Оё медонед, заноне, ки зинати худро нишон медиҳанд ва худнамоӣ мекунанд ва бадҳиҷоб ҳастанд, чӣ гуноҳе доранд?
Онҳо аҳли оташ ҳастанд!
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) мефармоянд:
"Ду гуруҳи дузахӣ ҳастанд, ки ман онҳоро надидам.
Гуруҳи якум:
Мардуме, ки ба дастҳояшон шалоқҳои ҳамонанди думи гов аст ва мардумро бо он шалоқҳо мезананд".
Гуруҳи дувум:
Заноне, ки бо вуҷуди пушидан, лухт ва урёнанд (яъне либосҳояшон чунон танг аст, ки баданҳояшон мисли луч метобад), дигаронро ба суйи хеш мутамоил месозанд, дар ҳоле, ки худашон низ ба онҳо тамоул доранд.
Муҳои сарашон мисли куҳони хамидаи уштур аст (кубанка), онҳо ҳаргиз ба Биҳишт дохил намешаванд ва ҳеҷ вақт буи Биҳишт ба машомашон намерасад, бо вуҷуди ин ки буи Биҳишт дар масофаи чунин ва чунон ба машом мерасад ва дар охират бараҳна ва урёнанд.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) мефармоянд:
"Чи бисёр заноне ҳастанд, ки дар дунё зоҳиран либос пушидаанд, аммо дар охират урён хоҳанд буд.
Онҳо заноне ҳастанд, ки дар дунё либосҳои нозук ва танг мепушиданд, то ки исмҳои онҳо маълум мешуд.
Бараҳнагӣ ва худнамоӣ, аз кирдори занҳои аҳли ҷоҳилият аст.
Худованд мефармояд:
«Зоҳир нашавед ҳамчун даврони ҷоҳилиятӣ. Ва он занон лаънатшуда ва дур аз раҳмати Худо мебошанд».
Аз Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ривоят аст, ки заноне, ки дар зоҳир либос доранд, аммо дар воқеъ урёнанд, муҳои сарашон ба монанди куҳони каҷи шутур аст, онҳо малъун ва мавриди нафрати Худо ҳастанд ва онҳо занони зинокоранд.
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) мефармоянд:
"Ҳаргоҳ зане худро муаттар намояд, (дар худ атр бизанад) ва аз пеши мардум бигузарад, то буи атраш ба онҳо бирасад, пас он зан зино кардааст".
Ва Худованд Намози он занро қабул намекунад.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) мефармоянд:
"Ҳар зане худро муаттар намояд ва ба суи масҷид биравад, Намози у қабул нест, то инки ғусл кунад (буи атрро аз худ дур кунад)".
Ва Паёмбари Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) мефармоянд:
"Ҳар зане либосашро дар ғайри хонаи шавҳараш берун оварад, бешубҳа, ки пардаи байни худ ва Худояшро пора кардааст".
Ва Худованд занҳои мусалмонро амр карда мефармояд:
«Ва дар хонаҳои худ бимонед ва ҳамчун даврони ҷоҳилияти (дар миёни мардум) зоҳир нашавед».
Ва Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) мефармоянд:
"Занонро аз рафтан ба суи масҷидҳои Худованд манъ накунед ва ҳангоми баромадан, бояд бидуни атру хушбуӣ ба масҷид бираванд, аммо дар айни ҳол хонаҳояшон барояшон беҳтар аст".
Пас хоҳари азиз!
Агар ту даъвои мусалмонӣ дорӣ, аз фармонҳои Парвардигорат итоат кун, то
шойстаи раҳмати Худо гардӣ ва аз ҷумлаи занони дузахӣ нашавӣ ва албатта ҳиҷоби шаръӣ, иззат ва шарафи ҳар як зани мусалмон аст, пас иззат ва шарафи худро зери пой макун ва тақлид аз занони бараҳна ва аз либосҳои нозуку танг макун, ки ба лаънат ва ғазаби Худо гирифтор мешавӣ.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев