Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди барориш, паҳнкунӣ, гардиш ва пардохти коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии эмитент, хусусияти таъсисдиҳӣ ва фаъолияти субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим намуда, тартиби танзим ва назоратро дар бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади таъмини амали бехавф, кушода ва самараноки бозори коғазҳои қиматнок, ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва дорандагони коғазҳои қиматнок, рақобати боинсофонаи иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- андеррайтинг - аз ҷониби андеррайтер дар асоси созишнома бо эмитенти коғазҳои қиматнок гузаронидани обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё фурӯши коғазҳои қиматноке, ки бо тариқи эмиссияи оммавӣ бароварда шудаанд;
- андеррайтер - иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки бо эмитенти коғазҳои қиматнок бо ӯҳдадории гузаронидани обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё фурӯши коғазҳои қиматноки ба тариқи эмиссияи оммавӣ баровардашуда ё таъмини обунашавӣ ба коғазҳои қиматнок ё хариди онҳо аз ҷониби шахсони дигар шартнома мебандад;
- барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ - маҷмӯи ҳамаи коғазҳои қиматноки як эмитент, ки арзиши номиналии баробар доранд ва ба дорандагони онҳо вобаста аз намуди онҳо андозаи баробари ҳуқуқҳоро медиҳанд. Ба барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ рақами ягонаи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад, ки он нисбат ба ҳамаи коғазҳои қиматноки эмиссионии барориши мазкур паҳн мегардад. Барориши коғазҳои қиматноки эмиссионӣ бо роҳи бақайдгирии тарҳи барориш амалӣ карда мешавад;
- барориши иловагии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ - маҷмӯи коғазҳои қиматнок, ки иловатан ба коғазҳои қиматноки пештар паҳнгардида паҳн карда мешаванд;
- бастаи калони саҳмияҳо - 5 фоиз ва зиёда аз он саҳмияҳои оддии аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ баровардашуда;
- бастаи саҳмияҳои назоратӣ - беш аз 50 фоизи саҳмияҳои оддии аз тарафи ҷамъияти саҳомӣ баровардашуда;
- биржаи фондӣ - ташкилоте, ки аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ташкил шуда, дар шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ таъсис меёбад ва ҷиҳати мусоидат барои бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок бевосита хизмат мерасонад;
- бозори аввалияи коғазҳои қиматнок - муносибатҳое, ки дар раванди аз ҷониби эмитент бегонакунии коғазҳои қиматнок ба соҳибони аввал тавассути бастани аҳди граждании ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешаванд;
- бозори муташаккили коғазҳои қиматнок - доираи гардиши коғазҳои қиматнок, ки дар он аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок бо расмиёт ва шартҳое танзим мешаванд, ки ташкилкунандаи савдо барои иштирокчиёни ин аҳдҳо мутобиқи қонунгузорӣ муқаррар кардааст;
- бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок - доираи гардиши коғазҳои қиматнок, ки дар он аҳд бо коғазҳои қиматнок бе риояи талаботи бозори муташаккил амалӣ карда мешавад;
- бозори такрории коғазҳои қиматнок - муносибатҳое, ки дар раванди муомилоти коғазҳои қиматноки пештар баровардашуда байни субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок сурат мегиранд, ба истиснои муносибатҳо дар бозори аввалияи коғазҳои қиматнок;
- вомбарг - коғази қиматноки эмиссионӣ мебошад, ки ҳуқуқи дорандаи онро барои аз шахси барорандаи вомбарг дар мӯҳлати дар он пешбинишуда гирифтани арзиши номиналии вомбарг ё дигар молу мулки ба он баробарро тасдиқ менамояд, инчунин ба дорандаи он ҳуқуқи гирифтани фоизи он аз арзиши номиналии вомбарг ё ҳуқуқҳои дигари молумулкиро медиҳад;
- гардиши коғазҳои қиматнок - бастани аҳдҳои гражданӣ - ҳуқуқӣ оид ба коғазҳои қиматнок дар бозори такрорӣ;
- делистинг - расмиёти аз ҷониби биржаи фондӣ хориҷ намудани коғазҳои қиматнок аз рӯйхати нархгузорӣ;
- дороиҳои сармоягузорӣ - маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, дороиҳои дигар, ки мақоми давлатии ваколатдорнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҳамчун дороиҳои сармоягузорӣ муайян намудааст;
- дорандаи номиналӣ - шахс, иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки соҳибмулки коғазҳои қиматнок намебошад, манфиатҳои саҳмдорро нисбат ба коғазҳои қиматнок намояндагӣ мекунад ва иҷрои ҳуқуқҳоро ба онҳо аз номи худ ва бо супориши соҳибмулк дар асоси шартнома амалӣ менамояд;
- инсайдер - шахсе, ки бо сабаби соҳибӣ намудани саҳмияҳои (ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии) эмитент ё шахси бонуфузи он, аъзогӣ дар мақоми идоракунии эмитент ё шахси бонуфузи он, бастани шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи граждании ҳуқуқӣ бо эмитент ё бо шахси бонуфузи он, ваколатҳои ба ӯ ҳамчун мансабдори мақоми давлатӣ додашуда, инчунин дар ҳолатҳои дигари бо қонунгузорӣ муқарраргардида ба маълумоти инсайдерӣ дастрасӣ дорад;
- иттилооти махфӣ - ҳама гуна иттилооте, ки оммавӣ (кушода) набуда, ошкор кардани он метавонад ба нархи бозории коғазҳои қиматноки баровардаи эмитент, аҳдҳо бо онҳо, ба худи эмитент ва фаъолияти он, инчунин ба шахсони дигаре, ки иттилооти мазкур ба онҳо дахл дорад, таъсир мерасонад;
- иттилооти ба ҳама дастрас дар бозори коғазҳои қиматнок - маълумоте, ки мувофиқи Қонуни мазкур бояд ошкор карда шавад;
- иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок - шахси ҳуқуқие, ки дорои иҷозатнома барои амалӣ намудани як ё якчанд намудҳои фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок мебошад;
- иҷрои аҳди биржавӣ - иҷрои ҳисобҳо аз рӯи аҳди бо коғазҳои қиматнок дар биржаи фондӣ басташуда тавассути аз ҷониби тарафҳо иҷро кардани ӯҳдадориҳое, ки аз аҳд бармеоянд;
- коғази қиматноки эмиссионӣ - коғази қиматноке, ки дар як вақт дорои аломатҳои зерин мебошад: маҷмӯи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро, ки боиси шаҳодат додан, гузашт кардан ва иҷрои қатъӣ бо риояи шакл ва тартибе, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, дар худ нигоҳ медорад, бо барориш паҳн карда мешавад, андоза ва мӯҳлати баробари иҷрои ҳуқуқҳоро дар дохили як барориш, новобаста ба вақти ба даст овардани коғази қиматнок, дорад;
- коғазҳои қиматноки эмиссионии номӣ - коғазҳои қиматноке, ки маълумот дар бораи соҳибони он ба эмитент дар шакли феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок бояд дастрас бошад, гузариши ҳуқуқҳо ба он ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои бо он алоқамандбуда ҳаммонандкунии ҳатмии соҳиби онро талаб менамоянд;
- листинг - расмиёти ворид намудани коғазҳои қиматнок ба рӯйхати нархгузории биржаи фондӣ;
- маълумоти инсайдерӣ - ҳама гуна маълумот оид ба коғазҳои қиматноки эмиссионӣ ва амалиёт бо онҳо, инчунин дар бораи эмитенти ин коғазҳои қиматнок ва фаъолияти ӯ, ки ба шахсони сеюм маълум нест ва ошкор кардани он ба арзиши бозории ин коғазҳои қиматнок метавонад таъсир расонад;
- намуди ғайриҳуҷҷатии коғазҳои қиматноки эмиссионӣ - намуди коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки соҳиби он дар асоси навиштаҷот дар низоми пешбурди феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок ё дар ҳолати ба нигоҳдорӣ супоридани коғазҳои қиматнок, дар асоси навиштаҷот дар ҳисоби депо муайян карда мешавад;
- паҳнкунии коғазҳои қиматнок - бегона кардани коғазҳои қиматноки эмитент ба соҳибони аввал тавассути бастани аҳдҳои граждании ҳуқуқӣ;
- пешниҳоди шахсӣ - пешниҳод оид ба паҳнкунӣ ё фурӯш дар бозори коғазҳои қиматнок ба гурӯҳи шахсоне, ки ҳайати он пешакӣ муайян карда шудааст;
- пешниҳоди оммавӣ - пешниҳод оид ба паҳнкунӣ ва фурӯши коғазҳои қиматнок, ки ба ҳама гуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манзур гардидааст, ба истиснои пешниҳоди шахсӣ, фурӯши коғазҳои қиматнок дар раванди амалӣ намудани мурофиаи муфлисшавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фурӯши коғазҳои қиматнок ҳангоми иҷрои истеҳсолоти судӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- рақами бақайдгирии давлатӣ - коди рақамӣ (ҳарфӣ, аломатӣ), ки барориши мушаххаси (барориши иловагии) коғазҳои қиматноки эмиссионии ба қайди давлатӣ гирифташавандаро муайян менамояд;
- рӯйхати нархгузорӣ - номгӯи коғазҳои қиматноки эмиссионӣ, ки ба талаботи ташкилкунандагони савдо ҷавобгӯ буда, бо тартиби муқарраргардида ба савдо роҳ дода шудаанд ва нисбати онҳо бо ҳуҷҷатҳои дохилии биржаи фондӣ талаботи махсус (листингӣ) ба коғазҳои қиматнок ва эмитентҳои онҳо муқаррар карда шудааст;
- сармоягузор - шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маблағгузориро ба коғазҳои қиматнок анҷом медиҳад;
- сармоягузори институтсионалӣ - шахси ҳуқуқие, ки маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади сармоягузорӣ ба дороиҳои сармоявӣ ҷалб менамояд;
- сармоягузори инфиродӣ - сармоягузоре, ки сармоягузори институтсионалӣ намебошад;
- саҳмия - коғази қиматноки эмиссионӣ мебошад, ки ҷамъияти саҳомӣ мебарорад ва вобаста ба намуд ва категория ҳуқуқи саҳмдоронро барои гирифтани суди саҳмия (дивиденд), иштирок дар идоракунии ҷамъияти саҳомӣ, гирифтани қисми молу мулки ҷамъияти саҳомӣ, ки пас аз барҳам додани он боқӣ мемонад, тасдиқ менамояд;
- сертификати коғазҳои қиматноки эмиссионӣ - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби эмитент бароварда мешавад ва маҷмӯи ҳуқуқҳоро ба миқдори дар сертификат зикргардидаи коғазҳои қиматнок тасдиқ мекунад. Соҳиби коғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад аз эмитент иҷрои ӯҳдадориҳои онро дар асоси чунин сертификат талаб намояд;
- низоми савдои биржаи фондӣ - маҷмӯи қоидаҳо, расмиёти гузаронидани савдо, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ҳисоббарор, таъминоти барномавӣ, махзани маълумот, воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва таҷҳизоти дигар, ки имконияти бастани аҳдҳо, тақвият додан, нигоҳ доштан, таҳия ва ошкор кардани маълумоти барои бастан ва иҷрои аҳд бо коғазҳои қиматнок зарурро таъмин менамояд;
- субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок - эмитентҳо, сармоягузорон, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои худтанзимкунанда, мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошанд;
- тарҳи барориш - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби эмитент бароварда шуда, дорои маълумот дар бораи эмитент, вазъи молиявии он, коғазҳои қиматноки баровардашудаи (баровардашавандаи) он мебошад;
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев