Он моҳи иҷобат, моҳи меҳр зуду давон рафт.
Ё Раб, ҳама моҳат хубу фархунда бароям,
Аммо, моҳи фархундатаринат - Рамазон рафт.
То соли дигар фурсати ҳастӣ талаби мо,
Ҳар касро насиб созӣ, Худоё нигарон рафт.
Ҳар каф ба дуо дар ҳаққи онҳо, ки набошанд,
То соли дигар гуфта шавад, он ки фалон рафт.
Мо ҳам биравем пас паси ҳам аз пайи тақдир,
Рузе, ки гусаст риштаи умре, ки ба ҷон рафт.
Эй дуст манол пеши касон аз аҷалу марг,
Зеро, касеро, ки Худо хост, ҳамон рафт....
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
Хун гиря кунед, ки рамазон мегузарад,
Тасбеҳу таровеҳу дуъо мегузарад!
Иди рамазон омади моҳи рамазон рафт!
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт!!!
Сад дареғо моҳи моҳон меравад,
Моҳи эҳсон моҳи раҳмон меравад!!!
Карда моро ҳамчун тифли бе гуноҳ,
Моҳи ҳақ аз хони эҳсон меравад!!!
Ҷисму ҷонро пок карда аз гунаҳ,
Пок сози қалби инсон меравад!!!
Даҳаи аввал ки раҳмат бор буд,
Раҳм фузун карда хандон меравад!!!
Буд гунаҳсӯз даҳаи мағфираташ,
Карда фориғ аз гуноҳ он меравад!!!
З-оташи дӯзах раҳо карда ҳама,
#Итқум_минан_нор алъон меравад!!!
Мӯъҷизаофар шаби қадраш чи хуш,
Моҳи имон моҳи Қуръон меравад!!!
Меҳрубонӣ карда баҳри муслимин,
Моҳи покӣ, моҳи моҳон меравад!!!
https://invite.viber.com/?g2=AQAcZBEN14bIak%2BNLtE1RRJy%2FWExidClQ%2BSYCzYFj8OMBbzBog7oRgJ7sJRAwN41
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев