Баъд аз се соли нубувват Худованди азза ва чалла паёмбарашро амр кард, ки даъваташро ошкор намояд ва бар озору азияти мушрикон сабр кунад. Асхоби Паёмбар (с) хар ваќте намоз хондани мешуданд, ба гўшае аз канорахои Макка рафта, аз мушрикон пинхони намоз мехонданд.
Рўзе Саъд ибни Абуваќќос (р) хамрохи як нафар аз сахобагон дар гўшае аз гўшахои Макка намоз мехонданд, ки ногох чамъоате аз мушрикони Макка расида омаданд ва ба тахќиру истехзои онхо шурўъ карданд. Ба ин хам ќонеъ нашуда, аз пайи зарбу лати онхо шуданд. Саъд (р) барои химояи хамрохаш далерона аз чой бархост ва устухони партофташудаи уштурро гирифта, марде аз мушриконро зада мачрўх кард. Ин аввалин хуне буд, ки бахри химояи Ислом резонида шуд.
хамчунин озору азияти мушрикон барои Паёмбар (с) ва асхобашон муддати тўлони боќи монд. Саъд (р) низ сабрро пеша карда, насибаи худро аз озору азият ва ќахтию гуруснаги тахаммул мекард.
Боре шабона Саъд (р) барои ќазои хочат берун баромад. Дар он хангом хис кард, ки чизе дар зери пояш садо мебарорад. Саъд (р) он чизро аз замин гирифта дид, ки пораи пўсти уштур аст. Онро шуста дар оташ сўхт, сипас онро байни ду санг гузошта онро орд кард. Сипас каме орди онро ба дахон партофта, аз болояш об нўшид. хамин тавр се рўз хўрокаш хамин орди аз пўсти уштур буд.
хангоме ки Паёмбар (с) бо мушрикон гуфтушунид мекард ва хамрохаш шаш сахоба бо шумули Саъд (р) буд, мушрикон ба Паёмбар (с) гуфтанд:
- Инхоро аз наздат бирон. Инхо чуръати бо мо даст боло кардан надоранд. Дар хамин лахзахо Худованд ба Расулаш ояти муборакро нозил кард:
ﻭَﻻَ ﺗَﻄْﺮُﺩِ ﺍﻟَّﺬِﻳﻦَ ﻳَﺪْﻋُﻮﻥَ ﺭَﺑَّﻬُﻢ ﺑِﺎﻟْﻐَﺪَﺍﺓِ ﻭَﺍﻟْﻌَﺸِﻲِّ ﻳُﺮِﻳﺪُﻭﻥَ ﻭَﺟْﻬَﻪُ ﻣَﺎ ﻋَﻠَﻴْﻚَ ﻣِﻦْ ﺣِﺴَﺎﺑِﻬِﻢ ﻣِّﻦ ﺷَﻲْﺀٍ ﻭَﻣَﺎ ﻣِﻦْ ﺣِﺴَﺎﺑِﻚَ ﻋَﻠَﻴْﻬِﻢ ﻣِّﻦ ﺷَﻲْﺀٍ ﻓَﺘَﻄْﺮُﺩَﻫُﻢْ ﻓَﺘَﻜُﻮﻥَ ﻣِﻦَ ﺍﻟﻈَّﺎﻟِﻤِﻴﻦَ
Сухани Худо:
«Касонеро, ки хар бомдод ва шабонгох Парвардигори хешро мехонанд ва хостори хушнудии Ў хастанд, аз назди худ дур макун. На чизе аз хисоби онхо бар ўхдаи туст ва на чизе аз хисоби ту бар ўхдаи онхо. Агар онхоро дур куни, дар зумраи ситамкорон дарои».
Дере нагузашта Худованд ба Паёмбар (с) ва мусалмонон ичозати хичратро дод. Саъд ибни Абуваќќос (р) хамрохи бародараш Умайр (р) пеш аз ќудуми Паёмбар (с) ба Мадина хичрат карданд ва дар манзили Утба фуруд омаданд.
Ваќте ки Паёмбар (с) ба Мадина ќадам ранча карданд, байни Саъд ибни Абуваќќос (р) ва Саъд ибни Муъози ансори бародархондаги эълон намуданд. Пеш аз хичрат бошад, Саъд ибни Абуваќќос (р) бо Мусъаб ибни Умайр паймони бародархондаги доштанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев