Суннат аст ки кушодани рӯза ба чанд донаи хурмои тоқ анҷом биёбад. Агар хурмо пайдо нашуд, бо об.
Аз Анас ибни Молик {разиаллоҳу анҳу} нақл шудааст ки гуфт:
ﻋَﻦْ ﺃَﻧَﺲِ ﺑْﻦِ ﻣَﺎﻟِﻚٍ ﻗَﺎﻝَ « ﻛَﺎﻥَ ﺭَﺳُﻮﻝُ ﺍﻟﻠَّﻪِ - ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ - ﻳُﻔْﻄِﺮُ ﻋَﻠَﻰ ﺭُﻃَﺒَﺎﺕٍ ﻗَﺒْﻞَ ﺃَﻥْ ﻳُﺼَﻠِّﻰَ ﻓَﺈِﻥْ ﻟَﻢْ ﺗَﻜُﻦْ ﺭُﻃَﺒَﺎﺕٌ ﻓَﻌَﻠَﻰ ﺗَﻤَﺮَﺍﺕٍ ﻓَﺈِﻥْ ﻟَﻢْ ﺗَﻜُﻦْ ﺣَﺴَﺎ ﺣَﺴَﻮَﺍﺕٍ ﻣِﻦْ ﻣَﺎﺀٍ ».
"Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} пеш аз он ки намоз мехонд, бо хурмои тар рӯзаи худро мекушоид. Агар хурмои тар намебуд бо хурмои хушк. Агар хурмои хуш намебуд, об менӯшид".
[Абудовуд: 2358, Тирмизӣ: 700, Ҳоким: 1576].
Аз Салмон ибни Омир ривоят шудааст ки паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} гуфт:
ﻋَﻦْ ﺳَﻠْﻤَﺎﻥَ ﺑْﻦِ ﻋَﺎﻣِﺮٍ ﻗَﺎﻝَ ﻗَﺎﻝَ ﺭَﺳُﻮﻝُ ﺍﻟﻠَّﻪِ - ﺻﻠﻰ ﺍﻟﻠﻪ ﻋﻠﻴﻪ ﻭﺳﻠﻢ - : « ﺇِﺫَﺍ ﻛَﺎﻥَ ﺃَﺣَﺪُﻛُﻢْ ﺻَﺎﺋِﻤًﺎ ﻓَﻠْﻴُﻔْﻄِﺮْ ﻋَﻠَﻰ ﺍﻟﺘَّﻤْﺮِ ، ﻓَﺈِﻥْ ﻟَﻢْ ﻳَﺠِﺪِ ﺍﻟﺘَّﻤْﺮَ ﻓَﻌَﻠَﻰ ﺍﻟْﻤَﺎﺀِ ﻓَﺈِﻥَّ ﺍﻟْﻤَﺎﺀَ ﻃَﻬُﻮﺭٌ ».
"Ҳар вақт касе аз шумо рӯза бошад, рӯзаи худро бо хурмо бикушояд агар хурмо пайдо накард, бо об. Зеро об пок ва поккунанда аст".
[Абудовуд: 2357, Тирмизӣ: 699, Байҳақӣ: 8386, Ҳоким: 1576].
Аз ҳадисҳо чунин бармеояд, ки мустаҳаб ва суннат аст ки пеш аз намози шом рӯзадор рӯзаашро бикушояд ва чун намози шом хонда шавад, таъом бихурад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3