Инсони самоядоре дар шаҳре зиндагӣ мекард аммо ба ҳечкасе як танга ҳам кӯмак намекард
фарзанде ҳам надошт ва танҳо бо ҳамсараш зиндаги мекард ва дар муқобил қассобе дар он шаҳр ба ниёзмандону тангдастон гушти ройгон (бепул) медод рӯз ба рӯз нафрати мардум аз ин шахси сармоядор бештар мешуд, мардум ҳарчи ӯро
насиҳат мекарданд, ки ин молҳоятро барои чӣ касе ҷамаъ менамой!!?
Дар ҷавоб мегуфт: Ҳоҷати шумо ба ман ҳеч рабте надорад, рафта аз ҳамон қассоб бигиред.
Рузе ҳамон шахси сарватманд бемор шуд ва ҳечкасе ба иёдати ӯ нарафт ва дар ниҳояти танҳой ҷон дод ва ҳечкасе ҳозир нашуд, ки ба ташйиъи ҷанозаи ӯ
биравад ҳамсараш ба танҳой ӯро дафн кард аммо аз фардои он рӯз иттифоқи аҷибе дар шаҳр рухдод дигар қассоб ба касе гӯшти ройгон надод!!
К,ассоб гуфт: Касе ки пули гуштро медод
дируз аз дунё рафт!!
Бале бародарон!!
Набояд ба зудӣ қазоват кунем ва аз асли масъала бехабар ба каске гумони бад барем.
Садақаи сирри афзал ва беҳтар аст аз садақае ки намоён бошад. Дар ҳадисе омада аст, ки Паёмбар (с)
фармуданд: Ҳафт гуна одамоне мебошанд дар рӯзи қиёмат, ки Аллоҳи зулҷалол
онҳоро дар саяи аршаш нигоҳ медорад яке
аз ҳамонҳо шахсест, ки онгунае пинҳонӣ садақа мекунад, ки дасти чапаш аз
садақаи дасти росташ хабардор намешавад". (Бухорӣ ва Муслим).
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5