Бародарон ва хохарон, чуноне ки бисёри аз шумо медонед, 13-уми сентябр дар шахри Чехов, як мусибате бар сари хонадони точик омад.
Хангоми гузаштан аз рох, як духтари точик ба ном Сарвинозро "электричка" зер карда, бо хамон холат 200-300 метр мекашонад. Хангоми ба чой расидани ёрии таъчили,дигар аз дасти духтурон чизе наомад, ва духтар чон ба хак супурд...
Ба чуз Аллох касе намедонад, чи хел шуд ки у "электричка"-и калонро дида ба канори рох нарафт, ва ё ронанда духтарро дида катораро манъ накард.. Дар ин бора тафтишоти пулисхо рафта истодааст...
Хуллас баъдан уро ба "МОРГ"-и ш.Чехов бурданд.
Ин овоза хело зуд ба гуши хамватанонамон расид ва зуд хама сарчамъ шуда ба маблагчини шуруъ кардем. Дигар бародарон аз паси таёр кардани хуччатхову равон кардани майит шуданд. Бо ризогии Аллох, ва кумаку дастгирии хамватанонамон ки бетараф нашуданд ва ин мусибатро мусибати худ дониста сахми худро дар ин кори хайр гузоштанд, бо дастгирии хамдигар майит ба тобут гузошта, ба ватанамон, ба назди оилаву авлоди чигарсузаш ровона шуд.
Хуллас такрибан 125 хазори руси ба таёр карда равон кардан сарф шуд, ва такрибан 56 хазори дигар ба хонаашон равон кардем...
Бародарону хохарон, хамватанон, ин рузхои сангин бар сари хар яки мо хохад омад. Ва Худо накунаду ягон фарде аз мо, ба хамин хел ягон фалокат дучор шуда дар холати вазнин карор гирем КИ ба мо ДАСТИ КУМАК дароз мекунад??? Бинед чи кадар пули зиёде сарф мешавад дар ин холатхо. Аз кучо мо ин маблагро меёбем??? Хеле сангин аст ахволи мардумамон...
Барои хамин, мо гурухи точикони ш.Подольск ба акидае омадем ки бояд корти бонки кушода хар мох аз сари маошхоямон дар ин корт якчан маблаге гузорем, то ки дар як рузи сиях хамватанонамонро да кади куча намонда, сохиби кунем!!!
Ва шумахам бародарону хохарон бетараф набошед. Хар як пули шумо барои фоидаи хамватанонамон мешавад. Фарк надорад, "Катра-катра, дарё шавад" 50 рубль, 100 рубль, 500-1000 р, хар як тангаи шумо, сахми шумо аст ба як кори хайр, ва ин ша Аллох савобашро хатман мегиред...
Барои хамин хамватанони азиз мо ин корро бар зима гирифтем ва ба хар як тангаи шумо чавоб медихем!!!
Бо сардории мулло Мухаммад вахамрахонаш аз ш.Подольск...
Дуо кунем, ки Аллохи Бузур ин майитро рахмат кунад, ва хамаи бародарону хохароне ки дар ин кор маглаги худро хайр карданд Аллох хайрашонро ба даргохаш кабул кунад ва подоши нек барояшон бифармояд, Аллохуммасали ьала Мухаммад ва ала оли Мухаммад ва сах,бих,и ва саллим амиин ё рабал ьаламин...
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев