аз марги шавхар танхо мондааст бо се кудак.
Ин зан дар хеч чой кор намекардааст.
Харчанд у акнун дар кофту коби чои кор буд
аммо уро ба кор намегирифтанд. Руз ба руз
ахволи зиндагиаш бо кудакон вазнин мешуд-
аммо ба у касе дасти ёри дароз намекард.
Хамин тавр он зан дар fами он ки кудакон аз
гуруснаги намиранд мачбур шуд ба гадоги
даст занад. У ба куча баромад ва хост аз
мардумоне ки намешиносад ёри талабад. У аз
чанд куча гузашту дид ки назди магозахои
калоне як такси истод ва мусофир фаровард.
- «Чун ин нав мусофир фаровард мумкин у
тавонад каме хам бошад ба ман пул дихад.
Рафта аз у дасти ёри мепурсам»!- ба худ гуфт
он зан.
Якчанд руз буд ки у fизое нахурда буд аз
хамин сабаб дар дасту пойхояш мадор
намонда буд. У вакте назди он таксист ки
номаш Хасан буд расид тамоми куввашро
чамъ карду бо овози ларзон ва гиряашро
дошта гуфт:
- Аз барои ризои Аллоh барои кудаконам ягон
хайре кунед. Гар ман худам танхо мебудам
тайёр будам бимирам аз гуруснаги, чун обуруи
худро доfдор накунам. Аммо ман
наметавонам бепарвоёна азобу оби дидаи
кудаконамро бубинам. Аз шумо хохиш
мекунам аз барои ризои Аллоh- ягон ёрдам
расонед!
Ин замон Шайтони лаъин дар гуши Хасан
фикру акидаи палиди худро хондан гирифт ки «
Ту чи ин гадои кучагиро гуш мекуни. Охир
хама кучахо аз чунин гадохо пур шудааст- ба
хамаашон пул намерасад. Рав ба хонаат-чун
занат мунтазират аст»!
Аммо Хасан инсоне буд боэмону ботакво ва
дар чашмони он зан хакикат ростгуиро дид.
Дигар ин ки он зан аз барои ризои Аллоh
дасти ёри мехост- пас ин он «вас воси»
Шайтонро маfлуб кард. Зан хам ба гадо
монанд набуд.
Чашмони он зан дурахшиданд- вакте ки Хасан
аз хамёни худ пули калонеро бароварду ба у
дод. Вай намедонист чи хел Хасанро
миннатдори кунад- аммо натавонист чун
Хасан харакат карду дар торики нопадид шуд.
Вай дигар коре карда наметавонист fайри он
ки дар хакаш дуъои хайр кунаду аз Худованд
барояш некихои дунёро хохад.
Замоне ки Хасан он занро бодиккат гуш
медод ва ба у ёри расонду кори хайреро
анчом дод у хатто фикр намекард ки ин
пулхое ки ба он зан дод як кисми калони
пулхоест ки барои ивази чархои мошинаш
чамъ карда буд. Занаш хам хар руз инро ба
ёдаш меовард. Он шаб хам хамин тавр кард.
Он зан хам дар фикри шавхараш буд ки ба
ягон садамае наафтад чун тамоми руз дар
сари чамбарак аст.
Хар бегох Хасан суханхои занашро гуш медоду
таъкидхои уро босаброна кабул мекард то ба
чангу чанчол нарасад. Аммо у наметавонист
гуяд ки он пулхои чамъ кардаро кучо кард.
Хамин тавр як руз у ба занаш гуфт ки устои
чарх-ивазкун зиёд банд асту бо у маслихат
кардааст то хамин ки сабук шавад кораш у
рафта чарххояшро иваз мекунад.
Як шаб у аз кор баргашту аз занаш шунид ки
мегуфт:
- Усто омаду гуфт ки то ту бо фалон суроfа
оиву у чарххоятро иваз кунад.
Хасан аз шунидани гуфтахои зан сахт дар
хайрат шуд. У дар чояш шах шуда буд- аммо
ба занаш инро вонамуд намекард. У гуиё бо
хамин усто маслихат карда бошад- ба занаш
ишора кард ва сар чунбонд. Суроfаро хам ки
дар коfаз навишта шуда буд ба у ношинос
буд. Он шаб гуиё чун як сол шуд- чун у хобаш
намебурд ва хайрон буд аз шунида. Уро
саволе азоб медод:
-« Ин ки бошад? Аз кучо у фахмида бошад ки
ман бояд чарх иваз кунам?»
Сахари барвакт хатто хуб сахархури накарда
аввалин шуда у бо он суроfае ки дар коfаз
навишта будр афт. У ба устохона даромада он
устоеро ёфт ки дируз ба хонааш омада буд.
Усто уро дидан замон аз у пурсид:
-«Ту таксист Хасан хасти?»
Хатто чавоби Хасанро нашунида оби чашмони
усто чори шуданду уро ба оfуш гирифт ва
мепурсид:
- Аз барои ризои Аллоh бигу ту чи ъамал
кардаи? Ту чи ъамал кардаи? Аз барои ризои
Аллоh ба ман бигу ту чи ъамал кардаи ки инак
се шаб паси хам мешавад ки дар хоби ман
Паёмбари Худо Мухаммад (СалаЛлоhу
ъалайhи васаллам) медарояду мефармояд то
рафта чарххои мошини туро иваз кунам?.......
-
Ъибрат:
Абусаъиди Худрй (р.з) мегуяд: аз Пайғамбар
(с.а.в.с) шунидам, ки мефармуд:
«"Касе, ки маро дар хобаш бубинад, дар
ҳақиқат хоби дурусте дида аст. Зеро шайтон
наметавонад бо шаклу сурати ман дар хоби
шумо дарояд»." [Бухорй-9663]
Пас мардумоне ки ъамалхои нек доранд,
тоъату ъибодати комил доранд, хайру саховат
доранд хакикат Расули Худо (с.а.в.с)-ро дар
хоб мебинанд. Пас хакикат пайрави аз
Куръону Суннати Набави кунем ва аз
«растагорон» шавем.
Хайру саховат ба ятимакон он ъамалест ки
Худованд дар Куръони Кариму Паёмбар
(с.а.в.с) дар аходисхояш зиёду зиёд бар
мусалмонон таъкид кардаанд.
Аллоh (j.j) дар каломи поки худ мефармояд:
-«Некӣ он нест, ки рӯи худро ба ҷониби
Машриқу Мағриб кунед, балки некӯкор касест,
ки ба Худо ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва
китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва
моли худро ба он ки дӯсташ дорад, ба
хешовандону ятимон ва дармондагону
мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон
(асирон) бубахшед. Ва намоз бигзореду закот
бидиҳед. Ва низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде
мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки
дар бенавоиву беморӣ ва ба ҳангоми ҷанг
сабр мекунанд,
инҳо ростгӯён ва парҳезгоронанд». (Сураи
Тавба: 177) _
ва низ Аллоh (j.j) мефармояд:
-«Худоро парастиш кунед ва ҳеҷ чизро шарики
ӯ насозед ва ба падару модар ва хешовандону
ятимон ва…некӣ кунад» « (Сураи Нисо: 36)
ва низ Аллоh (j.j) мефармояд:
"туро аз ятимон мепурсанд бигу: ислоhи
hолашон беhтар аст ва агар бо онhо омезиш
мекунед чун бародарони шумо мебошанд.
Худованд
табоhкорро аз некукор боз мешиносад ва агар
Худо хоhад бар шумо сахт
мегирад. Албатта Худо пирузманд ва hаким
аст" (сураи бакара ояти 220)
АЗ Умар ибни Хаттоб р ривоят aст, ки
Паембар (с.а.в.с) фармудаанд:
-«ДУСТТАРИНИ ХОНА ДАР НАЗДИ ХУДО
ХОНАЕ АСТ, КИ ДАР ОН
ЯТИМЕ ГИРОМЙ БОШАД».
(Байхакй, Табаронй ВА Суюти) БО МО БОШЕД
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев