Харчанд холо 6 нафар ба мансаби президенти сабти ном шуда бошанд хам, лекин бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки ин даъфа низ президенти кунунии Точикистон Эмомали Рахмон «голиб» меояд. Зеро, агар ба шарте номзади нокоммондаи нерухои ислохотхох Ойнихол Бобоназароваро вокеан ракиби хакикии Эмомали Рахмон буд, гуем, номзадхои дигар бо фармон аз «боло» пешбари карда шудаанд, то Эмомали Рахмон бо дахони пур гуфта тавонад, ки «интихобот шаффофу демократи гузашт». Посухе, ки рохбари Хизби Умумихалкии Сотсиал-Демократии Точикистон Рахматилло Зойиров ба саволи рузноманигори «Нигох» (№ 25, аз 11 сентябри соли 2013) дода буд, вокеи аслии интихоботхои Точикистонро ошкор мекунад. Савол чунин буд: «Бо тачрибае, ки 20 сол аст, ки дар мухити сиёсии Точикистон доред, ба ин бовар хастед, ки хукумати феъли ба таври шаффоф интихобот баргузор мекунад?». Ва ба ин савол у катъиян: «Не» гуëн, чавоб дод. Гайр аз ин Чумъахон Давлатов, мушовири давлатии президенти Точикистон, 6-уми сентябр, зимни як нишасти хабари дар Душанбе, бо иштироки раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Точикистон Ш. Шохиëн чунин изхор дошта буд: «Президент дар яке аз маърузахояш дар чаласахои охири хукумат дар бораи интихобот сухан ронда, кайд карда буд, ки ман хуб медонам, дар Точикистон мухолифин хастанд, ман медонам, ки хеч гох 80, 90, 100 дарсади раъйи мардумро намегирам.... Эмомали Рахмон дастур дод, ки дар китъахои раъйдихи такаллубкори аз байн гирифта шавад ва ба у танхо он овозхое мансуб гарданд, ки вокеан гирифтааст». Бо ин суханони худ Эмомали Рахмон эътироф мекунад, ки интихоботхои Точикистон хамеша такаллубкоронаанд ва ин такаллубкорихо бо дастури у содир мешаванд. Ин боз бар он далолат мекунад, ки у бо такаллубкори хам 80, 90 ë 100 дарсади раъйи мардумро ба худ нисбат дода наметавонад. То дируз чунин ба назар мерасид, ки ракобати хакики барои ба даст овардани раъйи бештари мардум байни Эмомали Рахмон ва Ойнихол Бобоназарова чараëн дорад. Бо ин максад сафари Эмомали Рахмон ба шахру нохияхои чумхури сурат гирифт. У дар аснои ин сафархо иншоотхои гуногунро ба истифода дод, бо мардум сухбатхо гузаронид ва бо ин худро гамхори халк нишон додан хост. Радиову телевизион бошанд, уро таърифу тавсиф намуда, хар як чизи хурду калонро ба у нисбат медиханд ва номи уро ба осмонхо мебардоранд. Хол он ки масалан, корхонахои кушодашавандаро гирем, аксарияти онхо бо карзи хоричи сохта шуда, сохибони хакикии ин корхонахо хоричиëн мебошанд ва шартхоро низ дар онхо хоричиëн мегузоранд ë ин корхонахо муваккатан кор мекунанд. Ин корхонахо ба халки одди агар манфаат оранд хам, манфаати ночиз меоранд. Пас, ин хама барои таблиги номзадии Э. Рахмон буда, хокпоши ба чашми халк аст. Лекин ба даст овардани раъйи бештари мардум барои талошкунандагони хокимият танхо барои он зарур аст, то давлати абаркудрат - хочаи онхо бовари хосил кунад, ки он номзад бо суиистифода аз боварии халк манфаатхои вайро амали карда метавонад. Зеро, агар халк бар зидди хокими гумошта ошуб бардорад ва ин хоким вазъиятро тахти назорати худ гирифта натавонад, давлати абаркудрат аз ин гумошта даст шуста, ба пайдо кардани гумоштаи дигаре, ки халк уро дастгири мекунад, медарояд. Аммо кисми бештари ахолии Точикистон парвои интихоботро надорад ва бовар намекунад, ки интихобот чизеро тагйир дода метавонад. Аммо кисми андаки ахолии,то 10 сентябр ба номзади ИНИТ (Иттиходи нерухои ислохотхохи Точикистон) бо чашми умед менигарист. Лекин пас аз он ки 10 сентябр ИНИТ Ойнихол Бобоназароваро чун номзади ягонаи худ эълон кард, ин хол вокунишхои зиëдеро дар байни фаъолон ва хамон кисми ками ахоли барангехт. Зеро, аксарият интизори он буданд, ки Рахматилло Зойиров хамчун номзади ягонаи ИНИТ эълон карда мешавад. Занро хамчун номзади худ эълон кардани ИНИТ боиси он гардид, ки аксарияти хамон кисми андаки умедбастагон низ ноумед шуда, ба хулосае омаданд, ки иттиход дар азми худ чидди набудааст. Садохое низ баланд шуданд, ки дар кафои гузошта нашудани номзадии Рахматилло Зойиров хукумат карор дорад. Худи Рахматилло Зойиров бошад, дар ин кор ХНИТ ва рохбари он Мухиддин Кабириро айбдор сохт. Аммо пас аз он ки барои дастгирии О. Бобоназарова шумораи зарурии имзохо чамъовари карда нашуд, хама боз бештар эътимод пайдо карданд, ки Эмомали Рахмон боз 7 соли дигар дар сари хокимият боки мемонад. О. Бобоназарова бошад, дар нокомии худ М. Кабири ва Р. Зойировро айбдор донист. Пас, ин чо кадом як бозие нихон буд. Аз суи дигар, новобаста аз сафсатахо, оиди истиклолият, сохибихтиëри, интихоботи озоду шаффоф ва гайра ба хамагон мисли руз равшан аст, ки Точикистон низ дар катори кишвархои хаммарзи худ мустакил нест ва дар сари хокимият истодан ë аз он рафтани президенти, он на дар чараëни интихобот бо овоздихии халки точик, балки берун аз хоки кишвар муайян карда мешавад. Зеро, аз он даме, ки дар нимаи дуюми асри XIX Русияи подшохи Осиëи Миëнаро забт намуд, давлатхои ин минтака якчанд маротиба низоми хокимият ва каламрави худро иваз карда бошанд хам, то хол асосан мустамлакаи Русия ба хисоб мераванд ва Точикистон аз ин истисно нест. Дар арафаи сафари Эмомали Рахмон ба Русия Рахматилло Зойиров вобаста ба ин сафар дар мусохиба ба рузномаи русии «Независимая газета» чунин гуфта буд: «Рахмон ба Маскав меравад, то пеш аз интихоботи президенти, ки ба мохи ноябри соли чори пешбини шудааст, дастгирии Кремлро ба даст орад» (НГ, 29.07.2013) Бо ин суханони худ Рахматилло Зойиров эътироф мекунад, ки шахсияти президенти Точикистон на аз иродаи халк, балки аз Русия вобаста аст. Харчанд соли равон Эмомали Рахмон ба Иттиходи Аврупо ва Чин сафар дошт ва сари чанд вакт масъулони амрикоиву аврупои ба Точикистон омада мераванд, лекин минтакаи пасошурави, аз чумла Осиëи Миëнаро Русия минтакаи тахти нуфузи худ медонад ва барои ба абаркудрати дигар надодани он, аз тамоми василахо истифода мебарад. Аз ин ру, чунонки радиои «Озоди» аз 7 октябри соли равон хабар медихад, махз рохбари палатаи поëнии порлумони Русия С. Наришкин ва рохбари Хадамоти Федералии Мухочирати Русия К. Рамадановскийро, як мох пеш аз интихобот ба Точикистон фиристодани Маскав бар он ишора мекунад, ки савдои ду чониб дар масъалаи интихобот пухтааст. Суханоне, ки дар вохури бо Сергей Наришкин президент Эмомали Рахмон ва рохбари палатаи поëнии порлумони Точикистон Шукурчон Зухуров изхор намуданд, бехтарин далели гумоштагии онхо ба Русия аст. 7 октябр дар аввали мулокот бо С. Наришкин Эмомали Рахмон чунин гуфта буд: «Русия барои Точикистон хам шарики стратеги ва хам кишвари аз хама чихат наздиктарин аст, ки мо бо он хазорхо риштахои ногусастани дорем» (сомонаи"toptj.com", 7 октябр). «Хазорхо риштахои ногусастани» амсоли тори анкабут мебошанд, ки ба воситаи онхо Русия Точикистонро дар чанголи худ нигох дошта меояд. Шукурчон Зухуров,ки у низ хамон руз бо С. Наришкин мулокоти алохида дошт, ин чизро равшантар иброз дошт: «Точикистон бархилофи баъзе давлатхо самтхои стратегии геополитикии худро иваз намекунад ва хамкори боэътимоди Русия боки мемонад» (хамон манбаъ, 7 октябр) Модоме ки чунин аст, пас, ин гумошта бояд садокати худро ба хочагонаш нишон дихад. Дар вохури бо президенти Русия В. Путин, 1 августи соли равон тасвиби созишномаро дар бораи дароз кардани мухлати хузури пойгохи харбии Федератсияи Русия аз чониби порлумони Точикистон ваъда додани Эмомали Рахмон ва 1 октябр инсозишномаро ба тасвиб расонидани порлумони Точикистон далели ин садокатанд. Чунки дар каламрави кишваре чойгир шудани пойгохи харбии давлати дигар назоратро аз болои ахолии он кишвар пурзур намуда, хукмронии мустамликадорро пойдору устувор мегардонад. Аммо хар як давлате, ки истиклолияти худро хифз кардан мехохад, пойгохи харбии давлати ачнабиро ба каламраваш рох намедихад. Аз ин гуна корхо пеш аз интихоботи президенти аён мегардад, ки Рахмон барои нигох доштани курсии президенти ба хар гуна сархамкуни ва хиёнат омода аст. Бар замми ин, Эмомали Рахмон бо вусъат додани чанги шадид бар зидди Ислому муслимон адовати хешро нисбати дину хамдинонаш ба хочагонаш намоиш додан мехохад. Садхо даъватбарон, аз чумла занони даъватбарро дар зиндон нигох доштан, барои таълим додани Куръон ба чавобгари кашидан, занону духтарони хичобпушро ба маконхои таълим рох надодан, наврасонро аз намозхои чамоат махрум сохтан ва аз ин кабил кирдорхои хукумат нишонаи муборазаи беамони он бар зидди Ислому муслимон аст. Зеро имруз масъалаи Ислом ва муслимон дар назди давлатхои абаркудрат ба масъалаи якуминдарача табдил ёфтааст. Аз ин ру барои ин давлатхо дар кишвархои муслимнишин хокимоне лозиманд, ки бар зидди Ислом ва муслимон айнан мисли Э. Рахмон мубориза мебаранд. Хокимони имрузаи муслимон бошанд, дар ин масъала хатто аз хочахояшон пешдасти карда, онхоро дар хайрат гузоштаанд, ки инро дар мисоли тогути Сурия Башор Асад равшан мушохида кардан мумкин аст. Ин золими хунхор барои нигох доштани курсии ларзони худ бар зидди халки худ хатто силохи кимёвиро истифода бурд. Дар натичаи хунрезихо дар Сурия то имруз анкариб дусад хазор муслимон катли ом гашта, миллионхо бехонаву чо монданд ва чанд миллиони дигар мачбур шуданд, ба кишвархои бурунмарзи хичрат кунанд. Аз ин ру, бо боварии том метавон гуфт, ки президенти Точикистон тогут Рахмон низ бе ягон дудилаги ба даст задан ба чунин чиноятхо, балки ба чиноятхои аз ин хам кабехтару зишттаромода аст. Зеро «Ман хокимиятро бо хун гирифтам ва бо хун месупорам» гуфтани у, чун зарбулмасал хануз вирди забони мардуми Точикистон аст. Пас, дар ин байн халки мусалмони точик чи кор бояд кунад? Оë рохи халоси аз ин холат вучуд дорад ва агар бошад, он кадом аст? Пеш аз хама бояд донист, ки иштирок кардан ва овоз додан дар инттхоботхои хозира шаръан харом буда, боиси гунахкор шудани шахси муслим мегардад. Рохи халоси бошад, ба Ислом ру овардан аст, лекин на ба он «Ислом»е, ки ХНИТ бар он барпо шудааст ва на он «Ислом»-е, ки хизби «Адолат ва тараккиëт» дар Туркия татбик мекунаду «Ихвон ул муслимин» дар Миср рохандози менамуд. Балки рохи ягона ба Исломи хакики ру овардан аст, ки бар асоси он Хилофат барпо шуда буду муслимон ва шахрвандони гайримуслими он дар саросари олам сарфароз буданд. Лекин имруз аз сабаби дар сурати дигар нишон дода шудани Ислом, кисме аз муслимон дини худро чун дини рухиву кохини фахмидаанд, ки гуë он барои хукмронинамешояд. Кисми дигари муслимон Исломи сиëсиро дар симои ХНИТ, хизби «Адолат ва тараккиëт»-и Туркия ë «Ихвон ул муслимин»-и Мисру «Нахзат»-и Тунис мебинанд. Хоссатан ходисахои охирини Миср ба муслимон чунин фахмонида шуд, ки Ислом дар хукмрони ва сиëсат ноком монд. Хол онки хокимияти Мурси ва «Ихвон» дар Миср, аз аслу асос демократи буд. Ислом бошад, низоми хокимияти ба худ хосро дорад, ки он Хилофат аст. Он аз дигар низомхои хокимият пурра фарк дошта, бехтарин сохтори хукмрони аз огози олам то анчоми он мебошад, ки дар сояи он муслимон осудаву ором ва бо хотирчамъи аз ин дунëву охирати худ умр ба сар мебаранд. Чунки конунхо дар он аз Шариати Аллох гирифта мешаванд ва Аллох бехтарин донандаи бандагони Худ мебошад. У аз хама бехтар медонад, ки кадом чиз ба инсон зарар дораду кадом чиз фоида, сиëсат чи гуна пеш бурда мешаваду иктисод бо кадом рох ривоч меëбад. Агар касе барои ин гуфтахо исбот хохад, таърихи гузаштаи Ислом далеликофист, ба шарте ки он аз таърихнигорони холис гирифта шавад, на аз душманони Ислом ë муслимони аз душманони Ислом таъсиргирифта. Аз ин ру, тамоми муслимон, аз чумла муслимони Точикистон як рох доранд, ки он ба Исломи хакики ру оварда, дар якчояги, барои барпо кардани Хилофат фаъолият бурдан аст, то Уммат имкони ба халифаи ягона байъат доданро пайдо кунад, ки у мисли Умар ибни Хаттоб (р.а) бошад, ки гуфта буд: «Агар баррачае дар рохи Ирок лагжида афтад, метарсам, ки Аллох дар рузи Киëмат «Чаро он рохро хамвор накарди?» гуфта мепурсад», ë мисли Умар ибни Абдулазиз (р) бошад, ки барои корхои давлат аз кисаи худ харч мекард, на мисли хокимони имруза миллионхои Умматро ба ягмо мебурд, ë мисли Хорун ар Рашид бошад, ки аз тарси масъулият ашк аз чашмонаш шашкатор мешуд. Эй муслимони Точикистон! То кай фирефтаи суханпардозихои Эмомали Рахмон ва атрофиëнаш мешавед? То кай ба хиëнатхои пайдарпай ва муборазаи беамони онхо бар зидди дину мукаддасоти худ сукут меварзед? Гарчанд зиндаги дар Точикистон душвор буда, аксарияти шумоëн барои ба даст овардани як бурда нон аз субх то шом захмат кашед хам, барои огох шудан аз ходисахои чори ва макру хилахое, ки хокимонатон ва хочагони онхо нисбати шумоëн меандешанд, вакт чудо намоед. Холо ба воситаи шабакаи чахони огох шудан аз ходисахои чори хеле осон буда, фикрхои асливу хакики низ дастраси хамагон гардидаанд. Бо огох шудан аз хакикати хол шумоëн дустро аз душман фарккунанда мегардед ва умеде барои оянда пайдо мекунед. Шумоëн аз холи бародарони худ дар сарзамини Шом огох мешавед, ки чи гуна онхо барои барпои Хилофати Исломии Рошида шому сахар бо кувахои бади даст ба гиребон мешаванд. Шумоëн аз изхороту баëнотхои изтиробомези рохбарони давлатхои хурду калони олам огох мешавед, ки аллакай тарси худро аз Ислом пинхон дошта наметавонанд. Бар замми чунин изтиробхои онхо, имруз дар арафаи пирузии Ислом ва муслимон давлатхои Амрикову Аврупоба гирдоби муаммохои чиддии сиëсиву иктисоди гирифтор шудаанд ва вазъияти онхо торафт печидатар мегардад. Садохои аз хайъати Амрико баромадан аз хамаи иëлатхои он баланд шуда, карзи хоричиии ин давлати абаркудраттарини олам аз 17 трлн доллар гузаштааст ва хукумати он мачбур аст, ки харочотро барои ахоли махдуд созад. Аврупоро бошад, бухрони молияви торафт ба коми худ кашида, бекори ва аз паи он норозигии ахоли авч доранд. Холо на хамаи давлатхои Иттиходи Аврупо такдири ояндаи худро бо ин иттиход пайвастанианд. Русия бошад, пас аз руй гардониданаш аз мабдаи коммунисти халкхои сершумори минтакахои гуногуни худро бо зуриву фишор ва баъзе тадбирхои хавасмандсозандаи муваккативу камсамар дар тобеияти худ нигох дошта меояд, ки ин дер тул нахохад кашид. Пас, эй муслимон, рохи ягонаи начот Давлати Хилофат ва тарикати ба он расидан, тарикати Расулуллох (с.а.с) аст, то ки ба азизии дунëву охират бирасед: "Эй имоновардагон, чун Аллоху Расулаш шуморо ба чизи хаëтбахшанда бихонанд, даъвати ононро ичобат кунед" [8:24].
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев