Ё ХУД НАСИҲАТИ ПАДАР БА ПИСАРИ АРҶУМАНД.
ВАЗИФАҲОИ МАРД ДАР НАЗДИ ЗАН НАСИҲАТХОИ ПАДАР БА ФАРЗАНД.
Қисми 5
НИКОҲАШОН РАВО НЕСТ.
Писари азизам!
Алҳамдулиллоҳ, ки мо мусалмонаем. Лозим аст бар мо дар ҷабҳаи зиндагӣ ба асру наҳсиҳои Худованд амал намоем. Баръкас мусалмонони мо дар куҷо мемонад. Чихеле, ин ки дунёамон боло дорад, поён низ дорад. Ҳама корҳоямон дар Қиёмат хисобу китоб карда мешавад. Инро харгиз аз ёд набарор! Дар ҳар хусус аз хатти кашидаи ХУДО набаро. Дар хусуси никоҳ низ.
Дар Ислом бо маҳрамон ( Модар, биби, духтар, хоҳхар, амма, хола, духтарони бародар ва хохар, яъне ҷиянхо, зани писар яъне калини модарарус, хамшир, модаре, ки шир дода бошад, духтарони модар ширдода) қатъиян ва абадиян норовост.
Ғайр аз инхо ба дигарон яъне бо номаҳрамон никоҳ халол мебошад.
НИКОХ.
ПИСАРАМ! Ҳеҷ вакт ба занхои номаҳрам дар танхои якҷо намон. Ин холат ба гунози кабира рох мекушояд. Хеҷ як ин гунохро сабук намекунад. Вақто , ки як мард ва як зан танхо монад саввумашон шайтон онхоро ба гунох мебарад.
Ба якчо будан факат никохи шаръи иҷозат медихад.
Тавсияи ХУДО хамин аст.
Ҳатто ба духтаре, ки ба ту фотиха карда бошанд, хам то никох хонда нашавад дар хилват монданатон ҳаром аст. Эхтимоли махлут шудани ҳамром. Ба пойдевори бинои макаддаси оила мебошад. Чунки дар он вақт ба эхтироси чавонӣ инхоро мулохиза хам намекунед.
МУОМИЛАИ РАСМӢ.
Гӯш кун писарам! Никохе, дар муассисахои давлати мекунанд - ин муомилаи расмист. Дар давлете иқомат куниву ба қонунҳошя итоат накуни айби калон аст. Аммо ин никох ба ҷои никохи шаръи намегузарад. Никоҳи шаръи кардан шарт аст. Баъди никохи шаръӣ ба зуди туй мекунанд, яъне туйро ба кафо намепартоянд. Баъзе чавонони мо бирабин зану шу мешавем гуфта фотиха мехонаду туй накарда, аз лаззати ҷавонӣ чашида мегарданд. Ногоҳ аз байнашон хунукие мегузараду ҷудо мешаванд. Тарафи духтар хайрону мухтар, тарафи чавон бехаловат. Духтар -ним бева ним духтар ҷавон ним муҷаррад.......... Дар ин аҳвол асосан барои духтар мушкил чунки у на духтар асту на беве.....
Чихел, ки дар боло гуфтем, танхо мондан дар хилват бо номахрам ин баробари зиндагӣ кардан аст. Бо духтарон танхо мондан ба ту харчанд ҷозибанок ва завқовар тобад хам худатро аз ин холат боз дор. Ҳатто ин ки ба ин хол писар ё тарафи духтар таклиф кунанд хам. Мохоияти ин корро онхо низ надонистанашон мумкин. Арӯсе баъди никох хонаи домад рафта истода <<ё насиб>> гуфта будааст. Баъзехоро <<хозирашба фотиха кунем, баъди як -ду сол никох мекунем>> гуфтанашон бағоят хавфнок аст. Агар духтареро гирифтани бошанд аввал дар борааш мепурсад, баъд хостгор мефиристанд. Аммо ба <<фотихадорон >> на хостгор равон мекунанду на дар бораашон мепурсанд.
Тасаввур кун бачам, ҷавоне ба хохари <<туро мегирам>> гуён бо у дар хилватхо танхо монад ( ХУДО паноҳ дихад) , аммо дере нагузашта <<муносибатамон рост наомад, оила барпо карда наметавонем>> гуяду партофта равад -холамон чи мешавад?
Он чизе ки ба худат равон намебини, ба дигарон низ равон набин!
Дар хақи бандаи пур аз исён дуоро фаромӯш насозед.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
------------------------------
Абуҳурайра (Р.а.) ривоят мекунад, ки ду мард дар назди Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) атса заданд, ки яке аз дигаре бообру ва шарофатманд буд.
Он шахси шарифу бообруманд атса заду ҳамди Худоро нагуфт.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ҷавоби атсаашро надод.
Дуввум шахси атса зада Худоро ҳамд гуфт.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ҷавоби атсаашро дод.
Марди шариф гуфт:
Эй Паёмбари Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам), назди шумо атса задам, ҷавоби атсаамро надодед?
Ва он кас атса зад, шумо ҷавоби атсаашро додед, чаро?
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) гуфтанд: «Ба таҳқиқ, у Худоро ёд кард, пас уро ёд кардам ва шумо Худоро фаромуш кардед, пас шуморо фаромуш кардам».