-------------------------------------------------
Ҳақназар Собир
Мафҳумҳои гуманизм( аз лотинии humanus башардӯстӣ) одамият, инсондӯстӣ, инсонгароӣ чун истилоҳҳоти фалсафию иҷтимоӣ сиёсӣ ва ахлоқӣ дар доираи фалсафа ва улуми гуманитарӣ таърифҳои зиёде дорад.
Яке аз таърифҳои фишурдатарини гуманизм аз нигоҳи илмӣ ин аст: Гуманизм руҳияи мафкуравии инсонест, ки дар меҳвари андешаҳояш майли таҳаққуқ бахшидан ба ормонҳву ниёзҳои волои инсоният, кӯшиши саодатмандии одамон қарор дорад. Агар ба гуфтаи Барбара Смоукен истинод кунем, мафҳуми гуманизм руҳиёт, андешаҳо, ҷаҳонбинӣ, кушишу талошҳои сиёсӣ, мафкуравии фард, ё гурӯҳеро ифода мекунад, ки барои таъмини саодати мардум нигаронда шудааст.1
Агар ба таври васеътар ба ин мафҳум назар биафканем, ба хулоса мерасем, ки гуманизм як низоми таърихии такомулу таҳаввулёбандаи мафкура, бинишҳо ва арзёбиҳо аз инсон аст, ки ҳуқуқи инсонро ба озодӣ, хушбахтӣ, камолот эътироф намуда, барқарор намудани нормаҳои писандидаву тасвибшудаи муносиботи байниҳамдигарии одамонро хоҳон аст.
Имрӯз маъмул шудааст, ки гуманизмро таърихан ҳамчун ҳаракати ҷамъиятию сиёсӣ ва адабию маънавии давраи Эҳё(Ренессанс) и Аврупо (асрҳои 14 16) бишиносанд.
Аммо, воқеъият ин аст, ки дар Шарқ, ба хусус дар Шарқи мусулмонӣ мафҳуми одамият кайҳо боз маълуму машҳур будаасту чандин қарнҳо чандин насли мутафаккирону аҳли адаби мусулмон сари ин масъала ибрози андеша намудаанд. Яке аз онҳо Мубораки Вахонист.
Ӯ инсонро дар чаҳорчуби таълимоти антропосентризми теологии орифона мавриди баҳс қарор дода, дар пайравӣ аз Суқрот ва ба хусус бо илҳом аз навиштаҳои Н. Хусрав роҷеъ ба мақом ва манзалати инсон дар силсиламаротиби ҳастӣ арзиши бисёр баландеро барои инсон қоил будааст.
Фикр намекунам, ки Муборак ба таври мустақим ба навиштаҳои бузургони Шарқу Ғарб чун Конфутси, Лао Стси, Зардушт, Суқрот, Протагор, Ситсерон ва ғ. ки дар мавзӯи маврии баҳси мо андешаҳои гаронбаҳое баён намудаанд, дастрасӣ дошта будааст. Вале, аз навиштаҳояш бар меояд, ки ба таври ғайримустақим аз он чӣ, ки пешгузаштагон, ба хусус фалосифаи Юнон дар ин хусус гуфтаанду нигоштаанд, хабар будаву дар кори баррасии ин мавзӯъ дар осораш, ба вижа оиди инсони комил фаровон истифода бурдааст.
Вале, ин ҳақиқатест возеҳву рушан, ки сарчашма ва илҳомбахши аслии ӯ дар ин масъала Қуръони Маҷид, аҳодиси Расули Акрам ва Аймаи Аҳли Байт будаанд. Ҳар се сарчашмаҳои ёдшуда ба инсон арҷи бузурге мегузоранд. Барои мисол мафҳуми “инсон” дар Қуръон яке аз мафҳумҳои сермуродиф ва серистеъмоле ба шумор меравад. Ҳатто, сураи махсусе дар Қуръон бо номи “Инсон” мавҷуд аст.2. Қуръон, 76:1
Қуръон инсоро бадараҷаи халифагии худо мебардорад.3.Қуръон, 2:30,
Тибқи ҳадиси қудсӣ “Лав лока ламо халақтулафлок” бошад, замину замонро худованд маҳз барои инсон офаридааст. Ва иллати ғойӣ, ё ба қавли Хаиём” Мақсуд зӣ ҷумла офариниш моем”
Дар назари Қуръон манзалати инсон ҳатто аз фаришта ҳам баландтар аст ва худованд малоикро ба саҷдаи инсон амр кардааст. 4.Қуръон, 2:34
Мисраҳои зерини муаллифи ношинос маҳз ҳамин гуфтаи қуръониро бо забони шеър баён намудааст:
Малоик дар суҷуд дар пои инсон,
Бубин эй носипос, маъвои инсон!
Муборак ҳам дар рисолаи “Тафсири ояти калом дар ҳақиқати муҷодилаи Иблис ва Одам” дар фасли аввал ин достони қуръониро бо тафсил ба риштаи назм кашида, масҷуди малоик шудани одамро аз баракати дониш медонад:
Пас малаконаш ба суҷуд омаданд,
Содиқашон сидқу вуҷуд омаданд....5. тафсири ояи калом..с 18
Дар биниши фалсафии Муборак инсон як падидаи пурарзишест, ки аз неруи илоҳӣ маншаъ мегирад ва ҷузъиёти хешро дар куллиёти илоҳӣ пурра месозад ва эъмори дунё ва охират низ ба ҳастӣ ва бузургии инсон вобастагӣ дорад. Офариниши инсон олитарин фазл ва раҳмати ҳақ бар олам аст:
Гашт аз сунъи пок чун мавҷуд,
Омад ӯ ҳамчу олам ба вуҷуд.
Чу ба шаклу шуҳуд Одам шуд,
Фазл пайдо зӣ ҳақ дар олам шуд.6
Чуноне, ки дар боло зикр шуд, Қуръон инсонро гиромӣ ва афзалулмахлуқот медонад.
“Ҳамоно гиромӣ доштем фарзанди Одамро ва саворашон кардем дар дашту дарё ва рӯзияшон додем аз покизагиҳо ва ононро аз он чӣ офаридем, чунон, ки бояд бартарӣ бахштдем” 7.(Қуръон, 17:70)
“Каррамно” ва “фаззално”, гиромидошт ва афзал шумурдани бани Одам бар аксари махлуқот, такрими инсон ва офарида шудани вай дар”нектарин андом(“аҳсануттақвим”, “аҳсану сувар”) 8.Қ,95:4, 40:64, 64:3) аз ҷумлаи он мақомот ва мартабаест, ки инсон дар Қуръон соҳиб аст.
Мубораки Вахонӣ аз ҷумлаи он нуктасанҷонест, ки мақому ҷойгоҳ ва мартабаи инсонро дар Қуръон хуб дарк ва баён кардааст:
Аҳсанулхолиқин худои ҷаҳон,
Беҳтарин хилқаташ бувад инсон
Қатратул баҳр, саҳ. 11
Ҷои дигар дар ҳамин маънӣ мегуяд:
Дило гар нотиқи бар куи маъно,
Бар асроре, ки ӯ набвад ҳувайдо.
Ҳадиси мутлақ аст ин ҷо баёнат,
Зи қавли Мустафо андар ту пайдо.
Ба тойди ҳуруфи “Ман ъараф“ хон,
Чу хоҳӣ орифи нафси ба маъно.
Бируни қоматат набвад баёне,
Малакро саҷда шуд таълим инҷо.
Чу Мансур қадри хеш дорӣ,
Ба худ дар таҳният дорӣ табарро.
Чу ту зебонигори сарвқад нест,
Агар ҷуӣ ба олам нест пайдо.9. Куллиёт, саҳ.5
Инсон донотарин махлуқи парвардигор аст:
Гуфт маъбуд Аламуласмоъ,
Донад илми замину ҳарфи само.
Кашф бар вай намуд илми ҷаҳон,
Бар вай асроре нест, набуд аён.Қатрат...саҳ.38
Ҳамаи мавҷудоти олам ва падидаҳои табиат барои бандагии одам офарида шудаву ба ӯ хизмат мекунанд:
Саргашта ба ӯ ҳам чу фалак лайлу наҳоре,
Хуршед бар ӯ моҳ камин зӣ ғулом аст.
10. Куллиёт, Саҳ. 672
Муборак бо такя ба ҳадиси қудсии “лавлока ламо халақтул афлок”, ки дар боло зикраш рафт, инсонро сабаб,самар ва хатму ниҳояти офариниш меҳисобад:
Бо чунин раҳмату карам яздон,
Хатми олам намуд дар инсон.11.Қатрат... С 11
Боз:
Аршу курсиву фаршу лавҳу қалам,
Хатм омад ба ҷумлагӣ дар одам.12. Қатрат... С. 12
Яке аз масъалаҳое, ки Муборак зимни баррасии мақом ва манзалати инсон пиромуни он дар осораш, ба вижа дар Қатрат ул баҳр изҳори андеша намудааст, масъалаи баробарии одаму олам мебошад. Вале, ин паҳлуи афкори фалсафии Муборакро рушан сохта, ёдовар шудан лозим аст, ки ӯ дар ин масъала пештоз нест. Яъне, қабл аз ӯ ҳам ин мавзӯъ предмети таҳқиқ ва баҳсу гуфтугӯи чандин донишманди мансуб ба макотиби фикрии гуногун будааст.
Маълум аст, ки дар таърихи фалсафаи бостон пайравони мактаби раввоқ (стоитстзм) аввалин шуда идеяи баробарии оламу одам (офоқу анфус) ро ба миён гузошта буданд. Инсон дар таълими раввоқиюн “дар ҳақиқат намунае аз олами акбар аст ва дунёе дар даруни худ дорад” 13. Рашшод Муҳаммад. Фалсафа аз оғози таърих.Мактаби раввоқиён. .Душанбе, 1990, саҳ. 375
Инсон воқеъан дар фалсафаи исломӣ ҳам “олами асғарест” дар муқобили офоқ, яъне “олами акбар”.
Муҳиддин Ибн ал Арабӣ яке аз намоёнтарин мутафаккирони асримиёнагии исломӣ ( 1165/1240)
Ба ин масъала эътибори махсус дода, дар таълимоти худ ба таври васеъ а доманадор доир ба он сухан меронад. Боби бузуге аз “Футуҳоти Маккия” и ӯ маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.
Дар боби зикршуда, ки “Оид ба камоли инсонӣ” ном дорад, Ибни Арабӣ менависад:” Аллоҳ инсонро чун нусхаи асиле, ки дар он идеяҳои олами кабир ба ҳам омадаанд, офаридааст” 14. Ибни Араби. Мекканские откровения. Глава о человеческом совершенстве. Санкт Петербург.1995.С. 95
Румӣ, яке аз бузургони тасаввуф инсонро ба сурат олами асғар ва ба маънӣ олами акбар меонад.
Пас ба сурат олами асғар туӣ,
Пас ба маънӣ олами акбар туӣ. 15. Румӣ.Ҷ. Маснавӣ.Дафтари чорум.Абёти 521/524)
Фикр мекунем, ки Муборак дар ин масъала маҳз бештар аз Маснавӣ баҳра ҷустааст. Вале, аз идеяҳои муаллифи “Зубдатулҳақоиқ “ Шайх Азизи Насафӣ низ муассир будани ӯ баръало маълум аст. Барои пай бурдан ба ин фақат як сар задан ба рисолаи номбурда, ки дар маҷмуаи “Панҷ рисола дар баёни Офоқ ва Анфус” шомил аст, кофист. 16. Панҷ рисола дар баёни Офоқ ва Анфус. Душанбе, Маориф, 1970.Саҳ, 93/300
Муборак дар пайравӣ аз пешгузаштагон одамро устурлоб, ё оинае медонад, ки дар он сурати олам инъикос ёфтааст:
Бузург аст оламу кучак ҷаҳон аст,
Ба олам ҳар чӣ андар...(дар нусхам асл норавшан аст)
Зӣ ҳар чӣ хилқат андар олам он аст,
Ба ҳам пайваста андар Одам он аст.
Бузург ин оламу кучак ҷаҳонест,
Чӣ суде кас, ки қадри худ надонист.
Ҷаҳоне дар бузургӣ бо чунонаш,
Ҳамегунҷад ҳақ андар миёнаш.
17.Қатрат ул баҳр,С. 8
Ҷои дигар мефармояд:
Ҳар чӣ дар олам аст,дар одам,
Кард маъбуди пок дар як дам.18 Қ. С.12
Боз:
Ҳар чӣ дар олам офарид Аллоҳ,
Андар олам якояк аст паноҳ.
Он ҷаҳон андар ин ҷаҳон гунҷад,
Ин нишон сунъи мустаъон санҷад.
19 Қатр.С. 24
Муборак инсонро ҳушдор медиҳад, ки пас ӯ бояд мутаносибан дар ҷавоби лутфу раҳмати илоҳии ба вай нозилшуда шукри худовандро ба ҷой биёрад ва ба парвардигор фармонбардор бошад.
Бо чунин раҳмату атову карам,
Парваронад худоят, эй одам.20. Қатрат...25 С. 16
Нест инсон чу носипос бувад,
Неъмати ҳақ, ки бе қиёс бувад.
21.Қатрат... С. 38
Дар назари Муборак олам бо ин бузургияш дар пеши азамати инсон ҳеҷ аст ва инсоне, ки аз шараф ва мартабаи инсонӣ ғофил аст, ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки худро инсон бишмарад:
Ҳамчу одам бузург олам нест,
Фаҳми худ кас накард,одам нест.
22.Қатрат..С.27.
Мутафаккир ба афсус таъкид мекунад, ки ҷумлае аз инсонҳо асл ва манзалату ҳадафи офарида шудан ва макони аслии худро ба буттаи фаромушӣ супурдаанд. Мн гуна ашхос ба қавли ӯ фақат ба ном одаманд:
Бар асли худ инсон сафари васл надорӣ,
Одасифатӣ рафт зӣ мо гову харонем Девон, с. 283
Яке аз паҳлуҳои дигари фалсафаи одамияти Муборак ин муносибати инсон ба инсон аст. Ин муносибат бояд дар бар асоси ахлоқи ҳамида қарор гирифта бошад. Шикастани дили инсони дигар ва мардумозорӣ шоистаи мартабаи баланде, ки инсон дорад, нест. Инсон нафақат набояд инсони дигареро озор диҳад, балки дар бархурд бо ӯ низ ба кибру ғурур роҳ надиҳад:
Захм андар дили касон ҳаргиз,
Мазан аз наштари ситезу ҷафо.
Бош хокӣ Муборак ҳамчун хок,
Кӣ шавӣ дар тариқи аҳли вафо.23. Девон, с.19
Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои ихтилоф ва сар задани ҷангу ҷидолҳо миёни башар ин таассуби мазҳабиву динӣ будаву ҳаст. Бештари бадбахтиҳои ба сари инсон дар тӯли таърих омада, маҳсули таассуб мебошанд. Ашхоси мутаасиб дар миёни пайравони тамоми мазоҳибу адён, аз ҷумла Ислом ҳамеша вуҷуд доштан ва мутаассифона ҳоло ҳам арзи ҳастӣ мекунанд. Вале, агар бо диққату мушикофона ба сарчашмаҳои ноби исломӣ назар кунем, дар меёбем, ки Ислом аз нигоҳи зоту ҷавҳар ба ҳар гуна таассуб бегона аст.
Ба унвони мисол, Қуръони Маҷид ба ваҳдати башар ва решаи муштарак доштани ҳамаи инсонҳо сарфи назар аз фарқиятҳои табақотиву нажодӣ ва динӣ қоил аст:
“ Эй мардум, мо шуморо аз як падар ва модар офаридем ва шуморо миллатҳо ва қабоили мухталиф қарор додем, то якдигарро бишиносед, ҳамоно гиромитарини шумо назди парвардигори шумо парҳезгортарини шумост” 24. Қуръон. 49:13
Пайғамбари Ислом низ ба баробарии инсонҳо дар назди Худо ишора мекунад:
“Эй мардум, Худои шумо яке аст, падари шумо яке аст, ҳамаи шумо аз насли Одам,Одам ҳам аз хок офарида шудааст....”
Илова бар ин Қуръон растагории ҳамаи динҳои тавҳидиро бидуни таассуб баён намудааст:
“Бегумон касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки яҳуд шудаанд ва собиён ва насоро ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи растохез имон орад ва кори неку кунад, бар онҳо биме аз наҷот набошад” 25.Қуръон, 5:69
Аҳли тасаввуф, ки бо таҳаммулпазирии худ машҳуранд, маҳз аз ҳамин таълимоти исломӣ пайравӣ мекунанд. Мо метавонем аз ашъори намояндагони тасаввуф мисли Ҳофизу Ҷомӣ ва ғ. оиди ин масъала фаровон мисолҳо биёрем, вале бо овардани чанд мисраъи рабтдошта аз Аёнулқуззоти Ҳамадонӣ иктифо мекунем. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳамаи мардуми имондор аслан мутааллиқи як дину кешанд, вале аз нодонӣ бо ҳам ҷадалу мубориза мекунанд:
Оташ бизанам,бисӯзам ин мазҳабу кеш,
Ишқат биниҳам ба ҷои мазҳаб дар пеш.26. Тамҳидот, Теҳрон, 1341 ҳиҷрӣ,Саҳ. 49
Яке аз бузургиҳои Муборак ин аст, ки ӯ дар пайравӣ аз суннати таҳамулпазирии исломӣ ва бузургони тасаввуф муътақид аст, ки ҳамаи динҳо сарфи назар аз гунонгун будани расму маносик ва шеваҳои ибодату дигар воситаҳои баёни имондорӣ аз нигоҳи ҷавҳар ва ҳадаф яканд. Ҳамаи паёмбарон бо ҳар забон дар ҳар замон як ҳақиқати воҳидро тарғиб мекарданд. Нур яъне ҳақиқати илоҳӣ ҳар замоне дар симои паёмбарон зуҳур мекард.
Гарат миллату дини паёмбар аст,
Ҳаме шаш паёмбар зи як гавҳар аст.
Худо гар яке асту дорӣ қабул,
Фиристод дар ҳар ҳамоне расул.
Яке дон худову паёмбар якест.
Калому китобаш саросар якест.
Дуӣ нест, гар шубҳа набвад миён,
Адоват баранд ғайриҳақ миллатон. 26.тарҷиматулбаён. нусхаи асл
Мутафаккир чун Носири Хусрав идеяи як будани мазмун ва ҳадафи кутуби илоҳиро пеш мегузорад. Ба ақидаи ӯ тафовут дар лафзу калимот аст, на дар маъно.
Яке дон Худованду дар нутқ чор,
Ҳақиқат яке ҳаст, маъно зӣ чор.
Китоби Худо нутқи яздон бувад,
Чу Таврот, Инҷилу Фурқон бувад.
Забур аст нутқи Худо ин чаҳор,
Зи кунҳияти даҳр чарху мадор...27. тарҷиматулбаён
Сари масъалаи куфру имон сухан ронда, Муборак фикри аҷиберо арз мекунад. Куфр, мегӯяд ӯ, он аст, ки паёмбари Худо ва фармони ӯро напазирӣ. Ҳар нафаре, ки таслими амри расул шуд, умеди ворид шудан ба биҳишт дорад. Биҳишт фақат инҳисори уммати Муҳаммад (с) нест.
На он аст андар ҳақиқат биҳишт,
Ки ҳақ баҳри уммати Муҳаммад сиришт.
Зӣ ҳар уммате, к ӯ баҳри суд рафт,
Паи амру фармони маъбуд рафт,
Рабуд амри маъбуду фармон гузид,
Ба ҷаннат баросуду андар мазид.
Гар уммат зи Исост фармонраво,
Зӣ фармон ситонад биҳишти Худо.28.тарҷиматулбаён
Баръакс, касе, ки узви уммати Муҳаммад (с) бошаду аз фармон сарпечӣ кунад, мардуду дузахист.
Чу гар уммате аз Муҳаммад бувад,
Вуҷудаш паи амри ҳақ рад бувад.
Худо з ӯст безору паёмбараш,
Чу Буҷаҳл, гар бошад ақрабтараш,29.тарҷиматулбаён
Муборак бо афсус менависад, ки пайравони адён аз ин ҳақиқат ғофиланду ҳамдигарро таъну лаън мекунанд ва ҳар кадоме худро ҳақу растагор дигареро ботилу ҳолик ва мустаҳақи дузах меҳисобанд.
Ба якдигар таъну лаъне кунанд,
Ки ҷангу ҷаҳолат бар саҳне кунанд.
Зи ҳар миллате бар худ қиёсанд,
Яке бар дигаре гуяд, ки куфр аст.
Зи ҳар як растагорӣ бар худ омад,
Зи роҳи ҳақ ҳамегӯяд, ки дур аст.
30.Девон, саҳ.63
Шарти расидан ба Худо маърифат аст. Ҳар ки маърифати парвардигорро ҳосил кард, вораст.
Зи ҳафтоду фирқа растагор ӯст,
Ба илму маърифат андар ҳузур аст.
31.Д. Саҳ, 63
Ӯ ашхоси мутаассибро ба зери тозиёнаи танқид кашида, онҳро сарзаниш мекунад.
Ту ба фармони ҳақ кор кун,
Кият гуфт, ки рав миллат озор кун?
Ту худ бар намеоӣ бар амру умур,
Чаро дигареро созӣ беҳузур?
32.тарҷиматулбаён
Ва даъват мекунад, ки:
Аз ин пеш дар неҳ, тиҳинат макун,
Надонӣ, дигар куфри миллат накун! 33. тарҷиматулбаён
Кофир аслан дар вуҷуди ҳар кас нуҳуфта аст, муъмини воқеъӣ он аст, ки бо кофири вуҷуди худ ҷиҳод намуда, онро аз байн бубарад.
Нашояд Муборак бади кас намуд,
Ки з аввал тавон кушт куфри вуҷуд.34.тарҷумат
Муборак бо болиданӣ ва ифтихор ёдрас мекунад, ки худи ӯ ба пайравони ҳар миллату мазҳаб эхтиром дораду ҳақашонро ба умед доштан ба наҷот эътироф мекунад. Ва хушнуд аст, ки касеро дар зиндагӣ ба хотири имону ақидааш баду носазо нагуфтааст.
Бар ҳеҷ миллате нагуфтам баде,
Худо карда бар вай, надорам ҳадде...35. тарҷумат...
Хулоса, Муборак бо беҳтарин шева ва услуб инсонро ситоиш намуда, моро даъват мекунад, ки тамоми рафтору кирдори мо бояд мутобиқ ба як меъёр бузургдошти инсон ва хадмат ба он бошад.
Фикрҳое, ки Муборак дар ин мавзуъ баён намудааст, равшанфикронаву пешқадамона буда, бештаре аз онҳо,хусусан он андешаҳояш, ки ба таҳаммулгароӣ тааллуқ доранд, имрӯз ҳам актуалӣ ва роҳи ҳалл барои масоили дар ин ҷода ҷойдошта мебошанд.
Матлаб ба вуҷуд омаданат зотшиносист.
Ҳоҷат набувад вар на, ки ҳастӣ ба ҷаҳон аст.
Шарти адаб он аст илоҳияти маъбуд,
Ҳозир шумарӣ, он ки ба асру ба замон аст.
Саҳ. 674
Саргашта ба ӯ ҳам чу фалак лайлу наҳоре,
Хуршед бар ӯ моҳ камин зӣ ғулом аст.
Саҳ. 672
Мақоми инсон
Бузург аст оламу кучак ҷаҳон аст,
Ба олам ҳар чӣ андар...
Зӣ ҳар чӣ хилқат андар олам он аст,
Ба ҳам пайваста андар Одам он аст.
Бузург ин оламу кучак ҷаҳонест,
Чӣ суде кас, ки қадри худ надонист.
Ҷаҳоне дар бузургӣ бо чунонаш,
Ҳамегунҷад ҳақ андар миёнаш.
Қатратулбаҳр С. 8
Ҷои дигар мефармояд:
Ҳар чӣ дар олам аст,дар одам,
Кард маъбуди пок дар як дам.Қ. С.12
Боз:
Ҳар чӣ дар олам офарид Аллоҳ,
Андар олам якояк аст паноҳ.
Он ҷаҳон андар ин ҷаҳон гунҷад,
Ин нишон сунъи мустаъон санҷад.
Қатр.С. 24
Дар назари Муборак олам бо ин бузургияш дар пеши азамати инсон ҳеҷ аст ва инсоне, ки аз шараф ва мартабаи инсонӣ ғофил аст, ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки худро инсон бишмарад:
Ҳамчу одам бузург олам нест,
Фаҳми худ кас накард,одам нест.
Қатрат..С.27.
Муборак инсонро ҳушдор медиҳад, ки пас ӯ бояд мутаносибан дар ҷавоби лутфу раҳмати илоҳии ба вай нозилшуда шукри худовандро ба ҷой биёрад ва ба парвардигор фармонбардор бошад.
Бо чунин раҳмату атову карам,
Парваронад худоят, эй одам.Қатрат... С. 16
Нест инсон чу носипос бувад,
Неъмати ҳақ, ки бе қиёс бувад.
С. 38
Яке аз паҳлуҳои дигари фалсафаи одамияти Муборак ин муносибати инсон ба инсон аст. Ин муносибат бояд дар бар асоси ахлоқи ҳамида қарор гирифта бошад. Шикастани дили инсони дигар ва мардумозорӣ шоистаи мартабаи баланде, ки инсон дорад, нест. Инсон набояд инсони дигареро озор диҳад, балки дар бархурд бо ӯ ба кибру ғурур роҳ надиҳад: Захм андар дили касон ҳаргиз,
Мазан аз наштари ситезу ҷафо.
Бош хокӣ Муборак ҳамчун хок,
Кӣ шавӣ дар тариқи аҳли вафо. Девон, с.19
Аҳсанулхолиқин худои ҷаҳон,
Беҳтарин хилқаташ бувад инсон
Қатратул баҳр, саҳ. 11
Мо ба ғалат дарси малак кардаем. Хеш абас ҷои фалак кардаем. Тафсири оёти калом с 8
Пас малаконаш ба суҷуд омаданд. Содиқашон сидқу суҷуд омаданд. Тафсмрм оёти калом с 18
Бо чунин раҳмату карам яздон,
Хатми олам намуд дар инсон. С 11
Аршу курсиву фаршу лавҳу қалам,
Хатм омад ба ҷумлагӣ дар одам. С. 12
Ҳар чӣ дар олам аст,дар одам,
Кард маъбуди пок дар як дам. С.12
Бо чунин раҳмату атову карам,
Парваронад худоят, эй одам. С. 16
Назарияи маърифат:
Зӣ ибтидо дар саёҳати дил шав,
Дар сафо ҳамчу об бар гил шавю с.17
Мар яке нафас магар ҷиҳод кунӣ,
Навсҳоро тамом ба бод кунӣ.с 17
Гар саранҷомат аз риёзат нест,
Паи аҳду вафо гар одат нест,
Зӣ худӣ нестат тиҳӣ гар дил,
Натавон роҳ ёфт аз ин манзил.
То сафо дил нагардадат зӣ ғубор,
Менабинӣ ба хеш сурати ёр
С. 18
Фасли панҷум: Дар баёни он, ки ҳар чӣ дар олам аст, дар одам аст ва ҳар чӣ одам аст, дар олам аст.
Ҳар чӣ дар олам офарид Аллоҳ,
Андар олам якояк аст паноҳ.
Он ҷаҳон андар ин ҷаҳон гунҷад,
Ин нишон сунъи мустаъон санҷад.
С. 24
Олами зеру олами боло,
Ҷумла андар ту сохт ҳақ пайдо.
Ҳам дари дузаху биҳишт туӣ,
Ҳар ду андар масал сиришт туӣ.
Майл гар бар уруҷи болоӣ,
Ба яқин дар паноҳи мавлоӣ.
Гар ба зери ба хислат андар хуй,
Мутлақан кардаӣ ба дузах руй.
С.26
Ҳамчу одам бузург олам нест,
Фаҳми худ кас накард,одам нест.
С.27.
Гуфт маъбуд Аламуласмоъ,
Донад илми замину ҳарфи само.
Кашф бар вай намуд илми ҷаҳон,
Бар вай арсроре нест, набуд аён.
Нест инсон чу носипос бувад,
Неъмати ҳақ, ки бе қиёс бувад.
С. 38
Й
Қурбати кирдигор дорад ранҷ,
Он, ки дар ҷустан аст, ёбад ганҷ.
С.39
Марди толиб мисоли ғаввос аст,
Ба шино ҳамчу Хизру Илёс аст.
К у з ин баҳр даркашад марҷон,
Ку бад ӯ дар нисор бахшад ҷон.
С. 41
Васл ҷуз тинати вафо набуад,
Қалб ҷуз аз вафо саво набувад.
Зӣ сафои қулуб ҳосил сохт,
Дил ба маъбуди пок моил сохт.
С.55
Нагардӣ гар паи атои худо,
Нестӣ пас қарини аҳду вафо,
Гар бар ин чор хислат омад кас,
Баҳрро қатра дошт майли ҳавас.
Чунки бо нафсу сабру аҳду вафо,
Содиқ омад намуд ҳар якро.
Ҳар яке з ин чаҳор оина дор,
Менамояд сурати дилдор.
С. 36
Садаф аст одаму вуҷуд гуҳар
Гар ҳақиқат дар ӯ расӣ ба назар
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев