Давомаш:
Боз ҳам бо илм ба натиҷа ошиқ хоҳам шуд, боз ҳам девонагӣ хоҳам кард, боз ҳам бо одамҳои иштибоҳ ошно хоҳам шуд, ҳарф хоҳам зад, эътимод хоҳам кард ва зарба хоҳам хӯрд. Ман боз ҳам ҳамон роҳҳои иштибоҳро хоҳам рафт, ҳамон тасмимоти иштибоҳро хоҳам гирифт ва дар ҳамон чоҳҳои иштибоҳ хоҳам афтод. Ман боз ҳам сарамро ба ҳамон сангҳо хоҳам куфт, ҳамон корҳои ғалатро хоҳам кард ва ҳамон натиҷаи ғалатро хоҳам гирифт. Муҳим нест, онон чӣ фикре мекунанд ва қарор нест зиндагии манро фикрҳои дигарон бисозад! Ман тамоми чизе, ки ҳастиамро мадюни ҳамин тикаҳои иштибоҳам, ки пушти сар гузоштаам. Ҳатто ҳамон одамҳои иштибоҳе, ҳатто ҳамон роҳи ноҳамворе, ки ҳазор бор дар он замин хӯрдам, таваққуф кардам, даст кашидам ва ноумед шудам! Ҳатто ҳамон захмҳо, ҳамон сангҳо, ҳамон иттифоқот, ҳамон шикастҳо, ҳамон одамҳо...
Ҳамаашон лазмаи таъоули ман буданд бидуни шак, ҳамаашон бояд иттифоқ меафтоданд, то шинохт ва эҳсоси маро ба такомул наздиктар кунанд. Мо наёмадаем, ки иштибоҳ накунем, омадаем, ки ло ба лои ин ҳама иштибоҳу дард бузург шавем, рӯҳи мантиқиямонро сайқал диҳем ва инсони беҳтаре бошем.
Мо омадаем, ки дарс бигирем ва таҷриба кунем ва ба такомул бирасем.
Мо омадаем, ки то расидан ба таақул, девонагӣ кунем.
✍️Наргис Сарофиён Тӯфон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев