НАВИШТАҶОТИ САНГИ САРИ ҚАБР
Ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ (а.с.) бар амри ваҳии Худованди Карим (ҷ.ҷ.) барои дидани аҷоибот ба кӯҳ мебарояд. Дар кӯҳ қабреро мебинад. Аз навиштаи санг бармеояд, ки соҳиби қабр Шаддод бинни Од мебошад. Дар болои қабр дар лавҳае чунин навишта шудааст: “Ман, Шаддод, писари Од ҳастам. Ҳазор сол умр дидам. Ҳазор артишро мағлуб кардам. Бо ҳазор духтар издивоҷ кардам. Соҳиби ҳазор фарзанд шудам. Бар қавми Ирам роҳбарӣ намудам. Вақти беморӣ тамоми табибонро болои сарам ҷамъ намудам, аммо аз марг раҳоӣ наёфтам. Аз ман ибрат гиред ва фирефтаи дунё нашавед. Роҳе ёбед, ки маргро бо роҳи осон пешвоз бигиред. Агар роҳи раҳоӣ аз марг мебуд, ман мегурехтам. Модоме ки ман гурехта натавонистам, шумо ҳаргиз гурехта наметавонед, зеро аз ман зиёдтар соҳиби дунё нахоҳед шуд. Аз ман зиёдтар умр нахоҳед дид. Аз ман зиёдтар соҳиби молу мулк нахоҳед шуд. Инро хуб бидонед, ки дунё фиребдиҳанда аст ва шуморо нобуд кардан мегирад”.
*** Шайх Аттор фармудааст:
Умрро медон ғанимат ҳар нафас,
Чун равад, дигар наояд бозпас.
Мо, худ қазоват кунем, ки чи сад ва чи ҳазор сол умр бубинем, оқибат марг аст. Дарозумрӣ фазилат нест, балки некумрӣ фазилат аст. Чунон зиндагие кунем, ки ҳам дунё ва қиёмати худро наҷот диҳем ва ҳам василаи наҷоти дигарон бишавем.
ХУДОБАХШ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев