣ аз фуқдони рӯҳи муҳаммадӣ дар ҷомеаи мост. Агар рӯҳи Паёмбари Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) ва муҳаббати эшон дар зиндагии мо вуҷуд дошта бошад, дар шодӣ ва ғам, хона ва кор, ахлоқ ва бархурд, сафар ва диду боздид ва дар тамоми мароҳили зиндагиамон Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) ва шеваю равиш ва одобу ахлоқи эшонро дошта бошем, бидуни шак зиндагии бисёр ширин ва босаъодате хоҳем дошт, магар ин нест, ки Худованд вуҷуди Паёмбар ва дархости бахшиш ва истиғфор аз зоти поки якторо сади роҳи азоби Илоҳӣ қарор додааст.
"وَمَا كَانَ اللَّـهُ لِيُعَذِّبَهُمْ وَأَنتَ فِيهِمْ ۚ وَمَا كَانَ اللَّـهُ مُعَذِّبَهُمْ وَهُمْ يَسْتَغْفِرُونَ". ﴿الانفال/٣٣﴾
«Худо бар он нест, ки ононро дар ҳоле, ки ту дар миёни онон ба сар мебарӣ, азоб кунад ва то эшон талаби омӯрзиш мекунанд, Худо азобкунандаи онон нахоҳад буд». Сура Анфол аят 33
Фармонбардорӣ аз Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) дар ҳақиқат итоат ва фармобардорӣ аз Худованди мутаол аст. Қуръони Карим мефармояд:
"مَّن يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّـهَ ۖ وَمَن تَوَلَّىٰ فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا". ﴿النساء/٨٠﴾
«Ҳар, кӣ аз Паёмбар итоат кунад, дар ҳақиқат аз Худо итоат карда ва ҳар касе рӯй битобад (ҳисобаш бо мост), мо туро бар онон нигоҳбон (аъмолашон, ки ба таври иҷборӣ аз фисқу фуҷур ҳифзашон кунӣ) нафиристодем». Сура Ниса аят 80
Ва Худованд дастӯр дода дар тамоми авомир ва навоҳӣ пайрави Паёмбари хотам бошем:
"...وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّـهَ ۖ إِنَّ اللَّـهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ" ﴿الحشر/٧﴾
«Ва он чиро Паёмбар ба шумо ато кард, бигиред ва аз он чӣ шуморо наҳй кард, боз истед ва аз Худо битарсед, зеро Худованд сахткайфар аст».
Сура Ҳашр аят 7
Қуръон аз сарпечии авомиру дастуроти Паёмбар ба шиддат барҳазар доштааст:
"...فَلْيَحْذَرِ الَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنْ أَمْرِهِ أَن تُصِيبَهُمْ فِتْنَةٌ أَوْ يُصِيبَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ". ﴿النور/٦٣﴾
«... пас бояд касоне, ки аз фармонаш сарпечӣ мекунанд, барҳазар бошанд аз ин, ки балое (дар дунё) ё азоби дарднок (дар охират) ба эшон расад».
Сура Нур аят 63
Ва Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) ба вузуҳ ва равшанӣ баён дошта, ки тамоми уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе, ки худ нахоҳад. Ёрон фармуданд ва кист, ки аз рафтан ба биҳишт ибо варзад? Эшон фармуданд: ҳар кас аз ман итоат ва фармонбардорӣ кунанд, дохили биҳишт мешавад ва ҳар кас аз ман сарпечӣ кунад, аз рафтан ба биҳишт ибо варзидааст».
6. Дӯрӣ аз ҳар он чӣ бӯи ширку бидъат ва хурофоту ибодати ғайри Худо медиҳад, аз нишонаҳои муҳаббати Паёмбари акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) аст.
Дароз кардани дасти зорӣ ва розу ниёз ва ибодат дар муқобили қабрҳо ва имомзодаҳову авлиё ва имомону Паёмбарон, захмест бар колбади тавҳид ва яктопарастӣ.
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) дар охирин лаҳазоти умраш борҳо тавсия мекунанд, ки қабри маро мазор қарор мадиҳед ва ҳақиқати бандагӣ ва бардагиро дар муқобили мақоми волои улуҳият ва худоӣ ба дурустӣ мушаххас намуданд. Тавҳиду яктопарастӣ зубдаи (асос ва мағзи) даъвати эшон буд ва бидун шак кӯчактарин иштибоҳе дар ин боб эшонро ба шиддат хоҳад озурд.
7. Шукру сипоси Парвардигор бар мабъаси Расули хотам ва вилодати фархундаи он Мақоми воло, шоҳидест дигар бар баёни муҳаббат ва дӯстиии мо.
Албатта ин шукру сипос бояд ба мабнои ризоят ва хушнӯдии худи Паёмбар ва бар шеваи зиндагии худашон бошад.
Имом Исҳоқ ибни Роҳавия (алайҳи раҳматуллоҳ) мегӯяд:
من بلغه عن رسول الله صلى الله عليه وسلم خبرٌ يُقرُّ بصحته ثم رده بغير تقية فهو كافر.
"Ҳар шахсе, агар хабаре (ҳадисе) аз Паёмбар барояш расад, ки ба саҳеҳ будани он иқрор аст, ва сипас бидуни тақия (яъне бидуни ҳолати маҷбурӣ) онро радд кунад, ин гуна шахс кофир аст".
Суютӣ (алайҳи раҳматуллоҳ) гуфтааст:
اعلموا رحمكم الله أنَّ مَن أنكر كون حديث النبي صلى الله عليه وسلم - قولا كان أو فعلا بشرطه المعروف في الأصول - حجة كفر ، وخرج عن دائرة الإسلام ، وحشر مع اليهود والنصارى أو من شاء من فرق الكفرة.
"Бидонед Аллоҳ шуморо раҳмат кунад! Ҳар шахсе ҳуҷҷат будани ҳадиси Паёмбарро (хоҳ қавлӣ бошад ва хоҳ феъл, бо шартҳои маъруфе ки дорад), инкор кунад, кофир шудааст ва аз доираи ислом берун гаштааст. Ва ҳамроҳи яҳуду насоро маҳшур мешавад, ё ҳар фирқаи кофире ки хоҳад".
(Мифтоҳул-ҷаннаҳ, фил-иҳтиҷоҷи бис-суннаҳ, саҳ. 14).
Ва аллома Ибнул Вазир гӯяд:
التكذيب لحديث رسول الله صلى الله عليه وسلم مع العلم أنه حديثه كفر صريح.
"Бовар накардани ҳадиси Паёмбар, бо донистани инки ҳадиси Паёмбар аст, куфри ошкор мебошад". (ал-Ъавосим вал-Қавосим, 2/274).
Ончӣ гуфтем, дар мавриди инкор кардани субути ҳадиси саҳеҳ буд. Аммо инкори мазмуни ҳадис, дигар масъала ҳаст, ки бояд тааммул карда шавад. Агар аз масоили "маълум биз-зарура" бошад, пас мункири ин мазмун кофир аст (Аллоҳ паноҳ диҳад!), ва ғайри ин сурат кофир намешавад.
Хулоса, агар ҳадисе аз Паёмбар собит шавад, пас қабули он ва амал кардан ба муқтазои он воҷиб аст!
Фарқ надорад, ки субути он аз тариқи оҳод аст, ё ки тавотур. Ва ҷоиз нест инкор кардани он, ва радд кардани он ба ҳеҷ ҳуҷҷате. Валлоҳу аълам». (Фатвои рақами 11128).
Ва дар ин мавзуъ шайх Солеҳ Мунаҷҷид мегӯяд:
«Суннати набавӣ, масдари дуввуми қонунгузории исломист. Ваҳйи илоҳӣ бар Паёмбар нозил мешуд бо Суннат, чӣ тавре ки бо Қуръон нозил мешуд. Чӣ тавре ки Худованд баён кардааст:
(وَمَا يَنْطِقُ عَنِ الْهَوَى . إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَى). النجم/3-4.
"Ва аз рӯи ҳавову худсарона сухан намегӯяд. Балки ин (Қуръон) ваҳйу паёмест, ки бар ӯ ваҳй мешавад". (Сура Наҷм аят 3-4).
Ва Худованд ҳатмӣ гардонидааст бар муъминин, пурра таслим шуданро ба сухани Паёмбар ва ҳадису ҳукмаш. Ҳатто инки Худованд ба худ қасам ёд кардааст, ки агар шасхе сухани Паёмбар бишнавад ва радд кунад, имоне надорад:
(فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ حَتَّى يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لَا يَجِدُوا فِي أَنْفُسِهِمْ حَرَجًا مِمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُوا تَسْلِيمًا). النساء/65.
"На! Ба парвардигорат савганд, ки онон муъмин ба шумор намеоянд, то туро дар дар ихтилофу низоъҳои худ ба доварӣ наталабанд, ва сипас малоле дар дили худ аз доварии ту надошта ва комилан таслими (қазовати ту) бошанд". (Сура Нисо аят 65).
Дар асоси ин далелҳо, миёни аҳли илм иттифоқ аст, бар ин ки шахсе ҳуҷҷияти суннатро умуман инкор кунад, ё ки ҳадиси Паёмбарро бовар накунад (дар ҳоле медонад ки сухани Паёмбар аст), пас кофир аст. Ҳеҷ зарре аз ислом ва таслим ба Аллоҳу расулашро риъоят накардааст.».
(Фатвои рақами 115125).
Имом Аҳмад (раҳматуллоҳи алайҳ) фармудааст:
من رد حديث رسول الله صلى الله عليه وسلم فهو على شفا هلكة .
"Ҳар шахсе ки ҳадиси Расул (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам)-ро радд кунад, дар партгоҳи ҳалокат мебошад".
Он чӣ дар боло гуфта шуд, дар мавриди инкори ҳадис буд, ки ошкор суннатро инкор кардаву аҳодиси набавиро радд мекунанд. Ва ҳамчунин навъи дигаре аз инкоркарданҳо вуҷуд дорад, ки аҳли бидъат аз қадим онро истифода кардаанд.
Абу Бакри Халлол (234 – 311ҳ.) дар китоби «Суннат»-и хеш овардааст:
أَخْبَرَنَا مُحَمَّدُ بْنُ عَلِيٍّ الْوَرَّاقُ , قَالَ : حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ إِسْمَاعِيلَ التِّرْمِذِيُّ , قَالَ : سَمِعْتُ الْحَسَنَ بْنَ الْبَزَّارِ , يَقُولُ : جَاءَ رَجُلٌ إِلَى الْمِرِّيسِيِّ , فَقَالَ : يَا أَبَا عَبْدِ الرَّحْمَنِ , أُذَاكِرُ أَصْحَابَ الْحَدِيثِ , فَكُلَّمَا ذَكَرُوا الْحَدِيثَ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ رَدَدْتُهُ . قَالَ : يَقُولُونَ : أَنْتَ كَافِرٌ . قَالَ : صَدَقُوا . إِذَا ذَكَرُوا الْحَدِيثَ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ , فَرَدَدْتَهُ , يَقُولُونَ : أَنْتَ كَافِرٌ . قَالَ : فَكَيْفَ أَصْنَعُ . قَالَ : إِذَا ذَكَرُوا حَدِيثَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قُلْ : صَدَقْتَ , ثُمَّ اضْرِبْهُ بِعِلَّةٍ , فَقُلْ : لَهُ عِلَّةٌ.
«Ҳасан ибни Баззор мегӯяд: - Марде назди Бишри Марисӣ (яке аз сарони аҳли бидъат, ки маъруф аст) омаду гуфт: Эй АбуАбдур-Раҳмон, бо аҳли ҳадис (аҳли суннат) гуфтугӯй ва мунозара мекунам, ва ҳар боре ки ҳадисе аз Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) зикр кунанд , радд мекунам.
Мегӯянд: - Ту кофир ҳастӣ. Бишри Марисӣ гуфт: - Бале, дуруст мегӯянд!...
Гуфт: - Пас чӣ кор кунам?
Бишри Марисӣ гуфт: - Агар ҳадисе аз Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) зикр кунанд , бигӯй: Рост гуфтӣ!
Сипас бо иллате он ҳадисро бизан.
Бигӯй: Ин ҳадис , иллате дорад!».
("Суннат", Халлол, рақами 1734).
Аллоҳу аъламу биссаваб.
بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.
Абӯ Муҷоҳид Хуросонӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев