ДУНЁ АЗ СЕ РӮЗ ИБОРАТ АСТ:
ДИРӮЗ, ИМРӮЗ, ФАРДО.....
Бояд ҳар як лаҳзаи зиндагиро қадр кард,бо ин гуна фикру андеша зист, ки гӯё танҳо як рӯзи зиндагиамон боқӣ мондааст.
Зеро агар чунин мулоҳиза кунем боз ҳам ба қадри вақт бештар мерасем,сонияҳоро дарк мекунем...
Аксарияти мо фикр мекунем, ки хеле ҳам фурсати зиёд дорем,вале кутоҳандешии худро танҳо дар лаҳзаҳои охирини ҳаёти худ дарк мекунем,дар пайи ислоҳи хатоҳои худ мешавем,вале дер мешавад...
Бовар кунед,зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст,барои баъзеҳо 80 сол,барои баъзеҳо 50 сол,30 сол,20 сол ва ҳатто 1 сол...вале мо намедонем, ки насибаи мо кадоме аз инҳо бошад.
Ҳазрати Бедил мефармояд:
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Оре,бе шакку гумон чунин аст,чунин буд ва чунин хоҳад шуд...
Ҳеҷ вақт ба худатон баҳои паст надиҳед,худро дӯст доред ва ишқ биварзед.
Беманфаат ишқ варзидан чӣ хел зебост?!
Ин дунё ба касе вафо накард,ба мову шумо куҷо вафо мекунад?
Кӣ медонад ин аҷуза боз арӯси чандто домоди дигар мешуда бошад...
Комментарии 3