Муҳаббати дунё аз ҷумлаи бузургтарини гуноҳон ба шумор рафта, фақат бо дӯст доштани молу ҷоҳ маҳдуд намегардад, балки қисматҳо ва шӯъбаҳои зиёде дорад.
Ба ибораи дигар ҳар чизе ба ҷуз илму маърифат ва озодие, ки дар дунё аз он баҳраманд мешавӣ ва марг туро аз он ҷудо месозад, аз умури дунявӣ ба шумор меояд ва чизҳое, ки баъд аз марг бо худ мебарӣ аз умури ухравӣ маҳсубанд ва аҳли басират аз онҳо лаззат мебаранд.
Чунонки Худои Таъоло мефармояд:
«Мо чизҳоеро, ки бар рӯйи замин аст, зевари он қарор додаем, то башарро озмоиш кунем, ки кадом яке аз эшон некӯкортаранд».
(Сураи Каҳф: ояти 7).
Дар ҷойи дигар Худованд дар мавриди бебандубории башар дар зиндагии дунёӣ ва сармасти он шудан мефармояд:
«Зиндагии дунё фақат бозича ва саргармӣ ва зевару фахр кардан бар якдигар ва изҳори фузунӣ дар амволу фарзандон аст, монанди бороне, ки дар асари он наботот рӯида бошад ва сабаби шигифтӣ ва шодии куфор гардад ва пас аз он офате бар наботот ворид шавад ва ҳамаро хушк кунад ва зарду нобуд шуда ба назар бирасанд ва асаре аз онҳо боқӣ намонад ва дар сарои охират ҳам азоби сахте вуҷуд дорад ва ҳам омурзишу хушнудии Худо ва зиндагии дунё ҷуз сармояи фиреб хӯрдан чизе нест».
Сифатҳое, ки дар ин оят зикр шудаанд, сифатҳои зиндагии дунёст ва тамоми авсофе, ки мумкин аст дар ботини инсон вуҷуд дошта бошад ва мӯҷиби ҳалокаш шавад, монанди найрангу ҳасад ва такаббурию риёкорӣ, дурӯягиву фахрфурӯшӣ, молдӯстӣ ва дигар чизҳо дар зимни ин оят фаҳмида мешавад ва ботини ҳаёти дунё низ ҳамин авсофи ботин аст.
Аммо василаи ба даст овардани дунё пешаҳо ва касбҳоест, ки мардум ба он машғуланд ва дар ислоҳу беҳбудаш мекушанд ва тавре дар онҳо ғарқа гаштаанд, ки ҳатто худро фаромӯш карда, оғозу анҷом ва мабдау маоди хешро аз ёд бурдаанд.
Алоқаи қалбии эшон фақат мутаваҷҷеҳи ба даст овардани мол сарф мешавад.
Ин аст ҳақиқати дунёе, ки муҳаббаташ дар аввали тамоми хатоҳо қарор гирифтааст.
Ҳарчанд дунё ба манзури ба даст овардани тӯшаи охират офарида шуда бошад ҳам, вале бисёрии шуғлҳову гом бардоштан аз пайи ҳавову ҳавасҳо моро аз фикри охират дур медорад ва ёди онро аз хотири мо мебарад.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармудаанд:
«Дунё ва ҳарчи дар он аст малъунанд, магар чизе ки барои Худо бошад».
«Дунё ширин ва сарсабз аст ва Худо шуморо дар он ҷойнишини якдигар кардааст ва назорат мекунад, ки чигуна амал мекунед». «Бисёр ҷойи тааҷҷуб аст, касе, ки сарои охиратро бовар мекунад, чигуна барои сарои ғурур мекӯшад?».
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев