Ҳавопаймои мусофирбари парвози самти «Маскав-Хуҷанд» пас аз ҳудуди ду соати чарх задан дар фазои вилояти Суғд, дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд фуруд нишастааст.
24.05.2013
Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки бештари сокинони вилояти Суғд дар фосилаи соатҳои 8 то 10 субҳ ҳавопаймоеро дар фазо мушоҳида кардаанд, ки давр мезад, аммо нишаста наметавонист.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳавопаймо, ки мутааллиқ ба ширкати «Тоҷикэйр» будааст, ҳангоми ворид шудан ба марзи Тоҷикистон, ба мушкил рӯ ба рӯ гардид. Ба хотири ҷилавгирӣ аз паёмади номатлуб, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд умури омодагӣ ва наҷотро рӯи даст гирифтааст. Ин аст, ки роҳҳои вурудӣ ба фурудгоҳ баста шуда ва тамоми хадамоти оташнишонӣ, «ёрии таъҷилӣ» ва ғайра сафарбар гардиданд.
Аммо ба гуфтаи хабарнигори радиои Озодӣ, ҳавопаймо пас аз комилан харҷ кардани маводи сӯзишворӣ дар ниҳоят ҳудуди соати 10 дар фурудгоҳ нишастааст. Гуфта мешавад, ҳавопаймо 96 мусофир доштааст ва ин ҳодиса бидуни талафоти ҷонӣ будааст. Ҳавопаймои Боинг 737 аз фурудгоҳи "Дрмодедово"-и Маскава ба Хуҷанд меомад.
Ҳарчанд сабабҳои расмии ба мушкил рӯбарӯ шудани ҳавопайморо то ҳол ширкати «Тоҷикэйр» шарҳ надодааст, аммо гуфта мешавад, маҳз хароб шудани яке аз чархҳои ҳавопаймо иллати ин мушкил будааст.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки чанд рӯз қабл торнамои Business Insider, мақараш дар Ню-Йорк, ширкати “Tajik Air”-и Тоҷикистонро дар як дараҷабандӣ дар миёни даҳ ширкати бадтарин дар зинаи 9-ум ҷой дод.
Торнамои Business Insider 20 ширкати хубтарин ва 20 ширкати бадтарини ҳавопаймоиро номбар кардааст. Дар садри ширкатҳои беҳтарин Qatar Airways, Asiana Airways, Singapore Airlines ва Cathay Pacific Airways ҷой гирифтаанд. Аксари ширкатҳои бистгонаи беҳтарин аз кишварҳои арабӣ ва Ховари Миёна буда, дар байни онҳо танҳо 2 ширкати аврупоӣ – Lufthanza дар мақоми 14-ум ва Swiss Int’l Airlines дар зинаи 18-ум омадаанд.
Business Insider мегӯяд, барои дақиқ кардани эътибори ширкатҳои ҳавоӣ сифати ғизо ба мусофирон дар салони парвозҳои умумӣ ё эконом- класс, тозагии дохили ҳавопаймоҳо, курсиҳои нишаст, саргармиҳо ҳангоми парвоз, назари мусофирон ва шароити дигари парвоз дар назар гирифта шудааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев