Предыдущая публикация
Чи кардам, нисбатам, номеҳрубонӣ.
Гаҳе бо дарду гаҳ бо ғусса пайванд,
Гаҳе танҳову дур аз ёри ҷонӣ.
Чу меҳмонам дар ин дурӯза дунё,
Маро як лаҳзае бе ғам намонӣ.
Бибурдӣ ту зи ман рӯзҳои хубам,
Надорам ман ҳатто аз худ нишонӣ.
Бигӯ ту то ба кай дилхушиямро
Ба мисли душмане аз ман ситонӣ?
Зи ту як хоҳише дорам дар охир,
Маро бо ман дами пирӣ намонӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев