Овардаанд, ки рузе як мачуси ба дари хонаи Иброхими Халилуллох ( а) омад, ки шаб дар он чо мехмон шавад. Халилуллох (а) гуфт: Ту мачуси ва аз дин бегона, хар гох тарки дини мачуси карда, мусалмон шави, ман туро мехмон кунам. Мачуси ин суханро шунида, маркаби худро гардонида ба рохи дигар рафт. Дархол вахйи Илохи нозил шуд, ки ё Иброхим, агар он мачусиро мехмон мекарди, дини мачусии он ба ту чи зарар дошт? Муддати хафтод сол аст, ки ман уро таъом ва шароб медихам, ягон бор нагуфтаам, ки аз дини мачуси баргардад. Хазрати Иброхим ( а ) аз Вочиби Таъоло ин хитоби итобомезро шунида, аз акиби он мачуси давида, уро ёфт. Гуфт:Эй мехмон, баргард, ки туро мехмондори кунам. Мачуси гуфт: Во ачабо, хозир маро аз хонаи худ ронди, акнун ба талаби ман аз рохи дур пиёда омада мегуи, ки мехмондории туро мекунам. Иброхим ( а ) гуфтанд, ки аз барои рондани ту Аллох Таъоло ба ман итоб кард, бинобар он ба талаби ту омадам. Мачуси худро аз болои маркаб партофта гуфт:
Зихи Худои мехрубони бехамто, ки аз барои душмане, ба дусти худ итоб куни. Дархол, калимаи Шаходатро гуфта мусалмон шуд.(?)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев