1. Аз Абӯҳурайра (Р.а.) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
«Намози ҷамоъат аз Намози хона ва Намози дар бозор дида, бисту панҷ дараҷа фазилати бештар дорад.
Агар касе аз шумо таҳорат кунад ва таҳораташро комил карда, ба масҷид ояд ва ғарази дигаре ҷуз Намоз хондан надошта бошад, дар ҳар қадаме, ки бармедорад, Худованд як дараҷа мартабаашро баланд мекунад ва яке аз гуноҳони сағираашро мебахшад, то ин ки ба масҷид бирасад ва чун ба масҷид дохил гардад, дар ҳолати Намоз хондан маҳсуб мегардад ва то вақте, ки дар ҷойи Намози худ қарор дорад, малоикае барои ӯ дуъо карда мегӯяд:
Илоҳо, гуноҳонашро биёмурз.
Илоҳо, бар ӯ раҳмат кун ва ин кор то вақте, ки бе таҳорат (таҳораташ бишиканад) нашавад, идома меёбад». (Имом Бухорӣ)
------------------------------
2. Аз Абӯҳурайра (Р.а.) ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
«Агар мардум медонистанд, ки дар Азон додан ва Намоз хондан дар саффи аввал чи фазилатест, агар чораи дигаре ҷуз қуръакашӣ наёбанд, бар сари он қуръакашӣ хоҳанд кард ва агар медонистанд, ки дар Намози Пешин чи қадар савоб аст, дар омадани он аз якдигар сабқат меҷустанд.
Ва агар медонистанд, ки дар Намози Хуфтан ва Самози Субҳ чи қадар хайр ва баракат аст ва агар ба таври хазида ҳам мебуд, ҳатман ба он ҳозир мешуданд».
(Имом Бухорӣ)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6
Муҳаммадро,
Ба дида кард сурма, гарди гесуи Муҳаммадро.
Хами меҳроби олам шуд бино, аз токи абруяш,
Ҳама ру оварданд токи абруи Муҳаммадро.
Дар ин гулшан, зи ишқаш, ҳамчу булбул дар фиғон омад,
Гирифт андар машоми ҷони касе, буйи
Муҳаммадро.
Зи мо "зоғалбасар" бишнав сифат, аз чашми шаҳлояш,
Назар андар сураи "Вал-лайл" кун муйи Муҳаммадро.
"Музаммил" бо кабо васфи қиёму сулси лайли у,
Қиёми лайл, дард овард, зонуи Муҳаммадро.
Ба хулқи хуш фуру афканд, фарқи саркашон охир,
Худо додаст он ширинии хуъи Муҳаммадро.
Барои сайди ин ваҳшидилон омода суҳбатҳо,
Ҷаҳон шайдосифат шуд базми дилҷуи Муҳаммадро.
Ҳама олам шуда сероб, аз ҷуи мусулмонӣ,
Бинушад аҳли олам, то ҷазо, ҷуи Муҳаммадро.
Бинолад ин Ҷунунӣ, то дами мурдан, аз ин ҳасрат,
Накарда тавф муҳри байни бозуи Муҳаммадро.
(Мавлавӣ Ҷунунӣ)