Предыдущая публикация
Эй бахти хоболудаам, бигрез аз домони оҳ,.
Дар номаҳо номи ту буд, имзои пайғоми ту буд,
Ишқам китоби ҷурмҳо, эй дил, рафиқи кинахоҳ.
Баҳри суоли ин дилам занг мезанам ман бар фалак ,
То гӯяд аз тақдири бад, аз азму бахти нимароҳ.
Умри дилам поён расад, сад ғуссаи даврон расад,
Дорам сафар аз шаҳри дил дар кулворам сад гуноҳ.
Ранҷи қадимӣ як тараф, дарди ятимӣ як тараф,
Овораи дунёи ғам афсӯси бахти бепаноҳ.
Бин, соати дасти фалак вайрону абтар гаштааст
Тақвими рӯзи сахти ман бе соат асту солу моҳ.
АНИСА МАНОНОВА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев