1.Бо зан хушмуомила будан ва дағалӣ накардан.
2.Агар зан аз рӯи нодонӣ ё камтаҷрибагӣ хатое содир кунад, онро бахшидан. Барои ислоҳи камбудӣ ба зан бо хубӣ бифаҳмонад, то дар оянда онро такрор нанамояд. Беҳуда барои як камбудӣ хашму ғазаб накунад.
3.Дар ғайрат эътидол намояд. Ин ба он маъност, ки ба зан беҳуда рашку бадгумонӣ накунад. Инчунин нисбат ба зан ғофил намонад, то ӯ бо мардони бегона робита накунад.
4.Дар нафақаи зан миёнарав бошад. Беш аз ҳад тангӣ накунад ва ба исрофкории зиёд низ роҳ надиҳад.
5.Аҳкоми ҳайзу нифосро ёд гирифта, ба зан ёд диҳад. Ӯро ба намоз амр намояд ва аз амалҳои ҳарому макрӯҳ ва бидъат манъ кунад.
6.Ба қадри зарурат бо зан ҳамхобагӣ кунад. Яъне, дурудароз аз зан канораҷӯӣ ва дурӣ нанамояд.
7. Бе зарурат занро талоқ надиҳад.
8. Занро бо сарпаноҳ (хона, манзил) таъмин намояд.
9. Ба зан иҷозати мулоқот бо маҳрамҳояш (падар, модар, амак, тағо, ҷиян) диҳад.
10.Суханони маҳрамонаи ба ҳамсараш гуфтаашро ба дигарон нагӯяд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7