Бисмиллоҳ:
Дар ин шабакаҳо баъзе фатвоҳое нашр шудааст, ки бӯсидани қуръонро номашрӯъ ва хилофи суннати паёмбар муаррифи кардааанд.
Баъзе ҷавонон аз сабаби кам илмӣ бошад ё чизи дигаре дарҳол ба ингуна фатвоҳо фирефта шудаву бовар намудаанд.
Содиркунандагони чунин фатвоҳо мехоҳанд он эҳтироми хоссае ки мардуми мусалмон хусусан миллати тоҷик нисбати қуръон дорад онро аз байни онон бардоранд ва бусидану эҳтироми қуръонро ҳеҷ чиз ва беарзиш муаррифи намуда ба ин тариқ эҳтироми қуръонро аз байн бардоранд.
Валлоҳи бисёр ҷои дардовар ҳаст.
Воқеанҳам пешвоёни гумроҳ кунандае ки паёмбар гуфта буданд зуҳур кардаанд.
Аллоҳ паноҳ диҳад.
Бародари азизам!
Бӯсидани қуръон ин суннати саҳоба ва бузургону салафи солеҳин ва уламои аҳли суннати вал ҷамоат ҳаст ва ин навъе аз эҳтиром нисбати қуръон ҳаст инро бидон!
Имом суютӣ дар "Ал-итқон" мегӯяд:
يستحب تقبيل المصحف لأن عكرمة بن أبي جهل رضي الله عنه كان يفعله...
"Мустаҳаб ҳаст, бӯсидани қуръон зеро икрима бин абиҷаҳл(саҳоба) худо аз ӯ рози бод қуръонро мебӯсид" (Итқон фӣ улумил-қуръон 4/189).
Қуръони карим ҳадияест барои инсонҳо аз ҷониби Аллоҳ таъоло эҳтиром ва бусидани он навъе аз эҳтиром ва бузург донистани Аломатҳои дини Аллоҳ ва шаъори Аллоҳ ҳаст, Аллоҳ таъоло мефармояд:
وَمَنْ يُعَظِّمْ شَعائِرَ اللَّهِ فَإِنَّها مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ
"Ва касе шаоъири Аллоҳро бузург медонад ин аз тақвои дилҳо (ихлос ва тарси Аллоҳ) ҳаст" (Ҳаҷ ояи 31).
Саҳобагони паёмбар амсоли ҳазрати умар ибни хаттоб ҳар бегоҳ қуръонро мегирифт ва бӯса мезаду мегуфт: "Китоби парвардигорам ва нашр кардаи парвардигорам"
Ва ҳазрати усмон ибни аффон(худо аз ҳардуи онҳо рози бод) низ қуръонро мегирифт ва бӯса мезаду бар рӯяш мемолид. (Ҳошияи ибни обидин ҷ6 саҳ: 384).
Пас бародари азизам! Он эҳтироме ки мусалмонон нисбати қуръон доранду онро бӯса мезананд чизи навпайдо ва бидъату хилофи суннати паёмбар нест!
Касоне ки инро хилофи суннат муаррифи кардаистодаанд туро фирефтаи худ накунанд!
Дар ин асри фитна Динатро аз саҳоба ва уламои гузашта биёмуз!
То аз гумроҳиҳо дар амон бошӣ!
Боракаллоҳу Фикум.
(Масъулони гурух)
24.03.2016.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1