4. Талабот ба эмитент оид ба тартиб ва ҳаҷми ошкор кардани ахборот дар бораи барориши коғазҳои қиматнок бо мақсади ворид кардан ба феҳристи коғазҳои қиматнок бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок мутобиқи Қонуни мазкур муқаррар карда мешаванд.
5. Шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод накардани маълумот ё пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ оид ба барориши коғазҳои қиматнок барои ворид кардани он ба Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷм ва тартибе, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муқаррар кардаанд, масъулият доранд.
6. Ҳар шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбударо, ба истиснои маълумоте, ки дар қисми 6 моддаи 29 Қонуни мазкур дарҷ гардидааст, дастрас намояд.
7. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби дастрасӣ ба иттилооте, ки дар он мавҷуд аст, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муайян карда мешаванд.
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
ДАР БОРАИ
КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОКИ ЭМИССИОНӢ
Моддаи 13. Муқаррароти умумӣ
1. Коғазҳои қиматноки эмиссионӣ метавонанд номӣ ё манзурӣ бошанд. Коғазҳои қиматноки эмиссионии номӣ метавонанд дар шакли ҳуҷҷатӣ ва ғайриҳуҷҷатӣ бароварда шаванд. Коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурӣ метавонанд танҳо дар шакли ҳуҷҷатӣ бароварда шаванд.
2. Бо талаби соҳиби он метавонад як сертификат барои ду ё зиёда коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурии бадастовардаи як барориш дода шавад.
3. Сертификати коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурӣ бояд маълумотеро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, дошта бошад.
4. Миқдори умумии коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурӣ, ки дар ҳамаи сертификатҳои додашудаи эмитент нишон дода шудааст, набояд аз шумораи коғазҳои қиматноки эмиссионии манзурии барориши мазкур зиёд бошад.
5. Ҳама гуна ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкие, ки дар шакли ҳуҷҷатӣ ё ғайриҳуҷҷатӣ дарҷ гардидаанд, новобаста ба номгӯи онҳо коғазҳои қиматноки эмиссионӣ мебошанд, агар шартҳои пайдоиш ва гардиши онҳо ба маҷмӯи аломатҳои коғазҳои қиматноки эмиссионӣ мувофиқат кунанд.
6. Эмитентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд коғазҳои қиматнокро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок паҳн кунанд.
7. Ташкили гардиши коғазҳои қиматноки эмиссионии эмитент-резидент берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути паҳнкунӣ мутобиқи ҳуқуқи хориҷии коғазҳои қиматноки эмитенти хориҷӣ, ки ҳуқуқҳоро нисбат ба коғазҳои қиматноки эмиссионии эмитент-резидент тасдиқ мекунад, танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок амалӣ карда мешавад.
8. Иҷозати мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳангоми риоя намудани шартҳои зерин дода мешавад, агар:
- бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмитент-резидент амалӣ гардида бошад;
- коғазҳои қиматноки эмитент-резидент ба рӯйхати нархгузории биржаи фондӣ ворид карда шуда бошанд;
- дигар талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя шуда бошанд.
9. Иҷозат барои паҳнкунӣ ва ё гардиши коғазҳои қиматноки эмитент-резидент берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризае, ки ба он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи талаботи моддаи мазкур замима мегарданд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок дода мешавад. Номгӯи чунин ҳуҷҷатҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муайян карда мешавад.
10. Иҷозат барои паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмитентҳо-резидентҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар як вақт бо қайди давлатии барориши (барориши иловагии) чунин коғазҳои қиматнок дода шавад.
11. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ӯҳдадор аст иҷозати мазкурро диҳад ё дар бораи рад кардани он дар давоми сӣ рӯзи баъд аз санаи гирифтани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ қарори далелнок қабул намояд.
12. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад оид ба саҳеҳ будани маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозат пешниҳод шудааст, санҷиш гузаронад. Дар ин ҳолат мӯҳлати пешбининамудаи қисми 11 моддаи мазкур метавонад дар муддати гузаронидани санҷиш, вале на зиёда аз даҳ рӯз тамдид карда шавад.
13. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок метавонад чораҳо андешад, то ки коғазҳои қиматноки манзурӣ бо мақсади қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм истифода нашаванд.
14. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок бо талаби қонунии мақоми ваколатдори мубориза ба муқобили қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм бояд барориши коғазҳои қиматноки манзуриро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намояд.
Моддаи 14. Қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ
1. Қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ бояд инҳоро дар бар гирад:
- номи пурраи эмитент, маҳалли ҷойгиршавии он ва суроғаи почтавӣ;
- санаи қабули қарор дар бораи паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- номи мақоми ваколатдори эмитент, ки қарорро дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ тасдиқ кардааст;
- санаи тасдиқи қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- андозаи сармояи оинномавии эмитент;
- мақсадҳо ва самти фаъолияти ӯ;
- нишондодҳои шахсони мансабдори роҳбарикунандаи эмитент;
- номи мақоми назораткунанда;
- маълумот оид ба паҳнкунии коғазҳои қиматноки барориши пештар (дар ҳолати паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионии иловагӣ);
- мақсади барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- намуд, категорияи (шакли) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- ҳуқуқҳои молик, ки дар коғази қиматноки эмиссионӣ дарҷ гардидаанд;
- тартиби паҳнкунии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- нишондоди маблағи умумӣ ва миқдори коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар барориши мазкур (барориши иловагӣ);
- тартиби пардохти суди саҳмияҳо (дивидендҳо);
- мӯҳлати обунашавӣ ба коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- нишондоди шакли коғазҳои қиматноки эмиссионӣ (номӣ ё манзурӣ);
- арзиши номиналии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- мӯҳлати баргардонидани маблағҳо ҳангоми даст кашидан аз гузаронидани барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ;
- имзои шахсе, ки вазифаи мақоми иҷроияи эмитентро амалӣ менамояд, мӯҳри эмитент;
- маълумоти дигаре, ки бо Қонуни мазкур ва оинномаи эмитент пешбинӣ шудааст.
2. Қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионии ҷамъияти саҳомӣ аз ҷониби шӯрои директорон (шӯрои нозирон) тасдиқ карда мешавад.
3. Ҷамъияти саҳомӣ танҳо пас аз пардохти пурраи арзиши ҳамаи саҳмияҳо аз ҷониби саҳмдорон дар бораи барориши вомбаргҳо қарор қабул карда метавонад.
4. Қарор дар бораи барориши вомбаргҳо, ки аз рӯи онҳо иҷрои ӯҳдадориҳои эмитент ба тариқи гарав, кафолати бонкӣ ё дигар усулҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ таъмин карда мешавад, инчунин бояд маълумотро дар бораи шахси таъминкунанда ва шартҳои таъминот дар бар гирад.
5. Таркиби маълумот дар бораи шахсе, ки таъминот пешниҳод мекунад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат қарор дар бораи барориши вомбарг, инчунин бояд аз ҷониби шахсе, ки чунин таъминотро фароҳам овардааст, ба имзо расонида шавад.
6. Вомбарге, ки иҷрои ӯҳдадориҳои он бо яке аз усулҳои дар моддаи мазкур зикршуда таъмин мегардад, ба дорандаи он ҳуқуқи талаб карданро нисбат ба шахси фароҳамсозандаи чунин таъминот низ медиҳад.
7. Эмитент ҳуқуқ надорад қарори барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссиониро дар қисмати ҳаҷми ҳуқуқҳо оид ба коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки бо ин қарор муқаррар карда шудааст, пас аз қайди давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ тағйир диҳад.
8. Қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар ду нусха таҳия мегардад. Пас аз бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ як нусхаи қарор дар бораи коғазҳои қиматноки эмиссионӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок нигоҳ дошта мешавад, як нусхаи дигар бошад, ба эмитент дода мешавад.
9. Ҳангоми мавҷуд будани номувофиқӣ дар матнҳои нусхаҳои қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ афзалият ба матни ҳуҷҷате дода мешавад, ки дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок нигоҳ дошта мешавад.
10. Ҳангоми бақайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба ҳар нусхаи қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ оид ба бадқайдгирии давлатии барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ба қайд гузошта мешавад ва рақами бақайдгирии давлатии додашуда ба барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионӣ нишон дода мешавад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев