الحمدُ لله الذي أخرجنا من الظلمات إلى النُّور ومن عبادة العباد إلى عبادة ربِّ العباد ومن ضيق الدُنيا إلى سعة الدُنيا والآخرة ومن جور الأديان إلى عدل الإسلام.
{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ}
"Эй мӯминон! Чунон, ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле ки мусалмон бошед". Сура 20 Аят 69
Ҳукми сеҳру фолбинӣ .
Вақтҳои охир ҷодӯгарону фолбинон бе ниҳоят бисёр шудаанд , ки даъвои табиб буданро доранд ва мардумро тавассути сеҳру фолбинӣ муолиҷа мекунанд. Биноан ин аз боби насиҳат хостам бандагони Худоро огоҳ созам, ки то чӣ андоза ин кор бар ислому мусалмонон хатари ҷиддӣ дорад, чун дар ин амр корҳое вуҷуд дорад, ки мутааллиқ ба ғайри Худо ва мухолифи фармони Ӯ ва расулаш аст.
Аз назари тамоми уламо, табобат ва муолиҷа намудан дуруст аст, зеро бемор метавонад назди духтур равад, то ӯ маризиашро ташхис намуда, мувофиқи даъвои дардаш дорӯ ва давоҳое, ки аз назари ислом мубоҳанд , пешкаш намояд.
Зеро ин амр, (яъне назди духтур рафтан) чанг задан ба асбобҳои оддӣ мебошад , ки бо таваккул бар Аллоҳ ҳеҷ зиддият ва мухолифате надорад.
Аллоҳ дардеро дода бошад , даъвои ӯ - ро низ додааст , аммо на тавассути малҳамҳои ҳаром.
Аз Абу Ҳурайра разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
Аллоҳ ҳеҷ бемориеро нафиристода , ва магар шифои онро низ фиристодааст. (Бухорӣ № 5678)
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ :
" مَا أَنْزَلَ اللَّهُ دَاءً إِلَّا أَنْزَلَ لَهُ شِفَاءً "
Аз ин лиҳоз дуруст нест барои бемор назди фолбинон рафтан , ки онҳо даъвои дидани чизҳои аз чашм пинҳон бударо доранд ва ҳадс мезананд , ки бемории ӯро барояш бозгў намоянд. Аммо дуруст нест барои ӯ тасқдик кардани он чи , ки фолбинон ба ӯ мегўянд , зеро онҳо бо як гумони беасос сухан мекунанд , ё ҷинҳоро ҳозир намуда, аз эшон талаби ёрӣ бар он чӣ, ки мехоҳанд мекунанд. Ин кор қатъиян ҳаром аст. Ҳукми эшон куфру гумроҳист, агар даъвои донистани оянда ва ғайб кунанд.
Аз Имрон ибни Ҳусайн разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:Паёмбар (с) ривоят карда, ки фармуданд:
وعن عمران بن حصين رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم ليس منا من تطير أو تطير له، أو تكهن أو تكهن له، أو سحر أو سحر له، ومن أتى كاهناً فصدقه بما يقول فقد كفر بما أنزل على محمد صلى الله عليه وسلم
((رواه البزار بإسناد جيد.
«Аз мо нест шахсе, ки фол кушояд ё назди фолкушо равад, ё фолбинӣ кунад ё назди фолбин равад ва ё худ сеҳр кунад ё назди соҳир равад. Шахсе назди фолбин рафта, гуфтаҳои ӯро тасдиқ намояд, ба таҳқиқ кофир шудааст, бар он чӣ, ки бар Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ) нозил шудааст. ( Ривояти Баззор ривоя кардааст бо санади хуб)
Дар ин ҳадиси шарифа аз ҷониби Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам наҳй ворид шуда, ки назди фолбину соҳир ва амсоли он рафтан ва суол ё тасдиқ кардани қавли онҳо дуруст нест. Воҷиб он аст, ки бар валии амр ё шахси қудратманд саъю талош намоянд барои аз байн бурдани ашхосе, ки фолбинӣ ва пешгўӣ ё худ даъвои донистани илми ғайбро мекунанд, онҳоро нагузоранд, ки ба манзили мардум ва ба дўконҳову ҷойҳои ҷамъиятӣ дохил шаванд. Зеро Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам рафтани назди онҳоро ва суол ё тасдиқ кардани қавли онҳоро наҳй карданд ва дар ин кор (назди фолбин рафтан, суол ё тасдиқ кардани қавли онҳоро) мункар, хатари бузург ва оқибати бад доштани онро гушзад намудааст. Онҳо каззобу фоҷир ва бадкор мебошанд, тавре, ки дар ин ҳадис ишора шудааст бар кофир будани соҳиру коҳин, чун эшон даъвои илми ғайб мекунанд,ки чунин даъвоҳо куфр аст, зеро онҳо ба мақсади худ расида наметавонанд, ҷуз бо ёрии ҷин ва ибодат намудан барои онҳо ғайр аз Аллоҳ Таъоло, ин куфр ва ширки ошкоро бар Аллоҳ аст.
Нафаре қавли онҳоро тасдиқ намоянд ӯ низ таҳти ҳукми онҳо дохил мегардад. Ҳар кас, ки ба ин амал даст занад Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ) аз ӯ безор аст. Барои шахси мусалмон ба чунин амал даст задан дуруст нест, мисли бо қарта ва чубчапартоӣ ё тиррезӣ ва дигару дигар аз хурофотҳо. Ҳамзамон фолбинӣ ва талбис ба шумор меравад, пас касе розӣ шавад, афъоли эшон дар куфру ботили онҳо дасти ёрӣ дароз намудааст. Инчунин дуруст нест барои шахси мусалмон назди онҳо рафтан, аз онҳо суол кардан: Дар оянда ё ба зудӣ духтар ё писари ман бо чӣ касе издивоҷ мекунад, байни онҳо чӣ иттифоқоте рўй хоҳад дод, оё бо муҳаббату дўстӣ ва вафодорӣ зиндагӣ хоҳанд кард ё бо ҷангу ҷидол ва кашмакашиву душманӣ?
Чунини амалҳо ғайб буда, ба ҷуз Аллоҳ касе ғайбро намедонад. Сеҳр аз корҳои ҳаром гардондаи Худо мебошад, тавре, ки Худованд худ баён менамояд:
وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّى يَقُولا إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلا تَكْفُرْ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِ بَيْنَ الْمَرْءِ وَزَوْجِهِ وَمَا هُمْ بِضَارِّينَ بِهِ مِنْ أَحَدٍ إِلا بِإِذْنِ اللَّهِ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمْ وَلا يَنْفَعُهُمْ وَلَقَدْ عَلِمُوا لَمَنِ اشْتَرَاهُ مَا لَهُ فِي الْآخِرَةِ مِنْ خَلاقٍ وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ .
«Ва аз афсуне, ки девҳо ба рӯзгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта: –Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду ба ҳар кас, ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, мегуфтанд: «Кори мо фитна аст, мабодо кофир шавӣ». Ва мардум аз он ду ҷодуҳое меомӯхтанд, ки метавонистанд миёни зану шӯй ҷудоӣ афкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомӯхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он ҷодўро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурӯхтанд, агар медонистанд!» (Сура Бақара аят яти 102)
Ин оят далолат бар он мекунад, ки сеҳр куфр буда, соҳирон байни зану шаваҳар ҷудоӣ меафкананд, инчунин оят далолат мекунад, ки худи сеҳр зарар ё нафъе расонида наметавонад, магар бо изну иродаи Парвардигор, зеро Худованд офарандаи некиву бадӣ аст, чизе аз иродаи ў хориҷ намешавад. Шахсоне ин корро таълим гирифтаанд, хеле зарар дошта, бо ин корашон мардуми камақлу бефаҳмро фиреб медиҳанд, пас инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун ва ҳасбуналлоҳи ва неъмал вакил. Ва инчунин ин оят далолат мекунад, ки шахсоне, ки сеҳрро таълим мегиранд, ба худи онҳо зарар мерасаду нафъе нахоҳад дошт ва назди Худованд барояшон дар ин дунё ва охират ҳеҷ гуна насибае вуҷуд надорад, аз ҷумлаи зиён дидагон мебошанд, Худованд онҳоро бо ин суханаш паст шуморид:
وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا بِهِ أَنْفُسَهُمْ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ ]2
«Худро ба бад чизе фурӯхтанд, агар медонистанд!»
Аз даргоҳи Худованд, аз шарри соҳирону фолбинон ва аз тамоми афсунгарон офият ва саломатиро мепурсем. Амин.
Боб андар мавзӯи коҳинӣ ва монанди он
1). Тасдиқи коҳин ва имони ба Қуръон дар як дил ҷамъ намешаванд.
2). Ошкор кардан бар ин ки ин амал куфр аст.
3). Ҳукми шахсе ки барояш коҳинӣ карда шавад.
4). Ҳукми шахсе ки барояш ба парвози паранда фол гирифта шавад.
5). Ҳукми касе ки барои ӯ ҷоду бикунанд.
6). Ҳукми касе ки абҷадро таълим бигирад.
7). Фарқ байни коҳин ва арроф.
Аз баъзе занҳои Паёмбари Худо разиялЛоҳу анҳунна ривоят аст ки:Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
- Шахсе ки ба назди фолбин омада аз Ӯ чизе бипурсад , чил рӯза намозаш қабул намешавад. ( Саҳеҳ Муслим № 2230)
عَنْ بَعْضِ أزْواجِ النبيِّ رضي اللَّه عنْهَن عَنِ النبيِّ صلى الله عليه وسلم قَال:
« مَنْ أتَى عَرَّافاً فَسأَلَهُ عنْ شَىْءٍ، لَمْ تُقْبلْ لَهُ صلاةٌ أرْبَعِينَ يوْماً »
(رواه مسلم).
Аз Абӯҳурайра разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
- Касе назди коҳине равад, пас гуфтаи ӯро тасдиқ намояд, ба он чизе, ки бар Муҳаммад Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам нозил шудааст ( Қуръон) кофир шудааст. (Ривояти Абӯдовуд)
Абӯдовуд , Насоӣ , Тирмизӣ , ибни Моҷа ва Ҳоким аз Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят карданд ва Ҳоким фармуд , ин ҳадис бар шарти Бухорию Муслим саҳеҳ аст: Касе назди фолбин, ё коҳине равад , сипас гуфтаи ӯро тасдиқ намояд , ба он чизе ки бар Муҳаммад Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам нозил шудааст ( Қуръон) кофир шудааст.
Аз Абу Мусо разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд: - Се гурӯҳ дохили Ҷаннат намешаванд.
1). Зане ки шароб менӯшад.
2). Шахсе ки хешутаборияшро қатъ мекунад.
3). Шахсе ки ба ҷодӯгар бовар мекунад.
(Ривояти Аҳмад, 399/4).
Ва Абӯяъло ба санади ҷайид (хуб) аз ибни Масъуд разияллоҳу анҳу мисли онро ба таври мавқуф ривоят кардааст.
Аз Имрон ибни Ҳусайн ба таври марфӯъ ривоят аст, ки «Аз мо нест касе ки фол бигирад, ё барои ӯ фол гирифта шавад, ё коҳинӣ бикунад, ё барои ӯ коҳинӣ карда шавад, ё ҷоду бикунад ва ё ба хотири ӯ ҷоду карда бишавад. Ва ҳар кас назди коҳине биравад ва гуфтаҳои ӯро тасдиқ бикунад, бо ин кор ба он чи бар Муҳаммад Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам нозил шуда (Қуръон) кофир шудааст». (Баззор ба исноди ҷайид ривоят кардааст)
Албатта ин ривоятро Табаронӣ ба исноди ҳасан аз ибни Аббос разияллоҳу анҳу бегуфтаи « Ҳар кас равад» то охираш ривоят карда аст.
Бағавӣ мегӯяд: - Арроф касе аст, ки даъво мекунад , ки ба баъзе муқаддимаҳо ҳуҷҷатоварӣ карда моли дӯздишуда ва ҷои моли гумшуда ва монанди онро медонад.
Гуфта шудааст, ки арроф ҳамон коҳин аст ва коҳин касе аст, ки аз корҳои оянда хабар медиҳад.
Ва гуфта шудааст, ки касест, ки ба гумони худ аз асрори қалб хабар медиҳад.
Абулаббос ибни Таймия раҳимаҳуллоҳ мегӯяд:
- Арроф , коҳин , мунаҷҷим , раммол (касе, ки дар рӯи рег хат мекашад) ва монанди онҳо касоне ки аз корҳои ғайб ва пӯшида сухан мегӯянд , гуфта мешавад.( ин гӯрӯҳ шахсон ба таҳқиқ кофир ва аз миллати ислом хориҷ ҳастанд).
Фармудаи Аллоҳ таъоло:
Ба таҳқиқ медонистанд ҳар касе харидорӣ ингуна матоъ бошад, дар охират баҳрае нахоҳад дошт. Сура Бақара аят 102
Ва фармудаи Аллоҳ таъоло:
أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ أُوتُوا نَصِيبًا مِّنَ الْكِتَابِ يُؤْمِنُونَ بِالْجِبْتِ وَالطَّاغُوتِ وَيَقُولُونَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا هَٰؤُلَاءِ أَهْدَىٰ مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا سَبِيلًا
Оё касонеро надидӣ, ки баҳрае аз Китоб дода шудаанд, ба буту маъбуди ботил ( Тоғут) имон меоваранд ва дар ҳаққи кофирон мегӯянд, ки онҳо аз мӯъминон роҳёбандатаранд. Сура Ниса аят 51
Умар разияллоҳу анҳу ҷибтро сеҳр ва тоғутро шайтон маънидод кардааст.
Ҷобир разияллоҳу анҳу мегӯяд: - Тавоғит ба ғайбгӯёне гуфта мешавад , ки шайтон назди онон мерафт ва дар ҳар минтақа
якто вуҷуд дорад.
Аз Абу Ҳурайра разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
- Аз ҳафт чизи ҳалокиовар дурӣ биҷӯед!
Саҳобаҳо гуфтанд: - Он ҳафт чи ҳастанд?
- Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
1). Шарик овардан ба Аллоҳ.
2). Ҷодугарӣ (сеҳр) намудан.
3). Куштори ноҳақ.
4). Рибо ( Процент) хӯрдан.
5). Моли ятимро хӯрдан.
6). Аз майдони ҷанг ( Ҷиҳод) гурехтан.
7). (Ба зинокорӣ) туҳмат намудани занҳои
покдоману муъминаву бехабар ( аз ин
туҳмате , ки нисбат ба онҳо намудаанд ).
( Саҳеҳ Бухорӣ № 2766 Саҳеҳ Муслим № 89 )
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ :
" اجْتَنِبُوا السَّبْعَ الْمُوبِقَاتِ ، قَالُوا : يَا رَسُولَ اللَّهِ ، وَمَا هُنَّ ، قَالَ :
الشِّرْكُ بِاللَّهِ ، وَالسِّحْرُ ، وَقَتْلُ النَّفْسِ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلَّا
بِالْحَقِّ ، وَأَكْلُ الرِّبَا ، وَأَكْلُ مَالِ الْيَتِيمِ ، وَالتَّوَلِّي يَوْمَ
الزَّحْفِ ، وَقَذْفُ الْمُحْصَنَاتِ الْمُؤْمِنَاتِ الْغَافِلَاتِ "
(متفق عليه)
Ҳукми ҷодугар!
Ҷобир разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
Ҳадди ҷодугар ин аст, ки гарданаш бо шамшер зада шавад. (Тирмизӣ 1460)
Ва аз Баҷола ибни Абда ривоят аст, ки Умар разияллоҳу анҳу номае навишт ва дар он дастур дод, ки ҳамаи мардон ва занони ҷодугарро бикушед. Баҷола мегӯяд:
- Мо баъд аз ин дастурашон се ҷодугарро куштем. (Саҳеҳи Бухорӣ)
Ва аз Ҳафса разияллоҳу анҳо ривоят аст, ки дастур ба куштани канизе дод , ки ӯро ҷодӯ карда буд.
Ва инчунин аз Ҷундуб ривояти саҳеҳ аст, ки имом Аҳмад гуфт:
- Аз се саҳобаи Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ривоят аст, ки чунин фатво додаанд.
Имом Аҳмад гуфт: - Ба мо Муҳаммад ибни Ҷаъфар ҳадис гуфт, ба мо Авф аз Ҳайён ибни Ало ҳадис гуфт, ба мо Қатан ибни Қабиса аз падараш ривоят намуд , ки ӯ Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассалламро шунавид , ки фармуд:
- Ба таҳқиқ иёфа, тарқ ва тияра аз ҷумлаи ҷибт (ҷоду) аст.
Авф мегӯяд: - Иёфа парандаеро ба парвоз даровардан ва тарқ ба рӯи замин хатҳо кашидан аст.
Ҳасан мегӯяд: - ҷибт Садои шайтон аст. Санади ин ривоят ҷайид аст. Ва дар Сунани Абӯдовуд, Насоӣ ва ибни Ҳиббон низ омадааст.
Аз ибни Аббос разиялЛоҳу анҳу ривоят аст, ки Расулуллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуд:
- Ҳар кас бахше аз илми нуҷумро аз худ намояд, дар воқеъ бахше аз сеҳру ҷодуро аз худ намудааст.
Ва ҳар чанд зиёд аз худ намояд ҳамон миқдор ҷодӯро аз худ карда аст.
(Ривояти Абӯдовуд ва санадаш саҳеҳ аст)
Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят кард, ки ҳар кас дар гиреҳе бидамад сеҳр кардааст ва касе , ки сеҳр бикунад, ширк овардааст ва ҳар кас чизе (дар гардан) биовезад ба ҳамон чиз супурда мешавад. (Ривояти Насоӣ)
Аз ибни Масъуд разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расулуллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуд:
Оё ба шумо бигӯям, ки азза чист?
Азза иборат аст аз суханчинӣ ва гуфторе, ки даҳан ба даҳан бигардад.
(Ривояти Муслим)
Аз ибни Умар разиялЛоҳу анҳумо ривоят аст, ки Расулуллоҳ Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуд: Албатта баъзе баёнҳо сеҳр аст.
(Муттафақун алайҳ)
Нишонаҳои шинохтани ҷодугарон.
Ҳар гоҳе яке аз ин аломатҳоро дар шахсе мушоҳида карди бидон ки ӯ ҷодугар аст:
1). Пурсидан аз бемор номи ӯ ва номи модарашро.
2). Гирифтани чизе аз бемор монанди курта ва тоқӣ ва ё рӯймол ва монанди инҳо.
3). Талаб кардани ҳайвони махсусе барои куштан монанди мурғи сиёҳ.. ва бо хуни он олуда кардани бадани бемор, ва ё андохтни ҳамон ҳайвони кушта шуда дар ҷойҳои кӯҳнау вайрон.
4). Додани коғазҳоие барои сӯзондан ва дуд кардан.
5). Хондани вирдҳо ва дуъоҳое ки маънои онро фаҳмида нашавад.
6). Додани чизҳое ба бемор барои дафн кардан.
7). Парҳез фармудани бемор аз мулоқот бо мардум.
8). Хабар доштан аз номи ӯ ва аз номҳои ҷойи зисти бемор ва аз беморияш.
Пас бар шумост эй бародар ва хоҳари мусалмон пас аз ин ки ҷодугарро шинохти аз он бигурез ва аз рафтан ба пеши ӯ барои муъолиҷа парҳез намоии то дар куфр гирифтор амалҳои неки худро ботил ва аз исломи ноб хориҷ нагардӣ.
Эмом Абуҳанифа раҳимаҳуллоҳ мегуяд:
Ҷодугар кушта мешавад вақте дониста шавад , ки ӯ ҷодугар аст ва аз ӯ талаби тавба кардан намешавад ва сухани онро қабул карда намешавад агар бигӯяд ки ман ин ҷодугариро тарк мекунам ва тавба мекунам азин пас, вақто ки иқрор кард бар ин ки ӯ ҷодугар аст хуни ӯ ҳалол мешавад яъне қозӣ ӯ ро мекушад. ( Тафсири олусӣ 1/340 )
Аз Абу Ҳурайра разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
- Вақте ки Аллоҳ дар осмон амр кунад, фариштагон бо қанотҳояшон сарфурӯд оварда хам мекунанд бо қанотҳояшон барои сухани Аллоҳ гӯё овози занҷире бар санг. Аз тарси Аллоҳ аз ҳуш мераванд ҳатто вақте ки ин тарс мегузарад яъне меравад аз қалбҳояшон мегӯянд:
- Парвардигорамон чи гуфт? Мегӯянд: ҳақро гуфт ва Ӯ таъала болою бузург аст. Пас инро мешунавад ҷинҳое ки тақдирро медӯзданд. Ва тақдири шунавидаашро мепартоянд ба он ҷинне ки дар зераш буд сипас он ҷин ба дигараш ҳатто дар охир ба забони сеҳргару фолбин оварда мерасонад.
- Дар ҳолати дуздидани тақдир гоҳо сангҳо мезанад он ҷинҳоро ва гоҳо қабл аз заданаш мерасонанд он хабарро. Пас ин фолбини хабарро аз тариқи ҷинҳо гиранда бо ҳамроҳи як сухани рост сад сухани дӯрӯғро мегӯянд.
Мардум мегӯянд оё ба мо нагуфта буд фалон рӯз инхел мешавад он хел мешавад?
Пас бо сабаби ана ҳамон якто сухани росте ки ҷинҳо шунавида буд , ҳамаи дигар боқимонда суханҳои бофтаю дӯрӯғро тасдиқ мекунанд.
Дуздидани ҷинҳо хабарҳоро ба се қисм аст:
1). Пеш аз Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам Паёмбар шавиашон. Дар он вақт ҷинҳо озодона медӯздиданд ситорае намезад.
2). Дар вақти баъди Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам Паёмбар шуданашон. Дар ин вақт бо амри Аллоҳ аз дӯздидан қатъ шуданд. Зеро вақт вақти ваҳий буд.
З). Баъди пурра шудани Қуръон ва канда шавии ваий. Дар ин ҳолат дӯздидани ҷинҳо ба тариқи пештара озодона набуд. Балки Аллоҳ посбонҳое дар осмон гузошта буд , ки ин лаҳҷаҳо аст дар аснои дӯздинашон онҳоро бо амри Аллоҳ мезанад.
Аз ин ҳадис фахмида мешавад , ки ситора барои мурдани касе ё таваллуди касе намеғалтад.
Дар ин ҳадис фоида аст, ки нафси инсон ботилро қабул карданаш аз эҳтимол дур нест. Ва вақте ки ботил бо ҳақ омехта шавад ва ҷудо карда нашавад , аз он бил кул дури ҷустан лозим аст.
Агар чизи ботиле дар он ҳақ омехта бошад, ин далолат намекунад, ки он ботил ҳақ аст. Ин яке аз фасодноктарин тариқи аҳли ширку бидъат аст, ки ботилашонро бо каме аз ҳақ омехта карда сари мардуми бечораро гаранг карда то ки эътиқод ва равияи ботилашон дар назди мардум қабул шавад гӯён ба онҳо талбис ( ҳақро бо ботил омехта карда но маълум мекунанд).
وَلَا تَلْبِسُوا الْحَقَّ بِالْبَاطِلِ وَتَكْتُمُوا الْحَقَّ وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ
Ростро бо норост омехта макунед ва ростро дониста пинҳон мадоред.
Сура Бақара аят 42
Агар чизи ботиле дар он хак омехта бошад, ин далолат намекунад, ки он ботил хак аст. Ин яке аз фасодноктарин тарики ахли ширку бидъат аст, ки ботилашонро бо каме аз хак омехта карда сари мардуми бечораро гаранг карда то ки еътикод ва равияи ботилашон дар назди мардум кабул шавад гуён ба онхо талбис ( хакро бо ботил омехта карда но маълум мекунанд) мекунанд.
Ҳадис далолат мекунад, ки пеш аз фиристода шудани Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам низ ситораҳо мезад лекин мисли дар вақти ваҳий буда не.
Ҷинҳо фолбинҳо ва сеҳргарон дӯрӯғгӯ ҳастанд. Гоҳо ба сухан зиёд мекунанд гоҳо кам гоҳо иваз мекунанд.
Аллоҳ якчанд ҳикматҳое дорад. Ҳатто дар имконият доданаш ба ҷинҳо барои дуздидани тақдирот. Ин барои имтиҳони бандагон ва санҷиши онҳо. На ин ки оҷиз аст аз манъ кардани онҳо. НаузубилЛаҳ.
Хатари сеҳру ҷоду.
Аллоҳи мутаъол дар каломи маҷидаш мефармояд:
{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ} [آل عمران: 102]
"Эй мӯминон! Чунон, ки ҳаққи тарсидан аст, аз Аллоҳ битарсед ва намиред, магар дар ҳоле ки мусалмон бошед".
Пас худам ва шуморо ба тақвои Илоҳӣ ва тарси ҳақиқӣ аз Аллоҳи мутаъол тавсия мекунам.
Аллоҳ мефармояд:
{ إِنَّمَا صَنَعُوا كَيْدُ سَاحِرٍ وَلَا يُفْلِحُ السَّاحِرُ حَيْثُ أَتَى} [طه: 69]
"Бе шак он чӣ сохтаанд, танҳо макри соҳир аст ва соҳир ҳар куҷо равад, растагор (ва муваффақ) нахоҳад шуд". Сура То Ҳа аят 69
Эътиқод ба тавҳид ва яктопарастӣ, асоси Ислом ва муҳимтарин асл ва пояи дин мебошад, бидуни ислоҳи ақида ҳеҷ амале мавриди қабули Аллоҳ намегардад. Тавҳид мадори имону куфр буда ва асли рисолати Илоҳӣ ва аввалин даъвати Анбиёи Илоҳист.
Яке аз боризтарин инҳирофоти фикрӣ ва иҷтимоъӣ дар таърихи башар, рӯй овардан ба сеҳру соҳирӣ будааст. Таърих нишон медиҳад, ки тамаддунҳои кӯҳани Мисру Ирон ва ғайра, олӯда ба беморӣ буд ва ҷомеъаи башарӣ ҳамвора бо ин мушкил ва муъзали печида дасту панҷа нарм мекардааст.
Таърихи сеҳру ҷодугарӣ мегӯяд: - Соҳири воқеъӣ касест, ки дар сеҳри худ аз шайтон ёрӣ меҷӯяд ва касе , ки бо шайтон иртиботи қавӣ надошта бошад , мумкин нест дар сеҳр ба дараҷаи нубуғ бирасад. (251, 248, 238);
Ба қавли аллома Ибни Қайм (р): "Ҳар чӣ соҳир кофиртар , палидтар ва душмании вай бо Аллоҳ ва Расул ва бандагони мӯъмини Аллоҳ шадидтар бошад, сеҳраш қавитар ва нафизтар аст".
Шартҳои ҷодугар шудан.
Пажӯҳишгарон дар таърихи сеҳру соҳирон ба ин натиҷа расидаанд, ки барои соҳир шудан шароити зайл лозиму ногузир аст :
1). Соҳир бояд худ ва тамоми дороии хешро дар ҳоли ҳаёту марг ба шайтон бифурӯшад.
2). Душмани тамоми адён бошад ва нисбат ба онҳо хашмгин буда ва онҳоро мавриди истеҳзо ( масхара) қарор диҳад ва аз тамоми китобҳои осмонӣ, безорӣ ҷӯяд ва дар сӯзондан ва пора кардан ба коргирии он дар корҳои паст, кушо бошад.
3). Дар тамоми ин маворид лозим аст, ки ғайр аз Аллоҳро мавриди таъзим қарор дода ва ба Аллоҳ ширк биварзад ва шаётину ситорагон ва ё бутҳо ва башарро ибодат кунад.
4). Соҳир ( ҷодугар) бояд мазҳари касиф ва палид ва пастии нафс дошта бошад ва покизагӣ ва назофатро тарк кунад , то он ҷо, ки бадану либос ва маскани ӯ бӯйи бад кунад.( ҳамеша дар ҳоли зиною ҷанобат бошад).
5). Соҳир лозим аст, корҳои ҳаромро анҷом диҳад ва ба гуноҳоне, ки муҷиби хашми Аллоҳ ва ризояти шайтон аст, мубодарат кунад. (251, 248, 238);
Оре, бародарони мусалмон! Аҳли бидъат ва гумроҳон, ки аз роҳҳои ғайри шаръӣ, зуҳд ва ибодат пеша кардаанд ва гоҳ мукошафот ва таъсироте ҳам доранд , бештар ба паноҳгоҳои шаётин , ки аз хондани намоз дар онҳо наҳй шудааст, паноҳ мебарад. (251, 248, 238)
Соҳирон назофат намекунанд ва вузӯ намегиранд. Ҳамеша ҳомроҳи наҷосатҳо ва ҳамнишини сагонаст ва ба ҳамомҳо ва заболадонҳо ва мақбара паноҳ мебарад. (51, 51, 51)
Ҳамчуноне, ки медонед, аввалин мазҳар ва ошкортарин ҳунари козиби соҳирон, даъвои илми ғайб аст ва ҳама медонем ғайр аз Аллоҳи ягона ва якто, касе ғайб намедонад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:
{قُلْ لَا يَعْلَمُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الْغَيْبَ إِلَّا } [النمل: 65]
"Бигӯ: касе дар осмонҳо ва замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ".
Сура Намл аят 65
Аллоҳи таборак ва таъоло дар бораи ҷинниёни ҳазрати Сулаймон (алайҳи салом) чунин мефармояд:
{ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ الْغَيْبَ مَا لَبِثُوا فِي الْعَذَابِ الْمُهِينِ} [سبأ: 14]
Агар онҳо (ҷинҳо) илми ғайбро медонистанд , дар азоби дарднок боқӣ намемонданд.
Аллоҳӣ мутаъол мефармояд:
{هَلْ أُنَبِّئُكُمْ عَلَى مَنْ تَنَزَّلُ الشَّيَاطِينُ*تَنَزَّلُ عَلَى كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٍ*يُلْقُونَ السَّمْعَ وَأَكْثَرُهُمْ كَاذِبُونَ} [الشعراء: 221-223]
"Оё шуморо хабар бидиҳам, ки шаётин бар чӣ касоне фурӯд меоянд, бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкоре фурӯд меоянд, гӯш фаро медиҳанд, дар ҳоле, ки аксарашон дурӯғгӯянд". Сура Шуъаро аят 221 - 223
Пас илми ғайб махсуси Аллоҳ аст, ҳатто Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам илм ба ғайб надоштанд , Аллоҳи мутаъол ба эшон мефармояд, эълон кун:
{قُلْ لَا أَقُولُ لَكُمْ عِنْدِي خَزَائِنُ اللَّهِ وَلَا أَعْلَمُ الْغَيْبَ وَلَا أَقُولُ لَكُمْ إِنِّي مَلَكٌ إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَى إِلَيَّ قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الْأَعْمَى وَالْبَصِيرُ أَفَلَا تَتَفَكَّرُونَ} [الأنعام: 50]
"Эй Муҳаммад! бигӯ: - Ман ба шумо намегӯям, ки ганҷҳои Аллоҳ пеши ман аст ва ғайбро намедонам ва намегӯям , ки фариштаам ва пайравӣ намекунам , ҷӯз аз ваҳий, ки бар Ман нозил мешавад". Сура Анъом аят 50
Албатта шаётин бо гӯш додан ба суханони Фариштагон, истироқи самъ мекунанд ва он чӣ шунидааст, дар гӯши коҳин илқо мекунад ва коҳин ба ҳамроҳи ин хабари саҳеҳ, сад дурӯғ меоварад ва мардум ба сабаби ин хабари саҳеҳе, ки аз осмон гирифта, ӯро тасдиқ мекунанд ва ба ахбори кизби ӯ таваҷҷӯҳ намекунанд.
Бародарони мусалмон! Ҳамчуноне, ки мулоҳиза мефармоед, чӣ бисёранд рамолҳо ва ҳаққабозҳое, ки бисоти фиреб густурда ва бо навиштани тилисми хутути аҷибу ғариб, ё ашёи пешгирикунанда аз ҷину чашми бад ва дафъи бало, мардумро гумроҳ мекунанд. Овезон кардани тилисму ҷодӯ ва бо ҳар чизи дигаре аз қабили онҳо, бо эътиқод ба ин, ки аз бало ҷилавгирӣ менамояд ва ё муҷиби хушбахтӣ мешавад ва ё дардеро аз касе даво менамояд, монанди сеҳр ҳаром аст.
Дар қарни бисту якум ҳанӯз ҳастанд касоне, ки наъли аспу хармӯҳра, моҳӣ ва ё нахи сиёҳу сафеди бофташуда ва ғайраро ба манзури рафъи бало бар сари дари манзил ва ё бар гардану дасти навзод ва кӯдакони худ, овезон менамоянд, сари говро дар мазраъаи худ мегузоранд ва муҳраҳои обиранг ба хотири дафъи чашми бад ба гардани бачаҳо ва молҳои худ, овезон менамоянд.
Ҳанӯз ҳам ҳастанд касоне, ки бо истифода аз ноогоҳии мардум чизҳое менависанд ва ҷадвалҳо мекашанд ва тилисмҳое дар онҳо расму манқӯш мекунанд, даъво доранд, ки ин тилисмро бар худ овезон намояд, ё ҳамроҳ дошта бошад, аз шарри ҷину шаётин, чашми бад ва ғайра дар амон хоҳад буд".
Аммо Ислом барои дифоъ ва ҳимоят аз мардум, тамоми ин асбоби фиреб ва гумроҳиро, ҳаром қарор додааст.
Аз Уқба бин Омир (разиялЛоҳу анҳу ) ривоят шуда, ки Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам) аз байъат кардан бо шахсе, ки навишта ё тилисме ба бозӯ дошт, худорӣ намуданд ва фармуданд:
Касе, ки тилисм бибандад, шарик барои Аллоҳ қоил шудааст".
Дар ҷойи дигаре фармудаанд:
" مَنْ عَلَّقَ شَيْئًا وُكِلَ إِلَيْهِ"
"Касе, ки барои рафъи бало чизе бар худ овезад, ба ҳамон чиз супурда мешавад".
Яъне, Аллоҳ бар ӯ ва сарнавишти ӯ коре надорад".
Ривоят шудааст, ки ҳамсари Абдуллоҳ бин Масъуд (р) нахе бар гардан овезон карда буд ва чун Абдуллоҳ вориди манзил шуд, онро дид ва қитъа қитъа кард ва гуфт:
"Оли Абдуллоҳ аз ин, ки ширк бикунанд, бенаёзанд" ва баъд аз он гуфт:
سمعت رسول الله صلي الله عليه وسلم يقول: «إن الرُّقَى والتَّمائِم والتِّوَلة شرْك"
Аз Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам шунидам, ки мегуфт:
"Ҳамоно афсӯн кардан ва тумор бастан ва тилисм овезон карданд ширк аст"
Сипас ба ҳамсараш фармуд: "Он чӣ Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармудаанд, кофист, ҳазрат Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
"اللهُمَّ رَبَّ النّاس ِ، مُذْهِبَ البَاسِ، اشْفِ أَنتَ الشّافي، لا شَافِيَ إلا َّ أَنتَ شِفاءً لا يُغادِرُ سَقمًا".
"Эй Парвардигори олам! Дуркунандаи нороҳатӣ, шифо деҳ, ки танҳо шифодиҳанда туйи, ҳеҷ шифое нест, ҷуз шифои ту, шифое деҳ, ки ҳеҷ нороҳатие баъд аз он боқӣ намонад".
Ва Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
لَا بَأْسَ بِالرُّقَى مَا لَمْ تَكُنْ شِرْكًا"
Яъне: - "Дар дам андохтан боке нест, ба шарте, ки дар он калимоти ширк набошад".
Аз ҳазрати Оишаи Сиддиқа (разиялЛоҳу анҳа ) ривоят шудааст, ки чун касе аз оли байти Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам мариз мешуд , ба муъаввазатайн ӯро дам мекард ва дар маразе , ки дар он фавт карданд, пас ман ӯро дам мекардам ва дасти худаш, ҷасадашро масҳ менамудам, зеро дасти эшон аз дасти ман бобаракаттар буд".
Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
"Чун касе аз шумо мубтало ба дард шуд, пас дар ҷойи дард , дасти худро бигзоред, сипас ҳафт бор бигӯед:
"أَعُوذُ بِعِزَّةِ اللَّهِ وَقُدْرَتِهِ مِنْ شَرِّ مَا أَجِدُ"
Бинобарин, муъаввизатайн ва ояталкурсӣ ва оёте, ки мутаъллиқ ба ҳазрати Мусо (алайҳи салом) соҳирони Фиръавн мебошанд ва ҳамчунон ду ояти охири сураи Бақара, беҳтарин илоҷ барои дафъи сеҳр ва ғайра мебошанд ва ояти Қуръонӣ барои мӯмини таваккалкунанда бар Аллоҳ илоҷ ва шифо мебошанд.
Аллоҳи мутаъол фармудааст:
{وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآَنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ وَرَحْمَةٌ لِلْمُؤْمِنِينَ } [الإسراء:
Ва аз Қуръон он чӣ шифобахш ва раҳмат аст, барои мӯминон нозил мекунем". Сура Исро аят 82
Аз ҷумлаи дуоҳои ҳифз ва муроқабат, ки Набии Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ) ба мо ёд додааст, дар иртибот бо кӯдакон аст, ки дар ривояти Бухорӣ аз Ибни Аббос (разиялЛоҳу анҳу ) омадааст, ки Расули Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ) дуои ҳифз ва муроқабатро ба Ҳасан ва Ҳусайн мехонд ва мефармуд:
"أعيذكما بكلمات الله التامة، من كل شيطان وهامة، ومن كل عين لامة ".
"Шуморо ба Аллоҳ месупорам ба василаи каломи комил ва томи ӯ аз шари ҳар шайтон ва ҳашароти газанда ва ҳар чашми бад".
Аз ин рӯ Саҳоба ва Тобиъин ба шиддат мункири ин таъвизоту тилисмҳо буданд, то он ҷо, ки Хадиҷа (р) мардеро дид, ки ресмоне аз ин навъ бар гардани худ овехта буд, ин оятро қироъат кард:
{وَمَا يُؤْمِنُ أَكْثَرُهُمْ بِاللَّهِ إِلَّا وَهُمْ مُشْرِكُونَ} [يوسف: 106]
"Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд!".
Сура Юсуф аят 106
Ва аз Саъид бин Ҷубайр разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
"مَنْ قَطَعَ تَمِيمَةً مِنْ الْإِنْسَانِ كَانَ كَعِدْلِ رَقَبَةٍ"
Яъне: "касе, ки тумореро аз гардани фарде биканад ва ҷудо кунад, гӯё як бардаро ( ғуломеро) озод кардааст".
Бинобарин дуруст онаст, ки тилисмҳо ба таври куллӣ мамнӯъ бошанд, чунон чӣ Паёмбар Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам дар мақоми нафрин ба дорандагони тилисмҳо мефармояд:
"مَنْ عَلَّقَ تَمِيمَةً فَلاَ أَتَمَّ اللَّهُ لَهُ وَمَنْ عَلَّقَ وَدَعَةً فَلاَ وَدَعَ اللَّهُ لَهُ"
"Касе, ки тилисм ё бозубанде ба худ овезон мекунад, Аллоҳ кори ӯро тамом накунад ва ҳар кас туморе ё назри қурбонӣ ба хотири рафъи чашми захм ба гардан овезад, ба мақсуди худ нарасад"
Чунон чӣ касе ба беморӣ ва ё нороҳатии дигар дӯчор гардад, чорае ҷуз бурдани эшон назди табиб вуҷуд надорад, зеро Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
"تَدَاوَوْا عِبَادَ اللَّهِ، فَإِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ لَمْ يَضَعْ دَاءً إِلا وَضَعَ لَهُ دَوَاءً"
"Бандагони Аллоҳ! Маризони худро табобат кунед, зеро Аллоҳ маразеро ноёварда, магар он, ки давое барои он қарор додааст".
Бино ба нақли саҳеҳи Бухорӣ, Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
"إنما الشفاء في ثلاثة: مشربة عسل أو شرطة محجم أوكى بنار"
"Шифои бемор ин чиз аст:
1). Хурдани асал.
2). Нештарзадан ва ҳиҷомат.
«Беҳтарин чизе, ки дар дармон аз он баҳра меҷӯед, ҳиҷомат аст».
(Ҳадиси шариф ба ривояти Имом Бухорӣ ва Имом Муслим)
Инҳо ҳама дармонҳоест, ки Ислом ба он қоил аст ва Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ба он дастӯр дода ва дар мудовои худ низ аз онҳо истифода кардааст. Чунон чӣ он ҳазрат дар мавриде ба ҳиҷомат пардохта ва ба пизишк муроҷиа намуда ва Асҳоб ва Умматашро ба муъолаҷа ва мудово дастӯр додааст.
Пас шоиста аст, ки мо низ тобеъи Суннати Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам бошем.
Аллоҳ дардеро дода бошад , даъвои ӯ - ро низ додааст , аммо на тавассути малҳамҳои ҳаром.
Аз Абу Ҳурайра разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
Аллоҳ ҳеҷ бемориеро нафиристода , ва магар шифои онро низ фиристодааст.
(Бухорӣ № 5678)
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، قَالَ :
" مَا أَنْزَلَ اللَّهُ دَاءً إِلَّا أَنْزَلَ لَهُ شِفَاءً "
(بخاري)
{إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا} [الأحزاب: 56
Аллоҳу аъламу биссаваб.
بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.
Абӯ Муҷоҳид Хуросонӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев