Ҳарчанд худи ӯ хост номаш ҳам ифшо шавад, вале мо тасмим гирифтем барои ҳифзи наздикони ӯ аз золимони амниятӣ ва пешгирӣ аз ғайбату тӯҳматҳои дигар номашро зикр накунем.
Ин хоҳар, ки бо мушкилоти зиёде аз кишвар хориҷ шудааст, қиссаи даъват шуданаш ба бахши Кумитаи амниятро чунин нақл кард:
“Ман як узви қатории ҲНИТ будам ва ба ҷузъ аз ширкат дар маҷлисҳои умумӣ, ҳеҷ масъулиятеро ба дӯш надоштам. Баъди мамнӯъ шудани ҲНИТ корти узвияти худро ба ШКД супоридам, то мабодо балое ба сарам наояд. Аммо ваъдаҳои вазири корҳои дохиливу ҳукумат дурӯғ будааст.
Рӯзе маро ба шӯъбаи Кумитаи амният даъват карданд. Вақте ба онҷо ҳозир шудам маро ба утоқи сардорашон бурданд. Ӯ хеле бо фарҳанг ва мулоиматӣ бо ман сӯҳбат кард. Аз фаъолиятам дар ҲНИТ ва ин ки бо кадоме аз роҳбарони он робита доштам пурсид. Баъд суол кард,к и оё мақсади рафтан ба Сурияро дорам ё на? Пурсид, ки чанд нафари ба Сурия рафтаро мешиносам.
Баъди пурсуҷӯи зиёд гуфт ҳозир туро ба утоқи дигар мебаранд. Онҷо як камера ҳаст, назди он мешиниву мегӯӣ, ки ҲНИТ мардумро ба ҷанг даъват мекард, дар идорааш дарси ҷиҳод мегузашт, фалон нафар занони ба идораи ҲНИТ меомадаро таҷовуз мекард ва ғайра. Гуфтам чаро ман бояд тӯҳмат занам ва дурӯғ гӯям. Гуфт ин дурӯғу тӯҳмат нест, мумкин ту намедонистӣ. Гуфтам ман ки намедонаму гӯям ҳамон дурӯғу тӯҳмат мешавад. Ду се бор бо мулоиматӣ дархосташро такрор кард, аммо ман рад кардам.
Сипас дасташро зери мизаш бурд. Ба фикрам тӯгмачаеро пахш кард, ки як марди бузургҷусса бо либоси низомӣ ворид шуд. Сардор гуфт “инро назди камера бареду чор-панқ каса як-ду соат ҳашар кунед. Баъд сабташро ба назди ман оред”.
Аз тарсу ваҳшат наздик буд беҳуш шавам. Гуфтам “ҳарчӣ фармоед мегӯям, илтимос ин корро накунед.” Гуфт “дер кардӣ. Маъқулиро намефаҳмидаӣ.” Хеле зориву тавало кардам. Гуфтам “ман оила, шавҳару фарзандон дорам, ба ҳолам раҳм кунед.” Гуфт “ман ба оилаи ту чӣ кор дорам. Ба маъқулӣ, ки нахостӣ, кино месозем. Баъди ин худат ҳар коре гуфтем анҷом медиҳӣ. Анҷом ки надодӣ, дар Ютуб мемонем. Минбаъд бо як изҳорот халос намешавӣ. акнун мо туро дар корҳои дигар ҳам истифода хоҳем кард. Ҳар дафъае, ки омадӣ, як бор бачаҳоро хурсанд мекунӣ.”
Ба назди пояш афтода хеле гиристаму зорӣ кардам. Ҳамон низомипӯше, ки даромада буд гуфт “сардор ман як ду сухан дорам”. Сардор ба ман амр кард, ки ба берун бароям. Дар берун ҳар дуъое медонистам хондаму аз Худо илтиҷо кардам, ки номусамро наҷот диҳад. Баъди чанд дақиқа боз маро ба утоқ дароварданд. Сардор гуфт “ин коргари мо хоҳиш кард, ки туро раҳо кунем. Майлаш, ин дафъа раҳоят мекунем. Раву ба камера гапҳое, ки гуфтам изҳорот деҳ. Баъд чор тарафат қибла”.
Баъди додани изҳорот гуфтанд, ки шиносномаи хориҷиамро ба онҳо орам. Гуфтам, ки ман шиносномаи хориҷӣ надорам. Гуфтанд мо тафтиш мекунем, агар дошта бошӣ аз худат гила кун.
Баъди як моҳи ин воқеъа, бо пардохти 800 доллар, аз Маскав тавассути додарам, ки онҷо буд шиносномаи хориҷии шакли кӯҳна гирифтам. Ду бор билет гирифта ба фурӯдгоҳ рафтам, аммо ҳаргоҳ гузаштанӣ мешудам, дасту поям меларзид, ки мабодо боздоштам накунанд. Дафъаи сеюм як нафар корманди фурӯдгоҳро пайдо кардам ва ӯ бо гирифтани 200 доллар маро ба тайёра савор кард. Аз Маскав ба Украина рафтам. Дар сарҳади Украина қариб буд депорт кунанд. Вақте ки қиссамро нақл кардам, як коргари гузаргоҳи сарҳадӣ маро то гузаргоҳи сарҳади Полша бурда, ба онҳо хеле сӯҳбат кард. Онҳо маро бе ҳеҷ мамоният ба кишварашон роҳ доданд.” ,
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 29