Муҳаммад – пайғамбари Худо ва онон, ки ҳамроҳи ӯянд, бар кофирон сахтанд ва дар миёни худ меҳрубонанд. Онҳоро рукӯъкунанда, саҷданамоянда мебинӣ, ки аз Худо фазлу хушнудиро металабанд. Нишонаашон аз асари саҷда дар рӯйҳои онҳо аст. Ин (ки мазкур шуд) достони онҳо дар Таврот ва достони онҳо дар Инҷил аст. Онҳо монанди зироате ҳастанд, ки навдаи худро бароварад ва онро қавӣ кунад ва ситабр шавад ва бар соқҳои худ биистад; ва зироаткунандагонро ба шигифт меоварад, то ба сабаби онҳо кофиронро ба хашм орад.(Ҳосили масал он аст, ки Ислом дар аввали ҳол заиф буд ва мусулмонон кам буданд, рафта-рафта ғолибу бисёр шуданд) Худо аз миёни онҳо ба касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, омурзиш ва музди бузург ваъда додааст.
Фатҳ(الفتح) 29
Саҳифаи: 515
Ҳизб: 103
Ҷузъ: 26
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев