Бароъ ибни Молики марди жулидамўй ва лоѓар буд, бинанда фикр намекард, ки ин шахс ин хама ќахрамони ва шучоат нишон дихад. Аммо бо вучуди ин заъфи чисмони ва нотавонии бадан беш аз сад танро ба танхоии хеш ба ќатл расонидааст ва ин теъдод ѓайр аз теъдодест, ки ба дасти вай дар сахнаи набард зиндаги худро аз даст додаанд. Ин ќахрамони номовар ва шучоъ он ќадар дар сахнаи набард бебокона меразмид, ки хазрати Умари Форуќ ба кордорони худ дар гўшаву канори ќаламрави Ислом дар хусуси вай навишта ирсол намудааст, ки ба вай вазифаи ќумандонии лашкари мусалмононро надиханд, ки мабодо бо иќдоми хеш хамаро дар вартаи халокат ва нобуди андозад. Вай бародари Анас ибни Молик ходими хазрати Расулуллох (с) аст. Мо агар бихохем хама чониби зиндагии Бароъ ва ќахрамонихову диловарихои вайро ба риштаи тахрир дарорем ин амр аз тавони мо берун аст. Ва фаќат ба зикри як ходиса аз ќахрамонихои вай дар ин чо иктифо мекунем ва ин ќисса худ боќи дигар хама саргузашт ва ќахрамонихои вайро дар ихтиёри мо хохад гузошт. Ин достон аз давраи вафоти Хазрати Расули Худо (с) ва пайвастанаш ба рафиќи аъло оѓоз мешавад. Тавре ки ќабилахои араб баъд аз вафоти он хазрат тасмим гирифтанд, ки хама дастачамъи аз дини Хордо берун шаванд хамон тавре, ки хама дастчамъи дар ибтидо ба дини Худо дохил шуда буданд, то он ки аз Ислом ному нишоне намонад ва ба чуз ахли Макка ва Мадина ва Тоиф ва чамъиятхои маъдуде, ки ба суратхои пароканда дар ин чо дар Ислом боќи монданд, боќи хама аз дини Худо саркаши карданд.36 Хазрати Абубакри Сиддиќ (р) дар баробари ин фитнаи бузург мардонавор истодаги намуд ва бемухобот бо он чангид. Ва аз мухочирин ва Ансор ёздах сипох омода сохт. Ва барои ќумандони хар як аз ин ёздах сипох парчамеро барафрошт ва ишонро дар саросари Чазиратул Араб гумошт то муртадинро ба рохи хаќ ва хидоят баргардонад ва бо зўри шамшер мунхарифонро бо чодаи рост ва мустаќим мачбур созад. Аз нерўмандтарини ин гурўхи муртадин Бани Ханифа буд, ки ба эътибори чанговар ва теъдод ќавитар буд ва рохбарии ононро Мусайлимаи каззоб ба ўхда дошт. Мусайлима аз ќавми худ ба теъдоди чихил хазор нафар чанговарро муттахид намуд ва ин теъдод хама ба хукми нажодпарасти ва ќавмият дар гирди вай чамъ шуда буданд на ба хукми ин ки ишон ба вай имон оварда бошанд. Чунончи баъзе аз ишон ин матлабро изхор намуда мегуфтанд: Мо медонем, ки Мусайлима каззоб ва дуруѓгў ва Мухаммад содиќ ва ростгў аст. Аммо каззоби (ќабилаи) Рабеъ (Мусайлима) назди мо аз содиќи (ќабилаи) Музар (Хазрати Мухаммад (с) бехтар аст. Нерўхои Мусайлима нахустин даста аз сипохиёни исломро, ки сарварии онро Икрама ибни Абучахл ба дўш дошт, шикаст дод ва ишонро ба аќибнишини мачбур сохт. Харду лашкар дар сарзамини Ямома дар Начд бо хам рў ба рў шуданд. Дере нагузашт, ки паллаи мизони Мусайлима гарон шуд ва замин дар зери пои мусалмонон ба ларза афтод ва тасмим ба он гирифтанд, ки аќибнишини кунанд. Лашкариёни Мусайлима дохили хаймаи Холид ибни Валид гардида ва хаймаашро аз замин бардоштанд ва наздик буд, ки хамсарашро ба ќатл расонанд. Аммо як тан аз мусалмонони бомахорат вайро начот дод. Дар чунин фурсате мусалмонон дарёфтанд, ки хатари бузурге ба онхо тахдид мекунад ва донистанд, ки агар лашкари мусалмонон ин бор дар баробари Мусайлима шикаст бихўранд, дигар Ислом дар Чазиратул Араб бапо нахохад истод ва дигар хеч яке дар ин сарзамин ба парастиши Худованди ягона нахохад пардохт.37 Дар гирудори ин хатар бузург буд, ки Холид мутавачехи лашкари худ шуд ва онро аз сар танзим кард ба тавре, ки мухочиринро аз Ансор ва бадавиро аз шахри як тараф намуд. Ва фарзандони хар ќабиларо ба таври алохида дар тахти як байраќ ќарор дод, то бубинад, ки кадом як аз ин ќабилахо чанговартар аст ва дарёбад, ки омили шикасти мусалмонон аз кадом нохия аст. Чанги хунин дар миёни ду тараф сурат гирифт, ки мусалмонон ќаблан ба чунин як чанги табохкунанда рў ба рў нашуда буданд. Ва чанговарони Мусайлима бо субот нопойдории ачибе ба набард идома доданд ва шумораи зиёди кушташудагон онхоро аз идомаи чанг боз надошт ва чун кўх истодаги намуданд. Ва мусалмонон аз худ ќахрамонихои ачибе нишон доданд, ки агар шоире дар васфи онхо месуруд шояд аз маъруфтарин ва дилангезтарин ќасидахои шеъри мебуд. Собит ибни Ќайс, парчамдори гурўхи Ансор кафан пўшида ва барои худ ќабр меканад ва то нисфи бадани худ дар он фурў наравад ва дар мавќифи худ собит ва устувор мемонад, ва бо дифоъ аз парчами ќавми худ, то сархади марг меразмад, то он ки чоми шаходат ба сар мекашад. Ва Зайд ибни Хаттоб - бародари хазрати Умар ибни Хаттоб (р) дар миёни лашкар фарёд мезанад, ки эй мусалмонон, собитќадам бошед ва бо матонат хамлаи душманро саркўб кунед ва ќадам ба пеш нихед. Эй мардум, ќасам ба Худо, баъд аз ин калима, дигар харгиз харфе бар забон нахохам овард, то онки Мусайлима шикаст бихўрад ва ё он ки Худовандро бо хуни худ мулоќот кунам ва онро далел ва хуччати худ бидонам. Ва баъд бар лашкариёни Мусайлима хамла бурд ва пайваста мечангид то ин ки ба шаходат расид. Солим ѓулом Абухузайфа парчами мухочиринро ба даст дорад ќавмаш аз он бим намуд, ки дар чанг заиф гардад ва ё субот ва пойдориро аз даст дихад, лизо ба ў гуфтанд: Аз он бим дорем, ки дар натичаи заъфи ту душман бар мо даст ёбад.38 Вай дар чавоб гуфт: Агар дар натичаи заъфи ман душман бар шумо даст ёбад, ман ба хаќ хофизи Ќуръон нахохам буд. Баъд ба душман хамлаи шучоона намуд, то ин ки мавриди исобат ќарор гирифт. Аммо ин хама ќахрамонихо дар баробари ќахрамони ва шучоате, ки Бароъ ибни Молик (р) анчом додааст чизе нахохад буд ва он ин ки: Ваќте Холид дид, ки оташи чанг шўълавар гардид ва шиддати он ба авчи худ расид, рў ба сўи Бароъ ибни Молик овард ва гуфт: Эй чавони Ансори ба сўи ишон бишитоб. Бароъ ба сўи ќавми худ рўй гардонид ва гуфт: Эй чамъи Ансор, набояд хеч яке аз шумо дар фикри бозгашт ба Мадина бошад. Шуморо баъд аз ин рўз Мадина нахохад буд... Балки шуморо Худои ягона аст ва баъд бихишт… Баъд бар мушрикин хамла намуд ва ёронаш низ аз аќиби ў рафтанд. Ва шурўъ ба рахна кардани сафи душман намуд ва бо шамшер гарданхои душманони Худоро аз тан чудо месохт, то ин ки ќадамхои Мусайлима ва лашкариёнашро мутазалзил сохт ва онхоро мачбур ба фирор намуда ва дар бўстоне, ки баъдан ба номи бўстони марг шўхрат ёфт, хамла бурданд ва теъдоди куштагон дар он бўстон аз шумор берун гардид. Ин бўстони марг дорои майдони васеъ ва девори баланде буд. Мусайлима ва хазорон тан аз мудофеъонаш ваќте дохили ин бўстон шуданд, дарвозахои онро ба рўи худ бастанд ва аз баланди деворхои он барои дифоъ аз худ истифода намуда ва мусалмононро аз дохили он хадафи тирхои худ ќарор доданд. Дар чунин фурсате ин ќахрамони диловар Бароъ ибни Молик омад ва гуфт: Эй ќавм, маро бо ин сипар бигзоред ва баъд онро ба нўки найзахо бардошта дар наздикии дарвозаи боѓ бияндозед, ё шахид мешавам ва ё он ки дарвозаро ба рўятон мекушоям. Бароъ ибни Молик бо суръат дар миёни сипар нишаст ва ёронаш бо нўги найзахо ўро ба дохили боѓ андохтанд.39 Хазорон тан аз лашкариёни Мусайлима ба сари вай рехтанд ва даргирии шадиде дар миёни вай ва душманонаш даргирифт ва баъд аз бархўрде, ки даххо кушта ба чо гузошт тавонист, ки дарвозаро бикшояд ва беш аз хаштод чои аз баданаш захми шамшер ва найза дида буд. Мусалмонон чун сел дохили бўстон шуданд ва чунон ба куштани муртаддин пардохтанд, ки аз тавсиф берун аст. Ва дар худуди беш аз бист хазор нафар аз лашкариёни Мусайлимаро аз теѓ гузарониданд ва ахиран худи Мусайлимаро низ ба ќатл расониданд. Бароъ ибни Моликро бардошта ба ќароргохаш бурданд, то ўро муолича намоянд. Хазрати Холид худуди як мохро назди вай сипари кард, то он ки Худованд ўро шифо бахшид ва тавассути вай лашкари мусалмононро пирўзи насиб фармуд. Бароъ ибни Молики Ансори орзўи шаходатро менамуд, ки дар рўзи корзори бўстони марг насибаш нашуд… Баъд аз он дар чангхо яке паи дигар ширкат кард то орзўи деринаи худро дарёбад ва бо Паёмбари гиромии худ бипайвандад, то он ки рўзи фатхи шахр. Тўстар яке аз шахрхои Форс фаро расид. Форсхо дар яке аз ќалъахои мустахками ин шахр сангар гирифта буданд. Мусалмонон ин ќалъаро дар мухосираи шадиди худ гирифтанд. Чун муддати замони тўлони бар ин хисор сипари шуд, ва форсхо дар он ба танг омаданд. Бинобар ин нишон барои дифоъ аз хеш халќахои оханинеро, ки бар нўки он чангакхои фулоди, ки дар оташ доѓ шуда буд, насб намуда ва аз фарози деворхои ќалъа поин карда дар чисми мусалмонон онро фурў бурда ва ба сўи худ онхоро мекашиданд, ки дар ин чараён мусалмонон ё хаёти худро аз даст медоданд ва ё он ки ба марг онхоро наздик месохтанд. Яке аз ин чангакхо дар тани Анас ибни Молик бародари Бароъ хўрд ва ўро ба сўи худ кашиданд. Хамин ки чашми Бароъ ба вай афтод ва дид, ки бародараш хадафи шикори душман ќарор гирифта ба суръат ба сўи вай давид ва худро40 ба девори ќалъа расонд ва занчирро, ки бародараш ба он овезон буд, ба даст гирифт ва бо хама тавони худ саъй намуд, то бародашаро аз он халос кунад ва ахиран тавонист, ки бо сўзондани дасти худ ба тасмимаш ноил гардид. Дар ин чанг Бароъ ибни Молики Ансори аз Худованд хост, ки ўро шаходат насиб фармояд. Хамон буд, ки дуъои ўро ичобат намуд ва ба мартабаи олии шаходат ноил гардид ва ба лиќоуллох пайваст. Худованд Бароъ ибни Моликро дар бихишти барин чой дихад ва маќому манзалаташ баланд дорад ва орзўяшро дар пайвастан ба хазрат Расули Худо бароварда созад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев