Яке чун моҳие дар шаст, Яке бепул,яке пулмаст, Яке бепо, яке бедаст, Аҷаб дунёст,ин дунё! Яке бо лаъли хандонаст, Яке бо чашми гирёнаст, Яке бо ҷони ларзонаст, Аҷаб дунёст ин дунё! Яке ёри вафодораст, Яке бераҳму каттоласт, Яке муштоқи дидораст, Аҷаб дунёст ин дунё! Яке аз одами дураст, Зи сарват масту маъмураст, Ба фикраш, аз Худо зураст Аҷаб дунёст ин дунё! Яке дар қайди зиндонаст, Зи аъмолаш пушаймонаст Дилаш лабрези армонаст Аҷаб дунёст ин дунё! Яке аз бачча безораст, Яке бар нохунаш зораст Ба ёди бачча бемораст Аҷаб дунёст ин дунё! Яке дур аз ватан бошад, Чу гул дур аз чаман бошад, Чу ҷони дур зи тан бошад Аҷаб дунёст ин дунё! Яке дар кудаки мирад, Яке аз гушнаги мирад, Зи ҷабри зиндаги мирад, Аҷаб дунёст ин дунё! Яке бедину имонаст, Ва хизматгори шайтонаст, Паи озори инсонаст, Аҷаб дунёст ин дунё! Яке аз ишқ девона, Миёни мардум афсона, Яке бекую бехона, Аҷаб дунёст ин дунё!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев