Гаҳе дар ҳолати пастам,
Гаҳе бо ғусса пайвастам,
Худовандо,бигир дастам.
Гаҳе доро, гаҳе нодор,
Гаҳе чун гул, гаҳе чун хор,
Гаҳе солим, гаҳе бемор,
Худовандо,бигир дастам.
Гаҳе дар зери боронам,
Гаҳе раҳдури пазмонам,
Гаҳе омад ба лаб,ҷонам,
Худовандо,бигир дастам.
Бихобид модарам бар хок,
Дили модар,чунон буд,пок,
Намудам синайи худ чок,
Худовандо,бигир дастам.
Биёям аз сафар,модар,
Намебинам ба пеши дар,
Занам остонаро бар сар,
Худовандо,бигир дастам.
Ту Розиқи, Ту Раҳмони,
Ту ҳоли зори ман, дони,
Раҳо кун, аз парешони,
Худовандо,бигир дастам.
Сафеди мезанад мӯям,
Faми дилро ба ки гӯям?
Ба оби дидаам шӯям,
Худовандо,бигир дастам.
Ҳамеша дар азобам,ман,
Ҳамеша дилкабобам,ман,
Даме роҳат нахобам,ман,
Худовандо,бигир дастам.
Назар кун чеҳраи зардам,
Зи сар то пойи худ, дардам,
Вале мардона мегардам,
Худовандо,бигир дастам.
Надорам такягоҳ, ҷуз Ту,
Ягон пушту паноҳ, ҷуз Ту,
Ягон ҳамроҳи роҳ, ҷуз Ту,
Худовандо,бигир дастам.
Надорам бе Ту ман рӯъё,
Забонамро,намо гӯё,
Дар-ин дунёву, он дунё,
Худовандо,бигир дастам.
Чу Маҳкампур,ҷигарпора,
Шуда дилрешу, овора,
Туро ман мекунам зора,
Худовандо,бигир дастам.
Jamshedi Mahkampur!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев