ИДРИС (Ъ) КИСМИ 2-
ЮМ: Вакте ки
Малакулмавт хазрати
Идрис (ъ)-ро ба
тамошои чаннат
бурд,пас ба у гуфт: эй
Идрис! Ба ман ваъда
бидех,ки ба чаннат
мерави ва боз дубора
ба назди ман меои.
Хазрати Идрис (ъ)
ваъда дод,ки ба
чаннат меравам ва боз
ба назди ту бар
мегардам. Вакте ки
хазрати Идрис (ъ) ба
чаннат даромад,пас
дар чаннат дар зери
дарахти ТУБО нишаст
ва аз шарбатхои
бихишт нушид ва
дубора ба назди
МАЛАКУЛМАВТ бар
нагашт. Малакулмавт
фарёд кард,ки эй
Идрис! Ту ваъда дода
буди,ки берун
меоям,пас ба назди
ман биё. Хазрати Идрис
(ъ) гуфт: Худованд
гуфтааст,ки «хар нафс
чашандаи марг аст».
(сураи Оли Имрон ояти
185).Пас ман бошам як
маротиба талхии чон
карданро чашидаам.
Хазрати Идрис (ъ) боз
гуфт: Худованд
гуфтааст,ки «ва мо
хум минхо би
мухричин». (сураи Хачр
ояти 48). Яъне
худованд гуфтааст,ки
хар ки ба бихишт
дарояд,пас у дубора аз
бихишт берун
намешавад. Эй
Малакулмавт! Акнун
ман хам аз бихишт
берун намеоям. Аз
чониби Парвардигор ба
суи Малакулмавт
фармон омад,ки эй
Малакулмавт! Бигузор
Идрис дар чаннат
биистад,зеро у талхии
чон канданро
чашидааст ва дузаху
бихиштро хам
дидааст.Аз ин хотир у
хак дорад,ки дар
чаннат биистад.
Хулоса, хазрати Идрис
(ъ) дар бихишт монд
ва фарзандони у дар
фироки падар
мегиристанд. Пас
Шайтони лаънати ба
назди фарзандони
хазрати Идрис (ъ)
рафт ва гуфт:эй
фарзандони Идрис!
Шумо гиря
накунед,зеро ман
хозир як шахсе ба
мисли падари шумо
месозам. Ва хар
гохе,ки шумо ба у
нигох мекунед,пас
дилатон таскин
меёбад. Шайтон
бошад, ба монанди
хазрати Идрис як
сурате сохт,ки бе
нихоят ба хазрати
Идрис (ъ) монанд буд,
вале ин сурати сохтаи
Шайтон сухан гуфта
наметавонист.
Фарзандони хазрати
Идрис (ъ) хар руз ба
суи ин сурате,ки мисли
хазрати Идрис буд
нигох мекарданд ва
хурсанд мешуданд.
Хулоса, аз хамон руз
сар карда, то имруз
дар руи дунё
бутпарасти пайдо
шудан гирифт. Дар
замони фарзандони
хазрати Идрис (ъ)
мардум 400-сол
бутпарасти карданд ва
хатто хеч касе Худои
ягонаро намешинохт.
Дар байни мардум
тамоман илму дониш
ва худошинос вучуд
надошт. Аз сабабе,ки
кавми хазрати Идрис
(ъ) бе нихоят
худобехабар
буданд,пас Худованд,
хазрати Нух (ъ)-ро
пайгамбар карор
дод,то он кавми бе
имонро ба суи
Худованд даъват
кунад. Яъне баъди
хазрати Идрис (ъ),
хазрати Нух (ъ) пайдо
шуд. Дустони азиз!
агар шумо ёд дошта
бошед, ман саргузашт
ва киссаи хазрати НУХ
(ъ)-ро тамоми
кисмхояшро бароятон
пешкаш карда будам.
Агар барои шумо
саргузашти хазрати
Нух (ъ) лозим
бошад,пас дар
статусхои банда
дароед, хамаашро
дастрас карда
метавонед. Акнун дар
инчо саргузашт ва
киссаи хазрати Идрис
(ъ) ба охир расид. Боки
Худо нигахбони хамаи
шумо!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев