Омилҳои нафсонӣ таъсири бузурге дар робитаи зану шавҳар доранд ва шавҳаре, ки барои хурдтарин сабаб ба ғазаб омада асабонӣ мешавад хушиҳои оиладорӣ ва саодати онро аз байн мебарад.
Дини мубини Ислом барои нигоҳдошти саломатии худ ва саломатии дигарон моро таълим додааст, ки чӣ гуна бояд асаби худро идора кунем ва ғазабамонро пушонем ва корҳоро бо ҳикмат анҷом диҳем.
Дар зиндагӣ ҳатман зану шавҳар бо коре ё мушкилие рў ба рў мешаванд, ки онҳоро асабонӣ мекунад, хусусан шавҳарро. Пас оё шавҳар аз нафси худ дар ҳолати ғазаб пайравӣ кунад ё ғазабашро фурў бурда, асаби худро идора кунад?!
Гоҳо шавҳар дар ҳолати ғазаб кореро анҷом медиҳад ва баъд аз он сахт пушаймон мешавад ва пушаймонӣ суде надорад. Шавҳар бояд фармудаи Худовандро, ки сифати парҳезгоронро зикр намуда, онҳоро мадҳ намудааст, ба ёд орад:
Сухани Худо:
«Он касон, ки дар осоиш ва сахтӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурў мебаранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накўкоронро дўст дорад». Сураи Оли Имрон, ояти 134.
Акнун мову шумо бояд фикр кунем, ки то кадом андоза ғазаби худро фурў бурда метавонем ва ҳангоми қудрат доштан дигаронро мебахшем. Шавҳар бояд донад, ки ин сифатҳо бо тадбиру тафаккур ба даст меояд. Ҳеҷ инсон бо чунин сифат аз модар ба дунё намеояд, лекин бо гузашти вақту замон мешавад, ки сифатеро ба даст оред, ки қаблан дар шумо вуҷуд надошт.
Тавре ки илм бо омўзиш ба даст меояд, сабру ҳилм ва дигар сифатҳои некў низ бо омўхтан ҳосил мешаванд. Таҳқиқот ва омўзишҳое, ки мутахассисон дар маҷоли (атроф) издивоҷ ва оила анҷом додаанд, нишон медиҳад, ки зуд асабонӣ шудан дар муҳити оила хатари калон дошта, сабаби вайрон шудани бисёре аз оилаҳо мегардад.
Омўзиши Терман яке аз таҳқиқоте ба шумор меравад, ки бисёр фарох ва амиқ мебошад. Ў дар ин омўзиш таъсири омилҳои нафсонӣ бар саодати оиладориро ҷуё шуда, ба ҷустуҷўи ихтилофот байни 300 оилае, ки дараҷаи саодатмандии онҳо олӣ будааст, пардохта баъд аз он ба ҷустуҷўи 150 ҳолате оғоз кард, ки нишондодҳои онҳо камтар ҳастанд. Ў чунин мулоҳизае намуд, ки зану шавҳар дар ҳолати нофаҳмиҳову норасоиҳо дорои чунин сифатҳову амалкардҳо буданд: монанди зуд асабонӣ шудан, танқиди ғайрисозанда, майл ба ҳукмронӣ намудан ва аз байн бурдани низому тартибот. Инчунин муҳаққиқ «Терман» ба чунин хулосае омадааст, ки саодати оиладорӣ ва истиқрору оромиши виҷдон байни ҳам ба дараҷаи хеле калон робита доранд.
Аз китоби «Оила ва мушкилоти он»-и доктор Маҳмуд Ҳасан.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев