الحمد لله حمدا كثيرا طيبا مباركا فيه، كما يحب ربنا ويرضى، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمدا عبده ورسوله، وعلى آله وصحبه ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين.
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الْيَهُودَ وَالنَّصَارَىٰ أَوْلِيَاءَ ۘ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Эй мӯъминон, яҳудиён ва насрониёнро дӯст магиред, баъзеи онҳо дӯсти баъзеанд. Ва ҳар ки аз шумо онҳоро дӯст дорад, пас, ҳамоно ӯ аз ҷумлаи онҳо аст. Ба дурустӣ ки Худо гурӯҳи ситамкоронро роҳ наменамояд. Сура 5 Аят 51
لَّا يَتَّخِذِ الْمُؤْمِنُونَ الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاءَ مِن دُونِ الْمُؤْمِنِينَ ۖ وَمَن يَفْعَلْ ذَٰلِكَ فَلَيْسَ مِنَ اللَّهِ فِي شَيْءٍ إِلَّا أَن تَتَّقُوا مِنْهُمْ تُقَاةً ۗ وَيُحَذِّرُكُمُ اللَّهُ نَفْسَهُ ۗ وَإِلَى اللَّهِ الْمَصِيرُ
Мӯъминон бояд ки кофиронро ба ҷои аҳли имон дӯст нагиранд. Ва ҳар ки чунин кунад, пас дар чизе аз (они) Худо нест,(Яъне: дар аҳди Худо нест) магар ин ки ба навъе [аз ҳазар кардан] аз (шарри) онҳо барҳазар бошед. Ва Худо шуморо аз Худ метарсонад; ва бозгашт ба сӯи Худо аст.
Сура Оли имрон аят 28
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الْيَهُودَ وَالنَّصَارَىٰ أَوْلِيَاءَ ۘ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Эй мӯъминон, яҳудиён ва насрониёнро дӯст магиред, баъзеи онҳо дӯсти баъзеанд. Ва ҳар ки аз шумо онҳоро дӯст дорад, пас, ҳамоно ӯ аз ҷумлаи онҳо аст. Ба дурустӣ ки Худо гурӯҳи ситамкоронро роҳ наменамояд. Моида аят 51
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الَّذِينَ اتَّخَذُوا دِينَكُمْ هُزُوًا وَلَعِبًا مِّنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ مِن قَبْلِكُمْ وَالْكُفَّارَ أَوْلِيَاءَ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ
Эй мӯъминон, касонеро, ки дини шуморо тамасхур ва бозӣ гирифтаанд – аз касоне, ки ба онҳо пеш аз шумо Китоб дода шуд; ва кофиронро дӯст магиред; ва агар мӯъмин ҳастед, аз Худо битарсед. Сура Моида аят 57
Ёрии кофирон бар мукобили мусалмонон (Аз фазилати шайх доктор: - Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон) ҳафизаҳуллоҳ.
Дар зимни "Ёрии кофирон бар муқобили мусалмонон" чанд қисм аст:
1). Ёрии онҳо бар муқобили мусалмонон бо дӯст доштани куфру ширк ва гумроҳии онҳо, пас ин қисм бе шак куфри акбари аз дин хориҷкунанда аст.
Пас касе онхоро ёрй диҳад бар муқобили мусалмонон бо ҳамроҳии дуст доштани дин ва амалҳои онҳо ва аз онҳо розӣ бошад , дар ҳоле, ки ихтиёр дорад , маҷбур карда нашудааст, пас албатта куфри акбари аз дин хориҷкунанда аст бар зоҳири гуфтаи Аллоҳ (Пас албатта ӯ аз ҷумлаи онҳост).
2). Бар зидди мусалмонон онҳоро бе ихтиёри худ ёрӣ диҳад , балки уэӯро ба сабабе, ки дар миёнаи онҳо истиқомат мекунад , маҷбур кардаанд.
Пас бар ин шахс ваъдаи азоби сахт аст ва бар ӯ аз куфре , ки аз дин хориҷкунанда аст хавф бурда мешавад. Ва ин барои он аст, ки мушрикон гуруҳе аз мусалмононро дар рӯзи Бадр маҷбур карданд, ки бо онҳо ба чанги мусалмонон бароянд.
Пас Аллоҳ таъоло бар онҳо инро инкор кард аз ҷиҳате, ки ҳиҷрат накарданд ва бо мушрикон монданд ва нафсҳои худро ба он чизе, ки воқеъ шуданд яъне маҷбур кардани мушрикон барои баромадан ба ҷанги мусалмонон гирифтор карданд , бо вуҷуде, ки онҳо дини кофиронро бад медиданд ва дини мусалмононро дӯст медоштанд, вале дар Макка аз рӯйи бахилӣ ба молҳояшон, шаҳрашон ва авлодашон боқи монданд , на аз рӯйи дӯст доштани кофирон , ё дини онҳо.
Пас Аллоҳ нозил кард:
إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنتُمْ ۖ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الْأَرْضِ ۚ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا ۚ فَأُولَٰئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا
Ба дурустӣ, ба онон, ки фариштагон арвоҳашонро қабз карданд, – дар ҳолате, ки бар хештан ситамкор буданд(Яъне: ба тарки ҳиҷрат аз Дору-л-ҳарб ба Дору-л-Ислом ва зиёд кардани нуфуси кишвари кофирон) – (фариштагон) гуфтанд: «Шумо дар чӣ ҳол будед?» Гуфтанд: «Дар замин бечорагон будем». Гуфтанд: «Оё замини Худо фарох набуд, то дар он ҳиҷрат мекардед?» Пас, ҷои ин ҷамоа дӯзах аст; ва ӯ бад ҷое аст. Сура Ниса аят 97
Ин барои онҳо ваъдаи азоби сахт аст. "Магар ононе, ки дар ҳақиқат бечораанд, ки иборатанд аз пирамардону занону кӯдакон, ки ҳеҷ чора ва роҳе надоранд. Ин гӯрӯҳ шояд, ки авф кунад Аллоҳ ононро ва Аллоҳ авфкунандаву мағфираткунанда аст".
Пас касе, ки ҳиҷрат накунад дар сурате, ки тавонои дорад ва бо мушрикон истикомат кунад ва ӯро ба ҷанги мусалмонон барораранд, бар ин шахс ваъдаи азоби сахт аст. "Магар ононе, ки дар ҳақиқат бечораанд, ки иборатанд аз пирамардону занону кӯдакон" пас инҳо дар боқӣ монданашон маъзур ҳастанд, зеро ки онхо ҳиҷрат карда наметавонанд. Ва Аллоҳ мефармояд:
لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۚ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا اكْتَسَبَتْ ۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَا إِن نَّسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا ۚ
Аллоҳ бар ҳеҷ кас ҷуз ба миқдори тоқаташ воҷиб намекунад, он чи амал кард, аз они ӯ аст ва он чи гуноҳ кард, бар вай аст. Сура Бақара аят 286.
3). Касе ки кофиронро бар муқобили мусалмонон ёрӣ диҳад , дар сурате, ки ихтиёр дорад , маҷбур карда нашудааст бо бад диданаш дини кофиронро ва аз он розӣ нест, пас бе шак гуноҳи кабира кардааст ва бар ӯ тарси куфр аст ва агар ӯ дини онҳоро бад намедид ва онҳоро дӯст намедошт, ҳар оина бар ӯ ҳукми куфр карда мешуд, пас ӯ бар хатари бузург аст. ( Агар маҷбурӣ набошад инсоне ки ё давлате ки бар зидди мусалмонон куффорро қудрат медиҳад муртад ва давлаташ тоғути ҳаст).
4). Касе кофиронро бар муқобили кофироне, ки бо мусалмонон аҳду паймон доранд, ёрӣ диҳад, пас ин ёрӣ додан ҳаром аст, ҷоиз нест, зеро ӯ аҳду паймони мусалмононро шикаста аст. Пас кофирони ҳамаҳдро барои ҳамаи мусалмонон китоли онҳо ҷоиз нест, аз рӯйи вафо кардани аҳде, ки байни онҳо ва мусалмонон аст. Ва касе кофироне, ки бо кофирони ҳамаҳд меҷанганд ёрӣ диҳад, пас ин шикастану хиёнат кардани аҳди мусалмонон мебошад.
Аз АбдулЛоҳ ибни Амр разиялЛоҳу анҳу ривоят аст ки: Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам фармуданд:
- Касе , ки шахси аҳддорро ба қатл бирасонад, бӯйи Ҷаннат ба димоғаш намерасад..". Саҳеҳ Бухорӣ.
Ва Ҳар вақте ки Аллоҳ мусалмононро аз ёрӣ додани мусалмонон бар муқобили кофироне, ки бо мусалмонон аҳд доранд, манъ кардааст, пас чӣ гуна аст шахсе , ки кофиронро бар шикастани аҳди мусалмонон ёрӣ медиҳад. Аллоҳ мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالَّذِينَ آوَوا وَّنَصَرُوا أُولَٰئِكَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يُهَاجِرُوا مَا لَكُم مِّن وَلَايَتِهِم مِّن شَيْءٍ حَتَّىٰ يُهَاجِرُوا ۚ وَإِنِ اسْتَنصَرُوكُمْ فِي الدِّينِ فَعَلَيْكُمُ النَّصْرُ إِلَّا عَلَىٰ قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُم مِّيثَاقٌ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
Ба дурустӣ, онон, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод намуданд;(Яъне: муҳоҷирон) ва онон, ки ҷой доданд ва нусрат карданд(Яъне: ансориён) – он ҷамоае ҳастанд, ки баъзеашон корсози баъзеанд. Ва аз онон, ки имон оварданд ва ҳиҷрат накарданд, барои шумо аз корсозӣ ҳеҷ чиз нестанд, то он ки ҳиҷрат кунанд. Ва агар аз шумо дар кори дин мадад талаб кунанд, пас, бар шумо ёрӣ кардан лозим аст, магар бар [зидди] ҷамоае, ки миёни шумо ва миёни онҳо аҳд бошад. Ва Худо ба он чи мекунед, Бино аст. Сура Анфол аят 72.
Пас ҳар вақте ки мусалмонон аз мо мадад талаб кунанд бар муқобили кофирон, пас бар мо ёрӣ додан воҷиб аст, магар дар як ҳолат, вақте ин кофирон бо мусалмонон аҳд дошта бошанд, пас бар мо ёрӣ додани мусалмонон бар муқобили кофирон ҷоиз намебошад. Пас чӣ гуна кофиронро бар муқобили ҳампаймонони мусалмонон ёрӣ медиҳем, ин воиз нест ва ҳамаи ин аз барои вафо кардан ба аҳду паймон аст.
5). Дӯст доштани кофирон ба ҷуз ёрӣ додани онҳо бар муқобили мусалмонон, аз ин Аллоҳ боз доштааст.
Аллоҳ мефармояд:
لَّا تَجِدُ قَوْمًا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ يُوَادُّونَ مَنْ حَادَّ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَلَوْ كَانُوا آبَاءَهُمْ أَوْ أَبْنَاءَهُمْ أَوْ إِخْوَانَهُمْ أَوْ عَشِيرَتَهُمْ ۚ أُولَٰئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ الْإِيمَانَ وَأَيَّدَهُم بِرُوحٍ مِّنْهُ ۖ وَيُدْخِلُهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ ۚ أُولَٰئِكَ حِزْبُ اللَّهِ ۚ أَلَا إِنَّ حِزْبَ اللَّهِ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
"Онҳое, ки имон бар Аллоҳ ва рӯзи охират доранд, ҳаргиз дӯстӣ намекунанд ба онҳое, ки хилоф карданд Аллоҳу Расули Ӯ - ро, агарчи ин мухолифони Аллоҳу Расул падарон , ё писарон , ё бародарон , ё хешовандони онҳо бошанд. Инҳо (муъминони ҳақиқиву воқеъӣ ) касонеанд, ки навишта аст Аллоҳ дар дилҳояшон имонро ва қувват додааст онҳоро ба пирӯзие аз ҷониби Аллоҳ ва дохил мекунад Аллоҳ онҳоро дар Ҷаннатҳое, ки ҷорист аз зери он ҷӯйҳо, ки абадӣ бошанд дар он ҷой". Сура Муҷодала аят 22
Ва Аллоҳ мефармояд:
وَمَا كَانَ اسْتِغْفَارُ إِبْرَاهِيمَ لِأَبِيهِ إِلَّا عَن مَّوْعِدَةٍ وَعَدَهَا إِيَّاهُ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ أَنَّهُ عَدُوٌّ لِّلَّهِ تَبَرَّأَ مِنْهُ ۚ إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لَأَوَّاهٌ حَلِيمٌ
Ва омурзиш хостани Иброҳим барои падари худ ба ҷуз аз ҷиҳати ваъдае набуд, ки бо вай карда буд. Пас, чун барои Иброҳим равшан шуд, ки вай душмани Худо аст, аз вай ( падараш) безор шуд. Ҳамоно Иброҳим нармдили бурдбор буд. Сура Тавба аят 114.
Ва мефармояд: "Эй муъминон ҳаргиз дӯст нагиред душманони марову душманони худро, ки мефиристед ба сӯи мушрикон хабару пайғом ба сабаби дустие, (ки доред, ё меҳоҳед, ки онро барпо кунед). Албатта онҳо кофир шудаанд ба дини ҳақ ва Қуръон" то гуфтааш "Барои шумост намунаи хубе дар рафтори Иброҳиму пайравонаш, (ки чӣ гуна муносибат карданд бо кофирони қавми худ) вақте ки гуфтанд ба кофирон:
- Мо безорем аз шумову бутҳои шумо, ки парастиш мекунед онҳоро ба ҷуз Аллоҳ яқин бидонед, ки мо муъминон номуътакидем бар бутҳои шумо ҳамеша, то вақте ки имон оред ба Аллоҳи ягона".
Пас сураи Мумтаҳана ҳамааш дар ҳаром будани дӯстии кофирон аст ва агарчи қарибтарини мардум ба мусалмон бошад ва сураро ба фармудааш хатм намуд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَوَلَّوْا قَوْمًا غَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ قَدْ يَئِسُوا مِنَ الْآخِرَةِ كَمَا يَئِسَ الْكُفَّارُ مِنْ أَصْحَابِ الْقُبُورِ
Эй мӯъминон, бо гурӯҳе дӯстӣ макунед, ки Худо бар онҳо хашм гирифтааст; онҳо аз савоби охират ноумед шудаанд – чунон ки кофироне, ки аз аҳли гӯранд, ноумед шудаанд.(Худои Таъоло ба азоби онҳо ҳукм кардааст, пас, ҳаргиз имон наоранд, чунончи кофирон баъд аз мурдан бар куфр умеди савоб надоранд). Сура Мумтаҳана аят 13.
Пас ҳамаи сураи Мумтаҳана дар мавзӯи душмании кофирон ва дӯст надоштани онҳо аз аввал то охираш мебошад .
Рисолаи "Шарҳи навоқизи ислом"-и доктор Солех ал Фавзон саҳ :156.
Дӯстӣ кардан бо кофирон ба ёрӣ додани онҳо бар муқобили мусалмонон (Аз доктор: Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ал-Ҷибрин)
Ёрии кофирон бар муқобили мусалмонон баробар аст, ки бо онҳо бар зидди мусалмонон биҷангад, ё ба мол, ё силоҳ барои онҳо бар муқобили мусалмонон ҷосусӣ кунад , ё ғайра, ин ба ду тариқа мебошад :
1). Шайх Абдурраҳмони Саъдй дар тафсири гуфтаи Аллоҳ таъала :
إِنَّمَا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ قَاتَلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَأَخْرَجُوكُم مِّن دِيَارِكُمْ وَظَاهَرُوا عَلَىٰ إِخْرَاجِكُمْ أَن تَوَلَّوْهُمْ ۚ وَمَن يَتَوَلَّهُمْ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ"
Ҷуз ии несг, ки Худо шуморо аз дӯстӣ доштан бо касоне манъ мекунад, ки бо шумо дар амри дин ҷанг кардаанд ва шуморо аз хонаҳоятон берун кардаанд ва дар баровардани шумо муованати дигарон кардаанд. Ва касоне, ки бо онҳо дӯстӣ доранд, ҳамонҳо ситамкоронанд. Сура Мумтаҳана аят 9
Мегӯяд: - Ва ин зулм бамувофиқи дӯстдорӣ мебошад , агар дӯстдории пурра бошад, ин куфри хориҷкунанда аз доираи ислом мебошад ва дар зимни ин чандин мартабаҳост, баъзеаш сахт вабаъзеаш пасттар мебошад.
Тариқаи якум Ин ки онҳоро ба кадом тарзи ёрӣ диҳад, аз рӯи муҳаббати онҳо ва рағбат доштан дар ғолиб омадани онҳо бар мусалмонон, пас ин ёрӣ додан куфрӣ аз доираи Ислом хориҷкунанда аст.( инсон муртад мешавад).
Имом ибни Ҷарир дар тафсири гуфтаи Аллоҳ :
لَّا يَتَّخِذِ الْمُؤْمِنُونَ الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاءَ مِن دُونِ الْمُؤْمِنِينَ ۖ وَمَن يَفْعَلْ ذَٰلِكَ فَلَيْسَ مِنَ اللَّهِ فِي شَيْءٍ إِلَّا أَن تَتَّقُوا مِنْهُمْ تُقَاةً ۗ وَيُحَذِّرُكُمُ اللَّهُ نَفْسَهُ ۗ وَإِلَى اللَّهِ الْمَصِيرُ
Мӯъминон бояд ки кофиронро ба ҷои аҳли имон дӯст нагиранд. Ва ҳар ки чунин кунад, пас дар чизе аз (они) Худо нест,(Яъне: дар аҳди Худо нест) магар ин ки ба навъе [аз ҳазар кардан] аз (шарри) онҳо барҳазар бошед. Ва Худо шуморо аз Худ метарсонад; ва бозгашт ба сӯи Худо аст.
Сура Оли Имрон аят : 28
- Зикр кардааст, маънои ин оят ин аст:
Аз ёрӣ додани кофирон аз рӯи дӯст доштани онҳо ва ғолиб омадани онҳо бар мусалмонон боз дошта шудааст ва ин муҷиби риддат (бедин) шудан аст.
Ва шайх Абдуллатиф ибни Абдурраҳмон ибни Ҳасан мегӯяд баъди зикр карданаш қиссаи Хотиб (р) ва нозил шудани аввали сураи Мумтаҳана:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاءَ تُلْقُونَ إِلَيْهِم بِالْمَوَدَّةِ وَقَدْ كَفَرُوا بِمَا جَاءَكُم مِّنَ الْحَقِّ يُخْرِجُونَ الرَّسُولَ وَإِيَّاكُمْ ۙ أَن تُؤْمِنُوا بِاللَّهِ رَبِّكُمْ إِن كُنتُمْ خَرَجْتُمْ جِهَادًا فِي سَبِيلِي وَابْتِغَاءَ مَرْضَاتِي ۚ تُسِرُّونَ إِلَيْهِم بِالْمَوَدَّةِ وَأَنَا أَعْلَمُ بِمَا أَخْفَيْتُمْ وَمَا أَعْلَنتُمْ ۚ وَمَن يَفْعَلْهُ مِنكُمْ فَقَدْ ضَلَّ سَوَاءَ السَّبِيلِ
Эй мӯъминон, душманони Ман ва душманони худро дӯст магиред: ба сабаби дӯстӣ ба сӯи онҳо пайғом меафканед. [Ҳол он ки] онҳо ба он чи аз дини рост ба шумо омадааст, кофир шудаанд, барои он ки ба Худо – Парвардигори хеш имон овардед, пайғамбар ва шуморо (низ) ҷалои ватан мекунанд. (Дӯст магиред) агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва ба талаби ризомандии Ман аз ватанҳои худ баромадаед; пинҳон ба сӯи онҳо пайғоми дӯстӣ мефиристед. Ва Ман он чиро, ки пинҳон мекунед ва он чиро, ки ошкоро менамоед, медонам. Ва ҳар ки аз шумо ин корро бикунад, пас, дар воқеъ роҳи ростро ғалат кардааст.
Аятҳо дар шаъни Хотиб (р) нозил шудааст.
Шайх мегӯяд: - Пас Хотиб (р) дар хитоб ба номи муъмин ва васфи имон дохил шудааст ва наҳӣ ба умумаш Хотиб (р)-ро дарбар мегирад ва барои он сабаби хос аст, бар иродаи ӯ далолат кунанда аст бо вуҷуде, ки дар аяти карима он чизест, ки эҳсос карда мешавад, ки феъли Хотиб (р) навъи дӯстӣ кардан аст ва ин ки ӯ аз рӯи дӯстӣ ба сӯйи онҳо хабар расондааст ва фоили ин роҳи ростро гум кардааст, вале гуфтаи Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам :
"Барои шумо рост гуфт, роҳашро кушоед" зоҳир аст, ки ӯ ба сабаби ин кофир нашудааст, замоне ки ба Аллоҳ ва Расулаш имон дораду шакку райб надорад. Албатта инро барои ғарази дунявӣ кардааст ва агар кофир мешуд, намегуфт: "Роҳашро кушоед".
Ва ин кавли Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам гуфта намешуд: "Ту чӣ медонӣ Аллоҳ аҳли Бадрро медонист, пас гуфт: - Он чи мехоҳед, бикунед, пас албатта ман шуморо магфират кардам". Иштироки Хотиб (р) дар Бадр монеъи ҳукм кардани ба куфри ӯ шуд, зеро мо мегуем: - Агар кофир мешуд, чизе аз некиҳояш боқӣ намемонд , ки монеъи пайваст шудани куфр ва аҳкоми он гашта аст, пас албатта куфр амалҳои пешинро бекор мекунад, аз рӯи гуфтаи Аллоҳ :
وَمَن يَكْفُرْ بِالْإِيمَانِ فَقَدْ حَبِطَ عَمَلُهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ
"Ва ҳар ки кофир ба имон шуд , пас амалаш несту нобуд мешавад".
Сура Моида аят 5
Ва гуфтаи Аллоҳ:
ذَٰلِكَ هُدَى اللَّهِ يَهْدِي بِهِ مَن يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ ۚ وَلَوْ أَشْرَكُوا لَحَبِطَ عَنْهُم مَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ
Ин ҳидояти Худо аст, ба он аз бандагони Худ ҳар киро хоҳад, далолат мекунад. Ва агар шарик муқаррар мекарданд, аз онҳо он чи карда буданд, нобуд мешуд. Сура Анъом аят 88.
Ва куфр ба иҷмоъ несту нобуд кунандаи некиҳову имон аст. Пас инро (дар шаъни Хотиб) гумон карда намешавад.
Ва аммо гуфтаи Аллоҳ:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا الْيَهُودَ وَالنَّصَارَىٰ أَوْلِيَاءَ ۘ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمْ فَإِنَّهُ مِنْهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Эй мӯъминон, яҳудиён ва насрониёнро дӯст магиред, баъзеи онҳо дӯсти баъзеанд. Ва ҳар ки аз шумо онҳоро дӯст дорад, пас, ҳамоно ӯ аз ҷумлаи онҳо аст. Ба дурустӣ ки Худо гурӯҳи ситамкоронро роҳ наменамояд. Моида аят 51
Ва асли муволот: - Дӯст доштан , ёрӣ додан , садоқат ва ғайри ин чандин мартабаҳо аст ва барои ҳар гуноҳ насибаш аз ваъдаи азоб ва мазаммат аст. Ин назди салафе, ки дар илм устуворанд , яъне саҳобагон , тобеъин дар ин боб ва ғайраш маъруф аст. Ва албатта амр мушкил шуд, маъниҳо пушида монд ва аҳком пӯшида монд бар пасомадагиҳое аз аҷам ва мувалладин ки онҳо дар ин шаън фаҳм надоранд ва ба маъноҳои суннату Куръон пай набурданд. Ва барои ин Ҳасан (р) гуфт:
- "Аз аҷамӣ оварда шудаанд". Ва Амр ибни Ало барои Амр ибни Убайд вақте бо ӯ дар масъалаи ҳамеша мондани аҳли кабираҳо дар дӯзах, гуфт. Ва ибни Убайд ҳуҷҷат овард, ки ин ваъда аст ва Аллоҳ ваъдаашро мухолафат намекунад , ишора ба он чизе, ки дар Қуръон омадааст аз ваъдаи азоб, ки бар баъзе кабираҳо ва гуноҳҳо ба оташ ва ҳамешагӣ аст, ишора мекунад. Пас ибни Ало барои ӯ гуфт: "Аз аҷамӣ овардаӣ, ин ваъид аст на ваъда ва қавли шоирро сароид:
Ва агар ман ӯро ваъид диҳам, ё ваъда диҳам.
Ҳароина ваъидамро хилоф мекунам ва ваъдаамро иҷро мекунам.
Ва Баъзе олимон гуфтаанд дар он чизе, ки Бухорӣ ва ғайра нақл кардаанд: Албатта аз саодати аҷамӣ ва арабӣ ҳар вақте Ислом оранд, ба соҳиби суннат муваффақ шаванд ва аз бадбахтии ин ду ба соҳиби ҳаво ва бидъат муяссар шаванд. Каломи шайх Абдуллатиф (р) ба итмом расид.
Ва Маҷмуъатул фатово 28; 240-530-531-534-535-ро назар карда шавад.
1). Ад-Дурарус сания 2-361 ва 10;8-9 ва 15-479, Маҷмуъул фатовои шайх Абдулазиз ибни Боз (р) "ҷамъулифто 1-274-ро назар карда шавад:
Ва баъзе олимони мутаахир ҳикояти ин иҷмоъро бар куфри касе, ки кофиронро ёрӣ медиҳад, равона кардаанд, пас ҳамл карда мешавад бар касе, ки кофиронро аз рӯйи муҳаббати онҳо ва аз рӯйи рағбат доштан дар ғолиб омадани онҳо бар мусалмонон бошад. Ва дуруст нест бардошт кардани он бар умуми ёрӣ додан, ҳар қадаре, ки бар он ҳамлкунанда бошад, зеро дар ин даъвои иҷмоъ бар хилофи он чизест, ки олимони пеш иҷмоъро бар зиддаш ҳикоя кардаанд ва он ҳаром будани қатли ҷосус аст. Ва ин иҷмоъи саҳеҳ аст дар он чизе ба муртад набуданаш тааллуқ дорад , аммо ҳаром будани қатлаш, пас иҷмоъи онро ҳикоя карда шудааст.
Тарикаи дуюм: - Кофиронро бар муқобили мусалмонон ба кадом навъе ёрӣ диҳад. Ба ин кор иқдом намудааст ба хотири маслиҳати шахсӣ, ё тарс, ё душмании дунявӣ, ки байни ӯ ва байни мусалмононе, ки бар муқобили кофирон меҷанганд, мебошад. Пас ин ёрӣ додан ҳаром аст ва гунохи кабира аст вале куфри аз ислом хориҷкунанда нест. Ва аз далелхое, ки ин ёрӣ додан кофиркунанда нест, он чизе, ки имом Таҳовӣ иҷмоъи олимонро ҳикоя кардааст, ки ҷосуси мусалмонро куштан ҷоиз нест ва муқтазои ҳикояти Таховӣ ин аст, ки ӯ муртад нест.
Ва мустанади (такягоҳӣ ) ин ичмоъ:
Албатта Хотиб ибни Абилбалтаъа (р) дар ғазваи фатхи Макка бар Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ва мусалмонон ҷосусӣ кард, пас ба сӯйи мушрикони Макка мактубе навишт, ки дар он аз рафтани Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ба сӯйи онҳо хабар медод ва Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам рафтанашро махфӣ дошта буд , то Қурайш барои ҷанг омода нашаванд. Ва сабаби навиштани Хотиб (р) ин мактубро маслиҳати шахсӣ буд ва бо вуҷуди ин Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ба муртад буданаш ҳукм накард ва ҳадди риддатро бар ӯ барпо накард, пас ин далолат мекунад бар ин ки амале, ки анҷом дод, куфри аз доираи ислом хориҷ кунанда нест.
Ва ин ҳукмҳо албатта дар ҳаққи шахсе аст, ки ба ихтиёраш инро мекунад , аммо шахсе, ки мачбур карда шуда бошад, ё ба ин паноҳ барад паноҳ бурдани зарурӣ монанди касе, ки бо ҳамроҳи кофирон ба ҷанги мусалмонон маҷбурӣ баромадааст ва монанди ин, пас бар вай ин ҳукм ҷорӣ намешавад, аз рӯйи гуфтаи Аллоҳ :
ۖ وَمَن يَفْعَلْ ذَٰلِكَ فَلَيْسَ مِنَ اللَّهِ فِي شَيْءٍ إِلَّا أَن تَتَّقُوا مِنْهُمْ تُقَاةً ۗ وَيُحَذِّرُكُمُ اللَّهُ نَفْسَهُ ۗ وَإِلَى اللَّهِ الْمَصِيرُ
"Магар ба хотири бартараф кардани шарру бадии кофирон ба навъе аз эҳтиёт бигиред (яъне руякӣ муомала кардан ҷоиз аст)". Оли Имрон аят 28 .
Ҳофиз дар ал-Фатҳ 12-310 аз имом Таҳовӣ (р) нақл карда аст, ки ӯ ҳикоя кардааст ки ҷосуси мусалмонро хунаш мубоҳ нест, яъне ӯ муртад нест. Пас бар вай ҳадди риддат барпо карда намешавад ва аз рӯйи сарзаниш ҳам кушта намешавад.
1). Ҳадиси қиссаи Хотиб (р)-ро Бухорӣ дар Ҷиход, боби; Ҷосус (3007) ва Муслим дар Фазоил (2494) ривоят кардаанд.
Ва имом Нававӣ дар шарҳи Муслим 16;56-57 дар шарҳ додани қиссаи Хотиб (р) мегуяд:
Олимон гуфтанд: - Маънояш барои аҳли Бадр дар охират мағфират аст вагарна бар яке онҳо ҳад, ё ғайраш лозим ояд дар дунё ҳад барпо карда мешавад. Ва Қозӣ Иёз иҷмоъро бар барпо кардани ҳад нақл кардааст ва Умар разиялЛоҳу анҳу бар баъзеашон ҳадро барпо кард ва Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам Мистаҳро ҳад зад ва ӯ Бадрӣ буд.
Ва боз иҷмоъро бар воҷиб будани барпо кардани ҳад бар аҳли Бадрро ибни Баттол дар шарҳи Бухорӣ 8-597, Ҳофиз дар ал-Фатҳ 7-306, Айнй дар Умдатул -орӣ 24-95 ва шояд аз Тавзеҳ нақл карда бошад. Ва қавли Нававиро ибни Мулфиқ дар ал-Фуруъ 6-115 ва Алӣ Қорӣ дар ал-Миркот 5-631 дар ҳоле, ки иқрору нақл карданд. Ва каломи собиқи Абдуллатифро назар карда шавад.
2). Ибни Арабӣ дар тафсири аввали сураи Мумтаҳана мегуяд: - Шахсе, ки нуқтаи заифии мусалмононро бисёр медонад ва душманонашонро ба он хабар медихад, агар ба мақсади дунявӣ кунад ва эътиқодаш солим бошад , ба сабаби ҷосусияш кофир намешавад , ҳамчуноне ки Дотиб ибни Абилбатаъа (р) ба хотире кард, ки дасте (барои ҳимояи хешовандонаш) дошта бошад ва гаштан аз динро ният надошт. Ба таҳқиқ монанди ин қавлро Абуабдуллоҳи Қуртубӣ дар тафсираш зикр кардааст. Ва Абулаббоси Қуртубӣ дар ал-Муфҳим 6-442 дар шарҳи қиссаи Хотиб (р) мегуяд: Аз ҷумлаи фиқҳи ин қисса ин аст, ки:
Муртакиби гуноҳи кабира кофир намешавад.
Ва Қозӣ Иёз 7-395 мегӯяд: - "Фоидаи ин қисса ин аст, ки ҷосусӣ кардан аз ислом намебарорад".
Ва имом Нававй (р) дар шарҳи Муслим 16-55 мегуяд: "Фоидаи ин кисса ин аст, ки ҷосусӣ ва ғайраш аз соҳибони гуноҳҳои кабира ба сабаби ин гуноҳҳояшон кофир намешаванд ва ин аз гуноҳи кабира аст, зеро ин озори Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам - ро дарбар мегирад ва ин бешак гуноҳи кабира аст, аз рӯи гуфтаи Аллоҳ :
إِنَّ الَّذِينَ يُؤْذُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا مُّهِينًا
Ҳамоно, Худо ононро, ки Худову пайғамбари Ӯро меранҷонанд, дар дунёву охират лаънат кард ва барои онҳо азоби хоркунанда муҳайё сохт.Аҳзоб аят 57
Ва шайхи ислом ибни Таймия дар Маҷмуъатул фатово 7-523 дар мавзӯи бар муқобили кофирон, мегуяд: - Ва гоҳо барои мард дӯстии онҳо аз рӯйи хешӣ, ҳосил мешавад, пас ин гуноҳ аст ба сабаби ин имонаш кам мешавад ва кофир намешавад, ҳамчуноне ки аз Хотиб (р) содир шуд. Вақте барои мушрикон баъзе ахборӣ Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам ро нависонд ва дар шаънаш Аллоҳ нозил кард:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاءَ تُلْقُونَ إِلَيْهِم بِالْمَوَدَّةِ وَقَدْ كَفَرُوا بِمَا جَاءَكُم مِّنَ الْحَقِّ يُخْرِجُونَ الرَّسُولَ وَإِيَّاكُمْ ۙ
Эй мӯъминон, душманони Ман ва душманони худро дӯст магиред: ба сабаби дӯстӣ ба сӯи онҳо пайғом меафканед. [Ҳол он ки] онҳо ба он чи аз дини рост ба шумо омадааст, кофир шудаанд, барои он ки ба Худо – Парвардигори хеш имон овардед, пайғамбар ва шуморо (низ) ҷалои ватан мекунанд.
Эй мӯъминон, душманони Ман ва душманони худро дӯст магиред: ба сабаби дӯстӣ ба сӯи онҳо пайғом меафканед. [Ҳол он ки] онҳо ба он чи аз дини рост ба шумо омадааст, кофир шудаанд, барои он ки ба Худо – Парвардигори хеш имон овардед, пайғамбар ва шуморо (низ) ҷалои ватан мекунанд. (Дӯст магиред) агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва ба талаби ризомандии Ман аз ватанҳои худ баромадаед; пинҳон ба сӯи онҳо пайғоми дӯстӣ мефиристед. Ва Ман он чиро, ки пинҳон мекунед ва он чиро, ки ошкоро менамоед, медонам. Ва ҳар ки аз шумо ин корро бикунад, пас, дар воқеъ роҳи ростро ғалат кардааст. Сура Мумтаҳана аят 1
Ва ҳамчуноне ки аз Саъд ибни Убода (р) вақте дар қиссаи ифк ибни Убайро нусрат дод, воқеъ шуд, пас барои Саъд ибни Муоз гуфт: - Қасам ба Аллоҳ ӯро намекушӣ ва бар қатлаш қудрат надорӣ.
Оиша разиялЛоҳу анҳа мегуяд: - Пеш аз ин марди солеҳ буд вале ӯро бар ин кор таассубаш водор кард.
Ва барои ин шубҳа Умар разиялЛоҳу анҳу Хотиб (р)-ро мунофиқ номид...пас Умар (р) дар мунофиқ номидани ӯ таъвилкунанда буд, аз рӯйи шубҳае, ки карда буд".
Мегуям: - Барои таъвили Умар (р) бо вуҷуде, ки амали Хотиб (р) аз дин гаштан нест, Бухорӣ қиссашро дар Адаб, боб: Ман лам яра икфара ман қола залика, ай қола лиахийҳи: Ё кофир ва наҳвиҳ мутааввилан ва дар Иститобатул муртадин боб: Фал мутааввилин ворид намудааст.
Ва Ҳофиз ибни Қайим дар Зодул миод 3;423-424 баъди зикр кардани ин қисса мегуяд: - Дар ин қисса фоида ин аст, ки: Албатта гуноҳи кабираи бузург ба ҷуз ширк, гоҳо ба некии бузурги маҳвкунанда пок мешавад.
Пас ҳар вақте собит шуд, ки кардаи Хотиб (р) аз дин гаштан нест, бар ин иҷмоъ шудааст, агар номаи Хотиб (р) ба мушрикони Макка мерасид, Қурайш ба ҷанг омода мешуданд ва ин хилофи қасди Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам аст, ки мехост ба ин ғазва онҳо хабар надошта бошанд, пас кардаи Хотиб (р) ёрии бузурге барои кофирон буд, дар ҷанге, ки аз муҳимтарин ҷангҳои ҷудокунанда дар ислом буд. Ҳар вақте ин собит шуд, дониста мешавад, ки ёрӣ додан куфр нест, то ки аз рӯйи муҳаббати кофирон ва рағбат доштан дар ғолиб омадани онҳо бар мусалмонон бошад. Ва дониста шуд, ки қавли ин ки ёрии кофирон бар муқобили мусалмонон куфр ва риддат аст, ҳарчи боиси он бошад, ҳамчуноне ки зоҳири каломи ибни Ҳазм дар ал-Мухалло 11-198 ба баъзе ҳадисҳои ваъид далел овардааст. Дар гуфтааш назари зоҳир аст. Ва собиқ каломи шайх Абдуллатифро назар карда шавад, дар он барои ин масъала тафсилу баён аст.
Шайхи ислом ибни Таймия (раҳимаҳулЛоҳ) дар Минҳоҷус суннат 5-121 дар мавзуи бар кофирон сухан кардан мегуяд: - Ва гоҳо ҷангмекунанд ва дар миёни онҳо муъмине аст, ки имонашро пинҳон мекунад, бо онҳо дар ҷанг ҳозир аст ва имкони ҳиҷрат карданро надорад ва ӯ ба қитол маҷбур кардашудааст ва дар рӯзи қиёмат вобаста ба нияташ барангехта мешавад, ҳамчуноне ки аз Паёмбари Худо Саллаллоҳу ъалайҳи вассаллам дар Саҳеҳ омадааст, ки фармуд:
- "Лашкаре барои ҷанг суйи ин хона (Каъба) ҳаракат мекунад ва чун ба Байдо мерасад, ин фантом ба замин фуру мераванд "Гуфта шуд: - Эй Расули Аллоҳ дар миёни онҳо маҷбур карда шудааст? Гуфт: "Аз руи нияташон зинда карда мешаванд".
Аллоҳу аъламу биссаваб.
بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم ونفعنا بهدي سيد المرسلين وقوله القويم أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلين والحمد لله رب العالمين.
Абӯ Муҷоҳид Хуросонӣ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев