🔸 Матни пурсиш:
Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки тақлид аз олимонро кофӣ намедонад, чи нақша ё вазифае барои онон қоъил аст? Ё ба назари эшон уламои мусалмон ҳеҷ нақш ва вазифаи хоссе надоранд?!
🔸 Матни посух:
Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, худ яке аз уламои мусалмон аст ва табъан ҳамон нақшаеро барои онон қоъил аст ки барои худ қоъил аст ва он заминасозӣ барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон аз тариқи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти Худованд дар замин ба тартибе аст ки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» табйин фармудааст. Бинобарин, аз назари эшон уламои мусалмон мувазафанд ки ба ҷои даъват ба сӯӣ худ, ба сӯӣ халифаи Худованд дар замин даъват кунанд ва ба ҷои эҷод ва ҳифзи ҳокимияти худ, ба эҷод ва ҳифзи ҳокимияти ӯ бипардозанд; Чароки ин кор дар сурате ки муқаддамоти он тавассути мусалмонон таъмин шавад, мумкин аст ва муқаддамоти он камобеш монанди муқаддамоти эҷод ва ҳифзи соири ҳукуматҳост. ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1115/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев