Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Аз рашку ҳасад, ҳамхобаи корманди Шуъбаи пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва ноболиғони ВКД дар шаҳри Исфара олоти мардии ӯро бурида, милиса зинда мондааст.
Бино ба талаботи меъёрҳои аълоқӣ, мо аз овардани ному вазифаи Ф.Х. худдорӣ мекунем.
Бино ба иттилои манобеъи TojNews, Ф.Х. дар ҳоле аз олоти мардиаш маҳрум шудааст, ки ҳамхобаи ӯ, С.Х., сокини шаҳри Конибодом, ки гўё ҳамсари дуюмаш низ будааст, аз рашку ҳасад ба ҳамсари қонунии милиса олоти мардии ӯро буридааст.
Ин ҳодиса 21-уми январ дар ҳоле рух додааст, ки Ф.Х. дар назди ҳамхобаи дуюмаш ҳамсари худро таъриф кардааст.
Таърифу тавсифи ҳамсараш милисаро аз олоти мардӣ маҳрум кард. Рашку ҳасади ҳамхобаи дуюмаш боис шудааст, ки зан узви таносули милисаро буридааст.
Дар робита ба ин қазия Прокуратураишаҳри Конибодом нисбати С.Х. парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
НисбатиС.Х. бо дастрасӣ ба қисми1-и моддаи 110-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон(қасдан расониданизарари ҷисмонӣ) парвандаоғоз шудааст.
Дар РаёсатиВКД дар вилоятиСуғд мегӯянд,ҳоло Ф.Х. бо сабаби дар рухсатиитабобатӣқарор доштанаш муваққатан аз иҷрои вазифаи хидматӣ озод карда шудааст.
Шоядшумо суол ё назаре доред?
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев