Савол: То хол Амрико нисбати табаддулот номидани ходисаи дар Миср рухдода дудила аст, лекин "харитаи рох"-ро, ки хукумати нави мувакката эълон кардааст, тарафдори мекунад. Сухангуи расмии ВКХ Амрико чунин изхор намуд: "Аз тарафи хукумати мувакката тахия шудани "харитаи рох" барои оянда корест, ки боиси дастгири мебошад. Инро "Алчазира. нет" 11 июли соли 2013 хабар дод. 12 июли соли 2013 сухангуи расмии ВКХ Амрико Чейн Псаки боз изхор намуд, ки "хукумати президенти барканоршуда Мурси демократи набуд" (хабари рузномаи мисрии "Алявм Ассабиъ"). Хамчунин, бегохии 11 июли соли 2013 сухангуи расмии Кохи Сафед Чей Карни ба рузноманигорон чунин гуфт: "Мо рафтор ва корбарии хукуматдорон (-и Миср)-ро дар вазъияти кунуни омухта истодаем" (хабари шабакаи "Алчазира". Ин ишора ба эълони вазири мудофаа ва фармондехи харбии Миср Абдулфаттох Сиси оиди барканор сохтани Мурси санаи 3 июли соли 2013 ва ба чои у таъин карда шудани рохбари суди констутсионии Миср Адли Мансур чун президети мувакката буд. Пас, кадом чиз Амрикоро такон дод, ки бар зидди Мурси барояд, хол он ки ИМА аз огози ба сари хокимият омадани Мурси уро дастгири мекард? Барои чи Амрико ходисаи рухдодаро инкилоб наномида, то хол (вазъиятро) меомузад? Аз хамаи ин чи сар заданаш мумкин аст? Чавоб: Ба воситаи баррасии чунин нуктахо чавоб равшан мегардад: 1. Соли гузашта дар даври якуми интихоботи президенти 23-24 майи соли 2012 Мурси голиб омада натавонист ва овозхои интихобкунандагон байни якчанд номзадхо таксим шуданд. 16-17 июни соли 2012 даври дуюми интихобот баргузор шуда, дар он пирузии Мурси бо 51,73% (тахминан 13 млн овоз) бар Ахмад Шафик бо 48,27% (тахминан 12 млн овоз) эълон карда шуд. Ин чунин маъно дорад, ки кариб нисфи овоздодагон намехостанд, ки Мурси президенти онхо бошад ва яке аз шахсони сохтори собикро, ки бар зидди он бархоста буданд, афзал донистанд. Хамчунин, бояд зикр намуд, ки натичаи интихобот дертар эълон карда шуд ва ин бар он далолат мекунад, ки он чо гуфтугухои пасипардаги чой доштанд. Аз ин ру, пас аз он ки Мухаммад Мурси амрикоиëнро бовар кунонд, ки ба шартхои тамоми созишномахову шартномахои бо сохтори пештара бастаи Амрикоро (асоситарини онхо созишномаи Кемп-Дэвид аст) риоя мекунад, галабаи Мурси бар Ахмад Шафик эълон карда шуд. Риояи созишномахову шартномахо барои Амрико хеле мухим аст, ки бар ин изхоротхои гузаштаву хозираи амрикоиëн далолат мекунанд. Масалан, сафири Амрико 30 ноябри соли 2012 ба рузномаи "Арраъй"-и Кувайт чунин гуфта буд: "Иëлоти Муттахида риояи созишномаи сулхро байни Мисру "Исроил" зарур мешуморад ва онро барои сулху баркарории минтака ва пеш аз хама барои халкхои Мисру "Исроил" мухим мехисобад. Бар замми ин, мо чунин мехисобем, ки созишномаи мазкур асоси ба кушишхои сулхпарвари ва баркарори дар тамоми минтака аст. Мо аз он хурсандем, ки хукумати Миср чандкарата изхор намуд, ки тамоми ухдадорихои байналхалкии Мисрро ичро мекунад". Ин сафирзан, хамчунин, илова намуд: "Мо Мисру "Исроил"-ро даъват мекунем, то мухокамаи бевоситаи худро дар сохаи амният оиди вазъи нимчазираи Санйо ва дигар масъалахои манфаатноки дучониба идома диханд. Мо таъкид менамоем, ки амният дар нимчазираи Санйо кори мухимтарин ва аввалиндарача аст". Ин аз он шаходат медихад, ки дар паси амалиëтхои чанд мох пеш бар зидди гуруххои мусаллахи даъвогари чиход бо душман огозкардаи хукумати Миср Амрико ва "Исроил" меистанд. 2. Амрико Мурсиро дастгири намуда, барои нигох доштани у дар мансаби рохбари давлат кор бурд. Кори якуми Мурси дар амали сохтани манфаатхои Амрико ва бехатарии яхудон корбарии у барои оташбас байни давлати яхуд ва ХАМОС дар навори Газза буд. Он вакт амалан оташбас чори гардида, хатто ХАМОС одамони худро дар хати чудокунанда гузошт, то пеши рохи вайроншавии риояи ухдадори гирифта шавад ë ба чониби давлати яхуд оташ кушода нашавад.Пас, Амрико ин корхои Мурсиро нисбати татбики сиëсати Амрико дар бобати Газза ситоиш намуд. Хамчунин, Амрико Мурсиро дар ходисаи эъломияи дустури оиди ба у дода шудани дахлнопазирии суди дастгири намуд. Он вакт суханшгуи расмии ВКХ Амрико Виктория Нуланд ба тарафдории у чунин гуфта буд: "Президент (Мурси) бо хокимияти бо хокимияти суди ва диагр чонибхои хавасманд ба мубохаса даромад. Ман гумон дорам, ки мо то хол бо чи анчом ëфтани онро намедонем, лекин мавкеъ дар ин чо (яъне мавкеи Мурси) аз мавкеи мустабиде дур аст, ки мегуяд: "ë гуфтаи ман ë хеч чиз" (Ваколати иттилоотии "Шарки Авсат" аз 27.11.2012). Бо ин Виктория Нуланд суханони эътирозгаронро, ки Мурсиро диктатор ë фиръавни нави Миср меномиданд, рад сохта, уву карорхои кабулкардаи уро тарафдори намуд. Амрико Мурсиро дар карорхо оиди рохбарияти кишвар низ дастгири намуда, якчанд рохбарони артишро тахти сарварии вазири дифоъ ва сарфармондех Хусайн Тантови ва рохбари ситод Соми Анон аз вазифа барканор сохт. Мурси дар ин бобат карори дустури бароварда, ба зиддияти сахт дучор нашуд. Амрико уро дар масъалаи дустур низ дастгири намуд. Он вакт Виктория Нуланд чунин гуфта буд: "Хонум Клинтон хангоми ташрифи худ ба Кохира ва вохури бо президент Мурси оиди мухим будани баровардани дустуре сухан ронда буд, ки хукуки тамоми мисриëнро химоя мекунад. (Шарки Авсат, 27.11.2012). Таъсири сиëсати Амрико ба хукумати Мурси ва мухолифонаш кушоду равшан аëн аст. Дустур низ бо розигии Амрико тасдик карда шуд, ки он нусхаи аз нав баррасишудаи дустури соли 1971 буд. Зеро, дар раъйпурсии вобаста ба он гузаронидашуда танхо 32,9%-и хакки овоздихи доштагон, яъне сеяки интихобкунандагон иштирок карда, аз се ду хиссаи интихобкунандагон аз иштирок даст кашиданд. Дар натича онро 63,8%-и дар раъйпурси иштироккардагон тарафдори намуданд. Аксарият бошанд, бо дустур, президент ва карорхои у рози набуданд.3. Амрико кушиш намуд, то вазъро ором сохта, мардумро барои рози шудан ба президент, карорхои у ва дустур водор созад, то баркарори дар низоми хукмрон, ки онро Амрико пас аз инкилоб ба фоидаи худ нигох дошта тавонист ба миëн ояд. Лекин баркарорие, ки Амрико аз Мурси ва аз "Ихвон" - хамчун хизби хоким ва хизби калонтарини муназзам пас аз нокомии хизби миллии Муборак интизор буд, амали нагардид. Амрико интизор буд, ки Мурси ва "Ихвон" вазъиятро дар холи баркарор нигох медоранд, чи хеле ки Муборак ва хизби миллии у дар тули солхо чунин кор дошта буданд. Ташвиши Амрико дар он аст, ки Миср маркази баркарори ва нуфузаш буда, баркарории он барои манфаати худи Миср набошад. Зеро, Амрико ба он чун истгох (платформа)-и бехатар барои нуфуз ва лоихахои худ такя кардан мехохад. Лекин хама кор баръакси баркарори сурат гирифт. Ба нооромии вазъият бечуръатии атрофи президент дар кабули карорхо низ боис гардид, ки пасон дар зери фишор аз онхо даст кашида мешуд. Хамчунин, сабабгори бадшавии вазъият бидуни машварат бо шахсони эътилофро ташкилкардааш ва бидуни конеъ сохтани онхо карорхоро танхо худ кабул кардани Мурси буд. Бар замми ин, хукумат аз рухияи одамон хабар надошт ва пеш аз кабули карор раъйи омма ба он омода карда намешуд. Пас, бесарусомони ва кушишхо барои шуриш бар зидди Мурси дар тули як соле, ки у дар сари хокимият карор дошт, давом ëфтанд. Сипас, баъд аз нутки тулонии Мурси дар санаи 26.06.2013 бетартибихо авч гирифтанд. Зеро, дар ин баромади худ Мурси дар вазъияти ногувор карор гирифта, эътироф намуд, ки ба хатогихо рох додааст. Лекин у хатогихои худро номбар накард, вале эъломияи дустуриро (22.11.1012) дар назар дошт, ки он вакт мардум бар зидди он бархоста буданд ва у бо даъвати худ онхоро ба бекор сохтани эъломия чуръатнок месохт. Дар хитоби охирини худ санаи 2.07.2013 Мурси бори дигар такрор намуд, ки ба хатохо рох дода, чанд камбудихо содир кардааст ва барои ислох кардани онхо тайëр аст. Аз ин тахмин кардан мумкин аст, ки у барои кабули хар гуна халли миëна рози буд. Ин пас аз он сурат гирифт, ки артиш ба у тахдид намуда, 48 соат мухлат дод. Ин чунин маъно дошт, ки сарнагун сохтани у аз чониби артиш ва аз чониби шахсе, ки дар кафои артиш истодааст, яъне Амрико катъиян хал шуда буд. Дар айни замон маълум аст, ки дар кабули карорхои болои Мурси аз тарафи Амрико дастири меëфт. Лекин хангоме ки натичахои баръакси ин карорхо зохир шуданд, Амрико аз у ру гардонда, уро вогузошт, то сарнагун шавад. Бар замми ин, Амрико бар зидди у забон як намуд, чунонки бо хар як гумоштаи худ, ки ибрат намегиранд рафтор мекунад, 4. Хамин тавр мо дидем, ки Амрико аз Мурси ва карорхои у ру гардонд. 2.07.2013 шабакаи "CNN"-и амрикои суханони мансабдорони олимакоми маъмурияти Амрикоро овард: "Сафираи Амрико дар Миср Энн Петерсон ва дигар масъулони Кохи Сафед гуфтаанд, ки талаботхои дар тазохуроти худ бардоштаи мисриëн то хадди бештар бо ислохотхое мувофик меомаданд, ки хафтахо инчониб Вашингтон ва хампаймононаш талаб карда меоянд. Инро баëне низ тасдик мекунад, ки "Рейтерз" аз Кохи Сафед хабар медихад: "Президент Обама Мурсиро даъват намуд, то бо андешидани чорахо нишон дихад, ки у талаботхои тазохургаронро конеъ месозад". Обама кайд намуд, ки бухрони кунуни танхо бо рохи сиëси хал карда мешавад". Ин чунин маъно дорад, ки Амрико аз Мурси даст шуста, ба чустучуи халли нави сиëси даромадааст. Дар изхорот гуфта нашудааст, ки у президенти Мисрро дастгири мекунад, баръакс дар он аз Мурси талаб карда мешавад, то талаботхои тазохургарон, ки сарнагун сохтани уро мехоханд, конеъ карда шавад. Чун табаддулот руй дод, оиди вохурии Обама бо мушовирони асосиаш дар Кохи Сафед доир ба ходисаи дар Миср рухдода эълон карда шуд. Пас аз он Обама чунин изхор намуд: "Артиши Миср бояд зуд ва бо масъулиятшиноси амал кунад, то харчи зудтар тамоми кудратро ба хукумати шахрванди бозгардонад" (Рейтерз, 3.07.2013). Хамин тавр, Обама табаддулотро махкум накард ва онро табаддулоти харби хам наномид. У ба хокимият баргаштани Мурсиро талаб накард ва бекор сохтани карореро низ рад накард, ки доири як сол аз озоди махрум сохтан ва аз вазифа барканор сохтани Мурси буд. Обама танхо ба хукумати шахрванди, яъне ба хукумати дигари гайр аз хукумати хозира баргардонидани кудратро талаб намуд. Ин гувохи он аст, ки Амрико ба табаддулоти харби ва сарнагуншавии Мурси бо хукуматаш рози аст. Маъмурияти Амрико чунин изхорот хам дод: "У, яъне Мурси ба садои халк гуш накард ва ба талабхои он чавоб надод" (худи хамон манбаъ). Айнан чунин сухан: "Президент Мурси ба талабхои халк эътибор надод"-ро рохбарияти артиши Миср низ гуфта буд. Маълум аст, ки фармондехии артиши Миср тахти назорати Амрико карор дошта, хар сол кисми зиëди кумаки амрикои (кариб якуним млрд доллар) барои артиш сарф мешавад.5. Мурси ва "Ихвон" ин корхоро пай набурданд. Гайр аз ин чунин ба назар мерасад, ки доктор Мурси пас аз он ки барои тобеият ба сиëсати амрикои, хифзи манфаатхои он ва риояи созишномахое, ки сохтори пештараи Миср баста буд, ва асоситарини онхо созишномаи Кемп-Дэвид мебошад, рози шуд, бо дастгирии Амрико фирефта шуд. Аз чониби худ Амрико фармондехии пештараи артиши Мисрро барканор сохта, ба сари артиш бо ризоияти Мурси шахсони дигарро овард. Дар натичаи ин корхо, бо эхтимоли том Мурси гумон кард, ки Амрико аз у ру намегардонад ва бовари дошт, ки Амрико ба сари хокимият овардани исломиëни "муътадил" ва "миëна"-ро мехохад ва онхоро дастгири мекунад, чунонки дар Туркия дида мешавад. Дар айни замон, у идрок накард, ки Амрико аз хар як гумошта даст шуставу ру гардонда метавонад, агар ин гумошта минбаъд дилхостахои Амрикоро амали сохта натавонад. Агар гумошта дар низоми хокимияти кишвар баркарориро таъмин карда натавонад, Амрико барои нигох доштани нуфузи худ шахси дигарро ба сари хокимият меорад, чунонки бо Хусни Муборак руй дод. Хусни Муборак гумоштаи содиктарини Амрико буд ва Амрико писари Муборак Чамолро ба чои у тайëр мекард. Лекин дар паи чумбишхои ногахон сарзадаи халки Амрико пай бурд, ки Муборак барои идора кардани ин чумбишхо ва бозгардонидани баркарорие, ки барои минбаъд амали сохтани манфаатхои Амрико мухити мусоид бошад, бенихоят заиф аст. Пас, Амрико уро дар ин холат воузошта, дар болои мавчи чумбишхои халки Мурсиро ба сари хокимият овард. Инак, бо Мурси низ чунин кор такрор ëфт. Зеро, Амрико ноухдабароии Мурсиро дар таъмини баркарори дар кишвар барои амният ва осудагии манфаатхо ва нуфузи худ дида, уро ба каноре хао дод. Сомонаи дунявии "Харакати шахрвандии Миср" беш аз ду мох кабл, яъне 22.04.2013 тахти унвони "Шартхои Амрико барои рози шудан ба дахолати харби дар он шакле, ки он чун табаддулоти харби ба назар нарасад" маколае ба табъ расонида буд. Дар макола аз чумла чунин омадааст: "Шахсе, ки мо то хол номи уро ошкор сохта наметавонем, дар давоми рузхои охир ба Иëлоти Муттахида рафта, паз аз гузаронидани як катор вохурихо ва гуфтушунидхои самаранок бо шахсони нуфузноки маъмурияти Амрико, Пентагон ва Амнияти милли, ки дар онхо мавкеи Амрико нисбати хукмронии "Ихвон" барраси шуданд, бозгашта омад". Сомона хабар медихад, ки Чон Керри низ дар он вохури иштирок намуда, доири накши мухими артиши Миср нисбати зери назорат нигох доштани вазъият хангоми ба майдон баромадани халк ва пеширии сар задани чанги шахрванди байни равияхои гуногун харф задааст. Дар идомаи сухан Чон Керри гуфтааст, ки у аз заъфи кувваи "Ихвон" ва мубхамии нутки онхо, ки ба натичае намебаранд, сахт парешонхотир шудааст. У, хамчунин, бо бовари гуфтааст, ки дар холати зарури артиш накши худро ичро мекунад. Он шахсе, ки номи у номаълум боки мемонад, мегуяд: "Гап дар сари бадале ба чои хукмронии "Ихвон" ва мавкеи артиш нисбати идораи мархалаи ояндаи гузариш мерафт". Сомона сухани яке аз шахсони нуфузноки Пентагонро меорад, ки у аъзои донишгохи Брукингски Амрико буда, дар вохури иштирок дошт. У мегуяд:: "Онхо ба хулосае омаданд, ки хатто агар Мурси ба ногузирии тарки кишвар бовари хосил кунад ë бархилофи хохиши худ кишварро тарк кунад хам, тарафдоронаш рози намешаванд. Пас, дар ин чо аз нав накши мисриëн лозим мешавад, ки бояд бо издихоми анбух ба тарафдории артиш бароянд ва бо талаби кишварро тарк кардани Мурси даст ба тазохурот зананд". Ин суханон 22.04.2013, яъне беш аз ду мох кабл аз табаддулот чоп шуда буданд. Чунонки аз ин маълум мешавад, Амрико хануз аз хамон вакт табаддулотро тайëр мекард ва мехост, ки он айнан дар хамин шакл сурат гирад. 3.07.2013 он амалан ба вукуъпайваст ва Амрико аз табаддулот номидани он худдори кард. Амрико изхоротхои мубхам содир кард. Сипас, тадричан ба додани чунин изхоротхо аз кабили "вазъиятро меомузад", "омухтани вазъиятро давом медихад", "Мурси гайридемократи буд", ""харитаи рох", ки хукумати мувакката тахия кардааст сазовори тахсин мебошад" сар кард. 6. Тарафдорони президенти барканоршуда ба майдон баромаданд ва агар онхо эътирозхои худро давом диханд, ба кувва ва микëси тазохурот вусъат бахшанд ва ба чониби худ оммаи васеъро чалб намоянд, ин кифоя аст, ки идораи харби ва Амрико дар кучаи сарбаста карор гирад ва мачбур шавад, ки барои мусолаха ва якдигарфахми бо "Ихвон" шитоб кунад. Бар замми ин, "Ихвон" аз он чихат бартари дорад, ки президент аз тарафи халк интихоб шуда, аз тарафи суди конститутсиони, харбиëн, созмонхои байналхалки, Амрико ва кишвархои дигар эътироф гардидааст ва бино бар меъëри онхо амале содир накардааст, ки боиси барканор карда шуданаш аз сари хокимият шавад. У ба сари хокимият дар натичаи интихоботе омад, ки конуни эътироф карда шуд, лекин бо кувваи харби аз он (хокимият) дур карда шуд. Ин ба "Ихвон" кувва ва конуният дода, дигаронро ба он чалб мекунад. Онхое, ки табаддулотро дастгири намуда, президентро барканор сохтанд, аз хамин нуктаи назар дар вазъияти ногувор карор доранд. Зеро, онхо аз як тараф хукмронии харби ва дахолати харбиëнро кабул накарда, ба чараëни интихоботи пофишори мекунанд ва дар айни замон дигаргуниро ба воситаи харбиëн дастгири мекунанд! Аз ин ру, "Ихвон" метавонад табаддулотро ноком сохта, ба хокимият бозгардад ë акаллан дар ин вазъияти нав таъсири зиëд дошта бошад, хусусан, агар дарëфтхои мардумро барангезонад. Лекин агар онхо, яъне тарафдорони президенти барканоршуда ба гуфтушунид ва гузаштхо рози шаванд, талафоти чидди дода, он гох пушаймон мешаванд, ки аллакай дер шудааст. Кушишхои онхо аз сабаби огох набудан аз чунин равиши сиëсат дар долонхои ин сиëсат барабас мераванд, 7. Чавобро бо як хакикати раднашаванда ба охир мерасонем: касе, ки бо даргазаб сохтани Аллох розигии одамонро ба даст овардан мехохад, уро Аллох ба одамон вомегузорад, у дар ноамниву бесарусомони карор мегирад ва муносабати у бо одамон бад мешавад, ки мо айнан шохиди чунин холат мебошем. Мурси ва "Ихвонул муслимин" барои рози кардани Амрико чидду чахд карданд. Онхо ба лоихахои Амрико, созишномаи Кемп-Дэвид, ки бино бар он Фаластин аз даст меравад, мавкеъ дар Санйо заиф мешавад, давлати яхудии ишголгари Фаластин эътироф мешавад, рози шуданд. Мурси аз бисëр шиорхои худ даст кашида, розигии худро ба низоми чумхурияви ва хукумати дунявии шахрвандии демократи изхор намуд ва хангоми ба мансаби президенти нишастани худ бар инхо касам хурд, пас, Ислом ва хокимияти Исломро канор гузошт. Ин хама бо максади рози кардани Амрико буд, то у дар курсии хокимияте, ки арконхояш фосиданд, боки бимонад. Дар натича, у хам дунë ва хам Охиратро аз даст дод, ба шарте ки тавба карда ислох нашавад. Хароина Паëмбари Аллох бархак ин суханонро гуфтаанд: "Касе, ки барои рози кардани одамон Аллохро даргазаб созад, Аллох уро ба одамон вомегузорад ва касе, ки барои рози кардани Аллох одамонро даргазаб месозад, Аллох барои рахо кардани у аз душвори бо одамон кифоя аст" (Тирмизи). 8. Дар нихояти сухан зикр карданием, ки мо дар ду нашрияи пештар баровардаи худ ба доктор Мурси насихат карда будем. Нашрияи якум 25.06.2012 ва нашрияи дуюм 13.08.2012 бароварда шуда буданд. Дар нашрияи якум чунин омада буд: "Сипас, мо бо насихати холисона танхо барои Аллохи Субхонаху ба президенти нави Миср хитоб мекунем, ки аз Аллох битарсед ва аз даъватхо ба давлати шахрвандии демократии дуняви, гоя, барнома ва рагбатхои он бозистед. Фазилат дар он аст, ки ба хак бозгардед, то хамаи ин дунëро аз даст надихед. Зеро, хангоме ки Шурои харби болхои шуморо бурид ва салохиятхои шумо махдуд шуданд, кисми бештари дунëро аз даст додед. Пас, бозгардед, то ба воситаи изхоротхо доири давлати шахрвандии демократи бо Амрикову Гарбро рози кардану Парвардигори Амрикову Гарбро даргазаб сохтан ва аз барпои Хилофату татбики Шариати Аллох даст кашидан Охиратро низ аз даст надихед. Шакке надорем, ки шумо ин хадиси Расулуллох (с)-ро хондаед, ки фармудаанд: "Касе, ки барои рози кардани одамон Аллохро даргазаб созад, Аллох уро ба одамон вомегузорад ва касе, ки барои рози кардани Аллох одамонро даргазаб месозад, Аллох барои рахо кардани у аз душвори бо одамон кифоя аст" (Тирмизи ва Абу Наим дар "Алхиля" аз Оиша (р.а) ривоят кардаанд). Холисан барои Аллохи Таъоло мо ин насихатро ба шумо расонида, бар ивази он мукофот ë миннатдорие интизор нестем. Танхо мехохем, ки шумо аз бадихои кофирон, гумоштагони онхо ва тамоми душманони Ислом эхтиëт бошед. Зеро, чун онхо мешунаванд, ки ба лоихаи онхо - давлати демократии шахрванди муслимон ва "Ихвонул муслимин" даъват карданро сар кардаанд, бо тамоми вучуд механданд. Инна лиллахи ва инна илайхи рочиъун". Дар нашрияи дуюм чунин омада буд. "Баëноти худро бо такрори насихат ба президенти Миср Мухаммад Мурси ба охир мерасонем, харчанд у насихати аввали моро кабул накарда буд. Мо аз насихат ба хар як муслим ноумед намешавем, хусусан, агар у дар хокимият карор дошта бошад. Илова бар насихати аввала мо чунин гуфтанием: "Харчанд нуфузи Амрико дар доирахои сиëсии наву кухна (-Миср) пахн шуда бошад хам, решакан кардани он имкон дорад. Як бор ислох кардани хато бехтар аз он аст, ки борхо он хато содир карда шавад. Барои рахои ëфтан аз нуфузи Амрико кушишхои дусти ва наздикшави бо он ëри намедиханд, балки бояд онро катъиян решакан сохт, вагарна пушаймони суд надорад. Замини Кинона дорои кувваю тавоноист ва дар таърих доири он намунахои ачоиб омадаанд. Касе, ки дар хак хамрохи Аллох бошад, у голиб аст. Оятхои Куръон инро баëн кардаанд ва президенти Миср дар баромади охирини худ низ инро зикр сохта буд: "Аллох ба кори худ голиб аст, лекин аксари мардум намедонанд" [12.21]. Оре, Аллох рост гуфтааст: "Кист он, ки аз Аллох ростгуйтар бошад" [4:87]Оë мо нарасонидем, Парвардигоро, шохид бош!... Оë мо нарасонидем, Парвардигоро, шохид бош!"3 Рамазони соли 1434х
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев