Вазири корҳои хориҷии Эрон бо ишора ба сафари раисҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон аз имзои 20 ёддошти тафоҳум дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорат, сайёҳӣ ва нақлиёт хабар дод.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон бо ишора ба сафари Масъуди Пизишкиён ба Душанбе гуфт: Тоҷикистон кишвари форсизабон дар ҳудуди тамаддуни эронӣ аст ва манфиатҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунӣ бо ин кишвар дошта ва дорем.
Ироқчӣ аз имзои 20 ёддошти тафоҳум дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорат, сайёҳӣ, нақлиёт ва ғайра хабар дод ва афзуд: Ҳамчунин як ҳамоиши бузурге бо марказияти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ хоҳем дошт ва гурӯҳи бузурге аз соҳибкорони эронӣ, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, дар ин кишвар қарор доранд ва фардо бо ҳамтоён ва ҷомеаи тиҷоратии Тоҷикистон ҷаласаҳои муштарак хоҳанд дошт. Ҳамчунин раисони ҷумҳури ду кишвар дар ин нишаст иштирок хоҳанд кард ва суханронӣ хоҳанд кард.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Эрон, дар ин сафар як рӯйдоди фарҳангӣ низ баргузор хоҳад шуд.
Ироқчӣ дар суҳбат бо радиои Гуфтугӯ аз пайванди амиқи Эрон ва Тоҷикистон дар соҳаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ сухан гуфт ва афзуд: Форсӣ, забони муштарак ва ашъори форсӣ, мероси муштараки ду кишвар аст; бинобар ин, мо шаби шеър бо иштироки адабиён ва шоирони ду кишвар ташкил мекунем, ки ҳодисае бисёр муҳим хоҳад буд. https://tajikpress.com/2025/01/15/%d2%b7%d1%83%d0%b7%d1%8a%d0%b8%d1%91%d1%82%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%bf%d0%b8%d0%b7%d0%b8%d1%88%d0%ba%d0%b8%d1%91%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев