Боре Мусо Алайҳиссалом ёди марг намуда аз Аллоҳи Мутаъол пурсид:
- Илоҳо! Барои чи одамиро халқ намудаи- чун рузе онҳоро ба марг ру ба ру хоҳи кард?
Дар ҷавоб Аллоҳи Мутаъол ба Мусо Алайҳиссалом фармуд то гандум бикорад ва онро нигоҳубин намояду обьёри намояд. Мусо Алайҳиссалом аз паи амал шуд, замин ҷуфт карду гандум корид. Сипас гандумро обёри намуд то ҳосили нек ба даст орад.
Замоне, ки гандум пухта расид Мусо Алайҳиссалом онро дарав карду аз паи куфтани он шуд.
Он гоҳ Аллоҳи Мутаъол аз у пурсид:
- Ба чи коре банд асти ё Мусо!
- Илоҳо! Ман гандумро дарав кардааму акнун мехоҳам онро куфта донаҳоро аз хасу хошок тоза намоям!- ҷавоб гуфт ҳазрати Мусо Алайҳиссалом.
- Ин амали ту ҷавоби он саволи додаи туст ё Мусо! Чун Марг ба ҳамин ҷамъ оварии ҳосил монанд аст. Чуноне, ки ту гандумро аз хасу хошок тоза менамои –марг хам одамони обиду некрафторро аз бадкорону мутакаббирону беХудоён ҷудо хоҳад кард!- фармуд Аллоҳи Мутаъол.
Ҳар яки одами барои марг фикру гумонҳои мухталиф шояд доранд- аммо ҳақиқат яке аст ва он дигар намешавад. Аллоҳи Мутаъол дар каломаш моро огоҳу хабардор месозад ки:
- 1) «Бузургвору бобаракат Худованде, ки фармонравой ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност,
2) он ки маргу зиндагиро биёфарид, то биёзмоядатон, ки кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст ва Ӯ-ст ғолибу бахшоянда!
Сураи аль Мулк, ояҳои 1,2.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9
Некӯкорӣ он нест, ки рӯи худро ба тарафи машриқу мағриб мутаваҷҷеҳ кунед; валекин некӯкорӣ он аст, ки кас Худо ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва Китоб ва пайғамбаронро бовар дорад; ва молро – бо вуҷуди онро дӯст доштанаш – ба хешовандон ва ятимон ва фақирон ва мусофирон ва суолкунандагон бидиҳад ва дар боби бардаҳо(Яъне: дар озод ё халос кардани бандагон) [харҷ кунад]; ва намозро барпо дорад; ва закотро бидиҳад; ва чун аҳд кунанд, ба аҳди хеш вафокунандагон; ва дар тангдастию сахтӣ ва ба вақти корзор сабркунандагон; инҳо ростгӯёнанд ва ҳам инҳо парҳезгоронанд.
(Бақара-177)
СУБХИ ШОХИ РУЗХО ЧУМЪАИ ОДИНАРО БАРОЯТОН МУБОРАКБОД МЕГУЯМ, .БИГУЗОР БАРАКОТИ АЛЛОХ, ДАР ХОНАДОНАТОН АРЗОНИ, ВАТАНИ АЗИЗАМОН ТИНЧУ ОСУДА ВА СУЛХ ДАР ТАМОМИ РУИ ДУНЁ ЧОВИДОНУ ПОЙДОР БОШАД.
Рахмати худованд бар шумо
- Чи гуна дар чунин вазъе шоди мекуни?
Ғулом гуфт:
- Ман ғуломи арбобе ҳастам, ки галлаи зиёд дорад ва то вақтеки барои у кор мекунам, рузии маро медиҳад, пас чаро ғамгин бошам вақтеки ба у эътимод дорам?
Ориф мегуяд: Аз худам шарм кардам, ки як ғулом ба арбобе ки ҳамаги чанд гусфанд дорад, таваккал кардааст ва ғам ба дил роҳ намедиҳад ва ман Худое дорам, ки молики тамоми дунё аст, аммо нигарони рузии худ ҳастам.