-----------------------------
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар ҳама азобҳову машақатҳое, ки аз қавмаш медид, сабр мекарду аҷру савобашро аз Худованд талаб мекард ва саҳобаҳояшро амр кард, ки аз ҷавру зулми мушрикон ба сӯи Ҳабаша ҳиҷрат кунанд.
Ибни Исҳоқ мегуяд:
Чун амаки Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) Абутолиб аз дунё гузашт, Курайш Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро чунон озору шиканҷа доданд, ки дар ҳаёташ чунин озору шиканҷаро надида буд.
Абунуъайм аз Абуҳурайра (Р.а.) ривоят мекунад, ки гуфт:
Чун Абутолиб аз дунё даргузашт, мушрикон чунон бо Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) турушрӯӣ карданд, ки Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) гуфт:
«Эй амакам, аз даст додани ту, чи қадар тез ба сарам омад».
Ва дар Саҳеҳ Бухориву Муслим омадааст, ки:
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) Намоз мехонд ва дар наздикиаш ишкамбаи ҳайвоне буд, Уқба ибни Абимуъйт он ишкамбаро гирифта ҳангоми саҷдаи Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) бар болои пушташ андохт.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) аз ҷояш хеста натавонист, то ин ки ҳазрати Фотима (Р.а.) омаду ишкамбаро аз пушти паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) гирифту ба дур андохт.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) вақте сарашро бардошт, гуфт: «Парвардигоро, Қурайшро ба Ту супурдам».
Ва дар ривояти дигари Бухорӣ омадааст, ки Уқба ибни Абумуъйат куртаашро дар гардани Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) андохту ӯро бо шиддат ба тарафи худаш кашид, то ки ҳазрати Абубакр (Р.а.) омаду Уқбаро як тараф тела доду гуфт:
Оё мардеро мекушед, ки мегуяд, Худоям Аллоҳ аст?
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Бародарону апаҳову хоҳарон ман дар як мушкилии бузург гирифторам Дуо кунед ки Аллоҳ Таъоло ин мушкилиямро бартараф кунаду ҳамааш хуб шавад