Предыдущая публикация
То зи ту хушнуд шавад Кирдигор.
Сояи хуршедсаворон талаб,
Ранҷи худу роҳати ёрон талаб.
Додситонӣ куну дармондиҳӣ,
То расонанд ба фармондиҳӣ.
Гарм шав аз меҳру зи кин сард бош,
Чун маҳу хуршед ҷавонмард бош.
Ҳар кӣ ба некӣ амал оғоз кард,
Некии у руй бад–у боз кард.
Гунбади¹ гарданда зи руйи қиёс²,
Ҳаст ба некиву бадӣ ҳақшинос.
Тоат кун, руй битоб аз гуноҳ,
То нашавӣ чун хиҷилон узрхоҳ.
Ҳосили дунё чу яке тоат аст,
Тоат кун, к–аз ҳама беҳ тоат аст.
Гар ба сухан кор муяссар шудӣ,
Кори Низомӣ ба фалак баршудӣ!
Низомии ГАНЧАВИ
🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев