Як рӯз Иброҳим писари Расулуллоҳ (с.а.с) дар бағали модараш Мория (р) хобида буд. Дар ҳоле, ки аз умраш 6 – моҳ сипарӣ нашуда буд, мурғи аҷал бар сараш парвоз кард. Ҳазрат (с.а.с) бо диққат ба тарафи ӯ нигоҳ кард ва ба фарзанди дилбандаш гуфт:
— Эй Иброҳим, имрӯз ҳеҷ коре барои ту аз дастам намеояд.
Сипас, Иброҳим, ки охирин авлоди Расулуллоҳ (с.а.с) буд, вафот кард. Вақте ки набии муборак ӯро дар қабр гузошт, барояш гуфт:
— Эй Иброҳим, ҳар замоне, ки малоики қабр назди ту омаданд ва аз ту савол карданд, бо ҷуръат бигӯ: "Худои ман Аллоҳ (Ҷалла Ҷалолуҳу) аст ва расулаш Пайғамбар (с.а.с), ки падари ман аст ва дини ман Ислом аст.
Ҳазрати Умар (р), ки дар онҷо ҳузур дошт, ба гиря даромад. Пайғамбар (с.а.с) пурсиданд:
— Чаро гиря мекунӣ?
Умар (р) гуфт:
— Ин тифли бегуноҳро шумо талқини саволу ҷавоб мекунед, ки ҳеҷ гуноҳ надорад. Ҳоли мо чӣ мешуда бошад?
Дар дигар ҳадис Пайғамбар (с.а.с) мефармоянд:
"Аз азоби қабр ба Аллоҳи мутаъол паноҳ бибаред, зеро ки азоби қабр ҳақ аст".
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев