Туро сарсону ҳайрон мекунад зан,
Туро хушбахти даврон мекунад зан.
Агар хоҳад, туро дар як дақиқа
Ба хоки тира яксон мекунад зан.
Туро зан мебарад то авҷи гардун,
Дилатро мекашад аз сина берун.
Туро зан мекунад осудахотир,
Агар бошӣ ҳама умре ҷигархун.
Туро зан мебарад бар сӯйи соҳил,
Зи ту бо меҳрубонӣ мебарад дил.
Агар ғофил шавӣ як дам зи макраш,
Бароят медиҳад заҳри ҳалоҳил.
Туро машҳури дунё мекунад зан,
Туро дар қуттие ҷо мекунад зан.
Агарчи сарфарозӣ байни мардум,
Туро хоки таҳи по мекунад зан.
Туро хотирпарешон мекунад зан,
Туро сад мушкил осон мекунад зан.
Туро як пири донову хирадманд,
Туро тифли дабистон мекунад зан.
Туро зан сарбаланду шод созад,
Туро сарсабзу ҳам обод созад.
Вале гоҳо ҳамин зан, эй бародар,
Ҳама уммедро барбод созад.
Чу зан моро набошад, мо ғарибем,
Зи шаҳди зиндагонӣ бенасибем.
Агарчанде ки бо ӯ сарбаландем,
Гање аз дасташ, аммо сарнишебем.
Туро султону соил мекунад зан,
Ба сӯйи хеш моил мекунад зан.
Хирадмандӣ агар, нодон кунад ӯ,
В-агар баръакс, оқил мекунад зан.
Туро зан менамояд тоҷ аз зар,
Туро зан мегузорад тоҷ бар сар.
Туро зан мекунад султони дунё,
Туро зан мекунад бехонаю дар.
Туро зан оқилу фарзона созад,
Туро зан сокини майхона созад.
Агар дорӣ ту қасри сарбаланде,
Варо зан оқибат вайрона созад.
Магӯ занро ту бад, эй марди оқил,
Ки мо хорем бе ин хушшамоил.
Агар зан нест, мардонро ғами ӯ
Расонад оқибат бар сактаи дил.
7.7.2010. Некнот
Кӯҳзод Фатҳулло
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Лаби пурханда дорад кина дар дил
Дилатро об кунад монанди собун
Дар рох,и ишк,бози мешави сил