Предыдущая публикация
Бад-он умед диҳам ҷон ки хоки кӯи ту бошам
Ба вақти субҳи қиёмат, ки сар аз хок барорам
Ба гуфтугӯи ту хезам ба ҷустуҷӯи ту бошам
Ба маҷмаае ки дароянд шоҳидони ду олам
Назар ба сӯи ту дорам ғуломи рӯи ту бошам
Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихуспам
Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошам
Ҳадиси равза нагуям гули биҳишт набуям
Ҷамоли ҳур наҷӯям давон ба сӯи ту бошам
Майи биҳишт нанушам зи дасти соқии ризвон
Маро ба бода чи ҳоҷат ки масти рӯи ту бошам
Ҳазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтан
Агар хилоф кунам Саъдиё ба сӯи ту бошам
{Саъдии Шерози}
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев