Рӯзе набуд, ки он наврас бо касе ҷангу дашном накунад. Дар охир барои тарбият ёфтан писарро назди пири рӯзгордидае бурд, то тарбияти фарзандашро ҳамчу устод қабул кунад.
Дар рӯзи аввал устод ба шогирд як каф мехро дод ва гуфт:
Ҳар бадие, ки ба мардум мекунӣ баробараш якто аз ин мехҳо ба ана ҳамин сутун бикуб. Ҳаракат кун, то мехкубиат кам шавад.
Дар рӯзи аввал шогирди душвортарбия 18 мех ба сутун куфт. Рӯзҳо мегузаштанд, то рафт мехкубӣ кам мешуд. Ниҳоят рӯзе расид, ки ҳоҷат ба мехкубӣ намонд. Ва шогирд аз ин ҳол устодро бохабар кард.
- Хело хуб, - гуфт устод - акнун бирав ҳамаи мехҳои куфтаатро баркану маро фарёд бикун. Шогирд чунин кард. Устод ба назди сутун омада, изҳои баҷомондаи мехҳоро ба шогирд нишон дод ва гуфт:
Ту хело хуб кӯшиш кардӣ, то ки дигар ва сутун мех накубӣ, ва ба ин мақсадат ҳам расидӣ. Акнун бубин, ки мехҳоро гирифта бошӣ ҳам, аммо изи он барҷо мондааст. Бадӣ ҳам ҳамин аст, пас аз ин кирдор ҳазорҳо бахшиш бипурсӣ ҳам захми он дар дили кас як умр мемонад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев