Предыдущая публикация
Нуқсони раҳу низоми мо суфта шавад.
Лутфе бинамо, ки қолаби бесарупо,
Бар шўру шурури ишқ оѓушта шавад.
Ё Раб, назаре, ки ќалб бе кина шавад,
Орӣ зи ҳасуду бухл ҳар сина шавад.
Бо ҳар нигаҳе сафои акси Ту расад
В-ин олами рамзу роз оина шавад.
Ё Раб, назаре, ки ҷом гулбез шавад,
Соѓар зи маи маонӣ лабрез шавад.
Бо ҳикмати Шаҳкитобу бо ҳиммати ақл,
Дунё ба хишти неки тамйиз шавад.
Ё Раб, назаре камоли имон шавад,
Ҳар меваи умр то ба сомон шавад.
Таќсир зи бандагону тадбир зи Ту
Аз раҳм вафои аҳду паймон шавад!
"Дардрезаҳои Дардошно"
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев