Предыдущая публикация
Меравам то домани кӯҳи кабуд,
Рӯи қолинҳои сабзу махмалин.
То бичинам тозагулҳои баҳор
Баҳри ёри дилфиребу нозанин.
Кӯҳ ҳам гӯё, ки ошиқ гашта буд,
Буд аз ҳар гуна гул пур доманаш.
Гуиё мерехт оби шаршара
Ҳамчу ашки дида бар пироҳанаш.
«Дӯст медорам туро»- гуфтам ба кӯҳ,
Дасту рӯ шуста ба оби шаршара.
«Дӯст медорам туро»- мегуфт кӯҳ,
Акс меомад зи ҳар санги дара.
Чида гул аз домани хушранги кӯҳ
Пеши ёри маҳвашам биштофтам.
Ҳамчу рамзи покию ишқу вафо
Ман варо бар доманаш партофтам.
«Дӯст медорам туро»- гуфтам ба ӯ,
«Ғайри ту ёре ба ман даркор нест»
Лек афсӯс, аз вуҷуди санги ӯ
Акси овози маро такрор нест…
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев