Ин шайх дар хонааш ҳайвонҳои гуногуне дошт. Рузе як шогирдаш барои шайх тути ҳадя кард. Тути ҳар руз аз забони шайх ва шогирдонаш калимаи "Ла илаҳа иллаллоҳ"-ро мешунид ва ин калимаро такрор мекард. Рузе шогирдони шайх ба дарс омаданд ва диданд, ки шайх зиқ ҳасту мегиряд. Аз у пурсиданд: Эй шайх, чаро гиря мекуни? Шайх дар ч,авоб гуфт: Гурба ба тути хуч,ум кард ва уро ҳалок кард. Шогирдонаш гуфтанд: Эй шайх, ноумед машав барои шумо аз тутии аввала дида беҳтарашро меорем. Шайх дар ч,авоб гуфт: Гиряи ман ба хотири тути нест, гиряи ман ба он хотир аст, ки вақте, ки гурба бар сари тути ҳуч,ум кард, тути фақат доду фарёд мезад, аммо он калимаи "Ла илаҳа иллаллоҳ"- ро фаромуш кард ва ба забон оварда натавонист. Чунки тути ин калимаро фақат дар забонаш меронд ва дар дилаш ч,ой нашуда буд. Ман аз он метарсам, ки мабодо ин калима дар забони мо бошаду дар дилҳоямон не, пас дар он лаҳзаи марг мо ба сахтии ч,онкандан машғул шавему ин калимаро фаромуш кунем. Шогирдони шайх ин қиссаро шунида ҳама гирён шуданду аз Худо талаб карданд, ки Худоё ин калимаро на дар нуги забонҳоямон, балки дар дилҳоямон ч,ой кун. Ин қиссаро хондаму ба худ андешидам, Худоё, чи қадар мардумоне ҳастанд, ки ин калимаро тутивор такрор мекунанд
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев