👇👇👇👇
✍️ Қиссаи Алқама ( разиАллоҳу ъанҳу ) *
Саҳобаи киром Анас ибни Молик ( разиАллоҳу ъанҳу ) ривоят мекунанд : " Ҷавоне буд дар аҳди Ҳазрати Расулуллоҳ ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) номи У Алқама , пайваста тоъату ъибодатҳои зиёд мекард қоимуллайл ва соимуннаҳор буд , яъне шабҳоро ба Намоз руз менамуда ва рузҳоро руза мегирифт, дар роҳи Худои Таъоло эҳсонҳое мекард бешумор , ногоҳ У дар ҳолати назъ ( ҷондиҳи ) афтод Завҷаи Алқама омада ба Пайғaмбар ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) ҳоли воқеъаро хабар дод , Ҳазрати Расулуллоҳ ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) аз Саҳобагон Ҳазрати Али , Салмони Форси , Аммор ибни Ёсир , Билоли Ҳабаши ( разиАллоҳу ъанҳу ) - ро фиристоданд то назди Алқама рафта талқини калимаи Шаҳодат кунанд , вақте ки Онҳо омада ба У талқини калимаи Шаҳодат намуданд забони Алқама аз гуфтани калима дар банд шуд ҳарчанд кушиданд ба забони У калом наомад , Ҳазрати Али ( разиАллоҳу ъанҳу ) Билол ( разиАллоҳу ъанҳу ) - ро назди Пайғaмбар ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) фиристоданд то аз ҳоли воқеъа огоҳ созанд , вақте ки Расули Акрам ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) ин хабарро шуниданд дарҳол пурсиданд ки : " Алқама Падару Модар дорад ? Гуфтанд ки Падараш аз Дунё рафта аммо Модари куҳансол дорад ", Пайғaмбар ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) Ҳазрати Билол ( разиАллоҳу ъанҳу ) - ро гуфтанд : " Биравед ба Модари Алқама бигуед ки Расули Худо ба Шумо салом расониданд ва гуфтанд агар тавонанд назди Ман биёянд ва агар натавонанд Ман назди Эшон меравам ", Ҳазрати Билол ( разиАллоҳу ъанҳу ) пайғoми Расули Худоро ба Модари Алқама расониданд , Модари Алқама гуфт : " Агар ҳазор ҷон дошта бошам фидои пайғoми Расули Худо бод ", дарҳол бархост ва биёмад , Расули Худо ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) аз Модари Алқама пурсиданд ки рост бигуед : " Аз Фарзанди Худ рози ҳастед ? " Модари Алқама гуфт : " Эй Расули Худо Писарам Алқама Ҷавоне аст ки доимо ба тоъату ъибодат машғyл шабҳо Намоз мегузорад рузҳо руза мегирад дар роҳи Худо эҳсонҳое мекунад ки ҳисоб надорад аммо бо вуҷуди ин ҳам Ман аз Вай рози нестам ", Расул ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) пурсиданд : " Чаро аз Вай рози нестед ? " Гуфт : " Аз барои он ки ризои Зани Худро аз ризои Ман беҳтар медонад ва Маро бисёр озор медиҳад ", Расули Худо ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) фармуданд ки : " Эй Модар аз гуноҳи Фарзандатон даргузаред ва аз У рози бошед ки аз сабаби рози набудани Шумо забонаш ба калима овардан намегардад ", Модари Алқама гуфт : " Ҳаргиз аз У рози нестам ва гуноҳашро авф накунам ки Маро бисёр озор додааст ", Расул ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) ба Ҳазрати Билол ( разиАллоҳу ъанҳу ) фармуданд то Саҳобагонро ҷамъ оварданд ва Алқамаро зинда бисузонанд то У аз оташи он Ҷаҳон озод бошад , чун Саҳобагон ҳезуми бисёр ҷамъ карданд Модари Алқама ин ҳолро бидид дарҳол руй ба Расули Худо ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) карду гуфт : " Эй Пайғaмбари Худо ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) ин Фарзанди Ман самараи қалбам ҷигаргушаамро дар пеши чашмам бисузед дилам чи гуна ба ин тоқат меорад ? Расул ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) гуфтанд : " Эй Модар ъазоби Худои Таъоло ва оташи Дузах аз ин сахттар ва сузонтар аст агар хоҳед ки Фарзандатон аз ин ъазобҳо халос гардад аз У рози шавед вагарна ҳеҷ тоъату ъибодат ба У ёри нахоҳад кард ", Модари Алқама гуфт : " Эй Расули Худо ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) Шумо гувоҳ бошед ва Саҳобагон низ гувоҳ бошанд ки Ман аз Вай рози шудам ва аз гуноҳаш даргузаштам ", баъд аз он Расул ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) фармуданд : " Эй Билол Алқамаро хабар гиред ки забонаш ба калима гуфтан мегардад ё на ? Ҳазрати Билол ( разиАллоҳу ъанҳу ) чун рафтанд ба дари хонаи Алқама расиданд шуниданд ки У калимаи Шаҳодат арза мекард ва баъди чанд лаҳза ҷон ба Ҳақ таслим кард , ҳамон руз Худи Расули Акрам ( СаллАллоҳу ъалайҳи ва саллам ) Намози ҷанозаи Уро хонданд ва баъди дафн ба Саҳобагон руй оварда гуфтанд : " Эй аҳли Муҳоҷирону Ансор , бидонед ва огоҳ бошед ҳар Кас ки фазилат ниҳад Зани Худро ба Модар ва Уро озор расонад дар лаънати Худо ва Фариштагон бошад ва дар дами марг аз Дунё беимон равад ва ҷои У дар Дузах бошад Худованд фарзу нафли Уро ҳаргиз напазирад ."
( " Риёзу н носиҳин " )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Ахсан бехтарин кисса пандест барои чавонони имруз кош аз руи хамин панд кор мегирифтанд
Худованд умри тамоми волидонро дароз гардонад ва давлати пири дихад
Шукри Аллох ки чунин волидони азиз ва мехрубон дорем харчанд озор дихем вале онхо моро мебахшанд