Пайвандсоз аҳди ду дилро гусастанист.
Алъон даҳон бубаставу хомӯшӣ мекунад,
Шояд дигар ӯ сӯҳбате бо мо накарданист.
Роҳе, ки бо ҳазор муҳаббат кушудаем,
Аз афти кор имрӯзу фардо-ш бастанист.
То шаҳри ишқу орзӯҳову висоли адн,
Мумкин дигар ӯ ҳамраҳи мо раҳ нарафтанист.
Ӯ мераваду аз паси худ мисли сояаш,
Оромиву фароғати манро рабуданист.
Чун шамъ сӯхта гаштаам аз сузи ҳасраташ,
Дигар ба ҳоли ошиқи зораш надиданист.
Ин навбаҳор шохаи нахли умеди мо,
Он ёри бе муруввати моён шикастанист.
"То охирин тапиши дилам дӯст дорамат"-
Ӯ гуфта буду ваъдаро барпо надоштанист.
Акнун хамӯшӣ мекунад, охир барои чӣ?
Ё ин, ки бо ғурур зи мо ӯ буриданист.
Бежан ба ҳоли зор зи нокомиҳо фитод,
К-он ҳолатест, на гуфтаниву не шуниданист...
Бежан Меҳрзод 10-11-2017 23:14
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1