Метарсам аз хело" чизҳо"...
Аз хело" ҳисҳо"...
Аз хело" ҳарфҳо"...
Метарсам аз дунёям бирави ва ман бимонам ва "дустат
дорам" ҳои гуфта шуда...
Метарсам
Ҷавоби тамомашон
Яке рафтани бидуни" ҷавоб"
Рафтани бидуни "оғӯш"
Ва бидуни" Худо ҳофизи "бошад...
Он қадар метарсам
Ки шабҳо кобус надоштанатро мебинам,
Онқадар ки менишинам ва ашк мерезам барои як рӯз
набудану надоштанат...
Онқадар, ки намедонӣ...
Онқадар, ки намефаҳми...
Ман тамоми шабҳоро ба ҳавои "оғӯши" ту субҳ мекунам;
Дилтангиҳоям буғзу ашк мешаванд...
Ва дӯст доштанам сукут....
Тарсҳоям шабҳо то субҳ бидори мешавад, ва туам
дустдоштанҳоямро намедонӣ!
Туро натавонистам фаромӯш кунам ҷонам...
Мехоҳам ширини ин "ишқ" саҳми ту шавад...
Мехоҳам фақат" лабхандам" нисори он сурати моҳат
шавад...
Намехоҳам бидони...
Метарсам
Метарсам
Метарсам бирави ва ман бимонам ва як дунё "ошиқона"
ҳои нохонда..
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев